Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар 27-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва сайёҳати минтақаи шарқии баҳри Миёназамин (EMITT)

Дар ҳошияи ҷаласаи 3-юми Комиссияи муштараки техникӣ оид ба ҳамкориҳои сайёҳӣ байни Тоҷикистону Туркия ҳайати Тоҷикистон дар 27-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва сайёҳати минтақаи шарқии баҳри Миёназамин (EMITT) ширкат варзид. Зимни ташрифи EMITT ҳайати кишвар бо роҳбарияти Ассотсиатсияи ширкатҳои сайёҳӣ (TÜRSAB), Иттиҳоди сармоягузорони соҳаи сайёҳӣ (TTYD), Ширкати ҳавойпаймоии Туркия (Turkish Airlines) ва дигар ташкилотҳои тиҷоратию […]

Таъиноти кадрӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъингардидаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои муовини […]

Сайри ёдгориҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ, Қалъаи Қум ва Гардани Ҳисор таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмононро дар бораи таърихи тоҷикон меафзояд

Аз нуқтаи назари таърихи башарӣ ва ватанӣ ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон шаҳодатдиҳандаи бисёр ҳаводиси таърихӣ мебошанд, ки дар олами илм ва талқини муҳимтарин паҳлуҳои таърих назир надоранд. Яке аз муҳимтарин саҳифаи таърихи аҷдодони халқи тоҷик – ин замони мавҷудияти маданияти суғдӣ мебошад, ки ранго-рангӣ ва омезиши фарҳангии он аз ҳунари воло, заковату сарватманӣ, ҳунари тиҷорат, […]

Хабари сайёҳӣ аз ҷаҳон: Будапештро беҳтарин макони сайёҳӣ дар соли 2024 эълон намуданд

Маҷаллаи байналмилалии сайёҳии Conde Nast Traveler 10 январи соли 2024 гузориш дод, ки шаҳри Будапешти Маҷористон беҳтарин макони сайёҳии ҷаҳон дар соли 2024 дониста шуд. Пойтахти Маҷористон дар раддабандии самтҳои сайёҳӣ, ки соли 2024 машщур хощанд буд, ҷои аввалро касб намуд. Ба феҳрист на танҳо кишварҳои Аврупо, балки кишварҳои дигари ҷаҳон низ шомил шудаанд. Дар […]

Ҷаласаи 3-юми Комиссияи муштараки техникӣ оид ба ҳамкориҳои сайёҳӣ байни Тоҷикистону Туркия

Санаи 6 феврали соли 2024 дар шаҳри Истанбули Туркия Ҷаласаи 3-юми Комиссияи муштараки техникӣ оид ба ҳамкориҳои сайёҳӣ байни Тоҷикистону Туркия таҳти роҳбарии муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Салимзода ва муовини Вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Туркия Надир Алпаслан баргузор гардид. Зимни ҷаласа ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои сайёҳии Тоҷикистону Туркия […]

ҚАҲ-ҚАҲА ДАР БАДАХШОН. Ин қалъа дар замони империяи Кӯшониён- давраи рушду шукуфоии Роҳи Бузурги Абрешим бунёд шудааст

Қалъаи Қаҳ-қаҳа яке аз ёдгориҳои қадимаи таърихию фарҳангӣ ва овозадор дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст, ки ҳамасола барои тамошои он аз гӯшаю канори дунё ҷаҳонгардон ба ин макони баландкӯҳ меоянд. Ин ёдгории беназири бостонӣ ба асри 2 пеш аз мелод мансуб мебошад, яъне даврае, ки ҳаракати қабилаҳои сакҳои кӯчманчӣ ба Помир оғоз […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев мулоқот намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев, ки бо сафари расмӣ ба кишвари мо ташриф овардааст, мулоқот намуданд. Зимни суҳбат маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва дурнамои рушди он мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин замина Сарвари давлати мо, аз […]

ТАҚВИМ: имрӯз 3 феврал, шанбе, 34-умин рӯзи соли 2024 астТАҚВИМ:

Дар ин рӯзи соли 2005 дар наздикии шаҳри Кобули Афғонистон ҳавопаймои «Boeing 737» ба садама дучор шуда, 104 нафар ба ҳалокат расид. *** 3 феврали соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар саммити ғайринавбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Созмони иқтисодии АвруОсиё ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар намуданд. *** […]

ҶОМИ ОСИЁ-2023. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар ин мусобиқа ба таври арзанда иштирок намуд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар даври 1/4-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 аз тими милли  Урдун мағлуб шуда, иштирокашро дар ин мусобиқа ба анҷом расонид, хабар медиҳад .  Бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии Давҳа баргузор шуда, бо ҳисоби 0:1 анҷом ёфт. Боиси таззакур аст, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид […]

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис додани гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ барои рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо

1. Бо мақсади самаранок ба роҳ мондани корҳо дар самти рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ таъсис дода шавад (замима мегардад).2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо роҳбарии яке аз муовинони раис аз ҳисоби роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, […]