Сарфарозгардонӣ бо ордени “Дуслик”-и Ҷумҳурии Тотористон

Дар шаҳри Қазон зимни як маросими бошукӯҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Рустам Минниханов бо мукофоти олӣ-ордени “Дуслик” (Дӯстӣ) сарфароз гардонда шуд. Тибқи Фармони Раиси Ҷумҳурии Тотористон, ордени “Дуслик” (Дӯстӣ) ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми барҷастаашон дар рушди ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Тотористон ва […]
Мулоқоту музокироти Тоҷикистону Тотористон

22 феврал дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия мулоқоту музокироти ҳайатҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тотористон баргузор шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот ба Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов барои пазироии самимӣ изҳори сипос карда, ба сатҳи баргузории мусобиқаи байналмилалии омехтаи “Бозиҳои оянда” баҳои баланд доданд. Таъкид гардид, ки Федератсияи Русия […]
Иштирок дар маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои байналмилалии “Бозиҳои оянда”

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсия Русия муҳтарам Владимир Путин, дигар сарони давлатҳо ва меҳмонони сершумори воломақом дар шаҳри Қазон дар маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои байналмилалии омехтаи “Бозиҳои оянда”, ки дар маҷмааи намоишии “Казан ЭКСПО” аз 21 феврал то 3 марти соли равон баргузор мегарданд, иштирок намуданд. Тавре иттилоъ дода шуд, иштирокдорони ин […]
Мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

21 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, ҳамчунин масоили алоҳидаи байналмилалию минтақавӣ баррасӣ шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз аз имкони […]
Оғози сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия

21 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Қазон меҳмони олиқадр – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони расмии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тотористон самимона истиқбол гирифтанд. Дар назар аст, ки зимни сафар Президенти мамлакат […]
21 Феврал Рузи умумиҷаҳонии роҳбаладон

Имрӯз нақши роҳбаладонро одамони бомаърифат иҷро мекунанд, ки аксар вақт ҳатто дараҷаи илмӣ доранд Ҳамасола 21 феврал дар бисёре аз шаҳрҳои ҷаҳон, бахусус шаҳрҳое, ки марказҳои сайёҳӣ ҳастанд, Рӯзи байналмилалии роҳбаладонро ҷашн мегиранд. Ин ҷашн аз ҷониби Федератсияи умумиҷаҳонии ассотсиатсияҳои роҳбаладон (WFTGA) барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи аҳамият ва кори роҳбаладон таъсис дода […]
Сафари корӣ ба шаҳри Қазони Федератсияи Русия

21 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми боздиди корӣ ба шаҳри Қазони Федератсияи Русия сафар намуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони […]
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ барои рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо

Ҷаласаи якуми Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат муҳтарам Дилрабо Мансурӣ барои рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкили назорату корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо санаи 22 феврали соли 2024 соати 14:00 дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони гурӯҳҳои кории доимамалкунанда дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва вазорату идораҳо баргузор мегардад. […]
Шарҳи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026»
Соҳаи ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, сол то сол рушд ёфта истодааст. Ҷиҳати рушд ва роҳандозии омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардиданд. Бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 бо […]
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонбарои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣдар солҳои 2024-2026Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо мақсади иҷрои банди 30 Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2020, №570 тасдиқ шудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р мекунад:1. […]









