Тамошои пойгаҳи аспдавонӣ дар Қатар

Пас аз мулоқот Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои тамошои якҷояи мусобиқаи ниҳоии Ҷашнвораи аспдавонӣ ба тамошогоҳи майдони васеи хоси ин бозиҳо даъват намуданд. Суҳбати самимии сарони ду давлат ҳангоми тамошои пойгаҳи аспдавонӣ идома ёфт. Тавре зикр гардид, ин намуди варзиш дар миёни мардумони араб, […]
Мулоқот бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Қатар, шаҳри Давҳа, ки бо сафари кории якрӯза ташриф оварданд, нахуст бо Амири давлат Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ мулоқот намуд. Зимни вохӯрӣ, ки дар ҳошияи мусобиқаи ниҳоии Ҷашнвораи аспдавонӣ барои Ҷоми Амири Қатар баргузор гардид, масоили вобаста ба равобити дӯстӣ ва рушди ҳамкории бисёрҷанбаи ду […]
Оғози сафари корӣ дар Давлати Қатар

17 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Давҳа меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтирому самимияти хос Вазири варзиш ва ҷавонони Қатар Шайх Ҳамад ибн Аҳмад Оли Сонӣ ва дигар шахсони […]
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

16 феврали соли 2024 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумат баргузор шуд, ки дар кори он натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар моҳи январи соли 2024 баррасӣ шуд. Тавре дар суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, бо вуҷуди вазъи мураккаби […]
Густариши ҳамкориҳо дар самти сайёҳӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон

Санаи 15 феврали соли 2024 мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Алиризо Ҳақиқиён баргузор гардид. Зимни суҳбат маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Эрон вобаста ба имкониятҳои сайёҳии тарафайн ва рушду ҳамкориҳо дар ин соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бо қаноатманди раиси Кумитаи […]
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва саноатӣ дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон

Имруз дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва саноатӣ, ки аз 12 – 15 феврали соли 2024 баргузор мегардад ҳусни оғоз бахшида шуд. Дар чорабинии болозир ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Салимзода Зиёдулло раҳбарӣ намуда, дар якҷоягӣ бо кормандони дастгоҳи марказии Кумита ва ширкатҳои сайёҳии кишвар гушаи сайёҳии […]
НИШАСТИ МАТБУОТӢ

12 феврали соли 2024 Имрӯз Нишасти матбуотии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2023 баргузор гардид. Нахуст раис Кумита вобаста ба натиҷагирии фаъолият дар соли 2024 ва корҳои анҷомдодашуда, баромад ва суханронӣ намуда, ба ҳозири маълумотҳои муфассал пешниҳод намуд. Қайд гардид, ки Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии […]
ТАҚВИМ: имрӯз 10 феврал, шанбе, 41-умин рӯзи соли 2024 аст

10 феврали соли 2009 дар Белгия Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи иқтисодии Белгия — Люксембург оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ба имзо расид. *** 10 феврали соли 2010 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд» таъсис дода […]
Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳам Алиев

8 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳам Алиев барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: «Муҳтарам Илҳам Ҳейдарович, Шуморо дар робита ба пирӯзии эътимодбахшатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон сидқан табрик мегӯям. Лутфан, таманниёти беҳтарини маро ба ин муносибат қабул […]
ТАҚВИМ: имрӯз 8 феврал, панҷшанбе, 39-умин рӯзи соли 2024 аст

8 феврали соли 1931 маросими ботантанаи ифтитоҳи пойтахти нави Ҳиндустон – Ню-Деҳлӣ баргузор гардид. *** 8 феврали соли 2013 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Русия созишнома ба имзо расид. *** 8 феврали соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими бошукуҳи ифтитоҳи Бозиҳои 22-юми зимистонаи […]









