Раисҷумҳури Эрон аз гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон дар Теҳрон дидан кард
Дар ҳошияи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Теҳрон – Tehran International Tourism and Related Industries Exhibition (TITE), ки 11-14 феврали соли 2025 дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегардад, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён аз ғурфаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, оид ба этҳироми хосса доштанашон ба Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон […]
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Теҳрон иштирок дорад
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 18-уми байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Теҳрон (Tehran International tourism and Related Industries Exhibition (TITE) иштирок дорад. Дар намоишгоҳ гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардида, дар он имконоти сайёҳии мамлакат муаррифӣ карда мешаванд. Дар ҳошияи чорабинӣ вохӯрии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода бо Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва […]
Имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи «BORSA INTERNAZIONALE DEL TURISMO» муаррифӣ гардид
Аз 9 то 11 феврал дар шаҳри Милани Италия Намоишгоҳи 45-уми байналмилалии сайёҳии «Borsa Internazionale del Turismo» баргузор гардид, ки дар он имконияти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид. Дар доираи ин намоишгоҳ вохӯриҳои В2С ва В2В ташкил гардида, масъалаи рушди фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ, зеҳни сунъӣ, ҷалби мутахассисон ва рақамикунонӣ дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ карда шуд. Дар ин намоишгоҳ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, […]
МУЛОҚОТИ МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ КУМИТА БО САФИРИ БОЛИВАРИИ ВЕНЕСУЭЛА
Рӯзи 4 феврали соли 2025 дар бинои Кумита мулоқоти муовини якуми раиси Кумита – Холматиён Рустам бо Сафири Боливарии Венесуэла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар шаҳри Боку) Кристофер Мартинес Берротеран баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ муовини якуми раиси Кумита Рустам Холматиён оид ба мавҷудияти имкониятҳои фаровони сайёҳӣ, хусусан сайёҳии экологӣ, солимгардонӣ, кишоварзӣ ва шикор […]
Доир ба татбиқи «Ҷадвали тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2025» ҷаласа баргузор шуд
Рӯзи 4 феврали соли 2025 дар бинои Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷиҳати иҷрои банди 13 амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025, ки аз 2 январи соли 2025, №713 тасдиқ гардидааст, бо иштироки Раиси Кумита Ҷумъахонзода Ҷамшед ва муовини […]
МУАРРИФИИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НАМОИШГОҲИ “PAKISTAN TRAVEL MART 2025”
Имкониятҳои сайёҳии кишвар дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии “Pakistan Travel Mart 2025”, ки аз 31 январ то 2 феврали соли 2025 дар шаҳри Қарочии Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор мегардад, муаррифӣ карда шуд. Дар чорабинии мазкур ҳайати кишвар бо роҳбарии Раиси Кумита Ҷумъахонзода Ҷамшед, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони агрегатори ширкатҳои сайёҳӣ ТУР ТҶ ва […]
Аз моҳи март «Сомон Эйр» парвозҳоро дар масири Душанбе-Теҳрон-Душанбе зиёд менамояд
Шуруъ аз 5 марти соли 2025 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро дар масири Душанбе — Теҳрон — Душанбе ҳафтае ду маротиба — рӯзҳои душанбе ва чоршанбе анҷом медиҳад. Ин иқдом марҳилаи нави рушди робитаҳои сайёҳӣ ва тиҷоратӣ байни ду давлат арёзбӣ мегардад. Зиёд намудани шумораи парвозҳо имкон медиҳад, ки сафарҳо дар ин масир дастрас ва […]
«Тоҷик Эйр» тасмим гирифтааст, ки парвозҳои дохилиро аз Душанбе ба самтҳои Ванҷ, Рашт ва Лахш роҳандозӣ намояд
Ширкати ҳавопаймои «Тоҷик Эйр» тасмим гирифтааст, ки соли 2025 ҷуғрофиёи парвозҳои маҳаллиро тақвият дода, дар масири Душанбе-Ванҷ-Душанбе, Душанбе-Рашт-Душанбе, Душанбе-Лахш-Душанбе парвозҳои ҳавоиро фаъол гардонад. Гуфта шуд, ки соли 2024 ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар масири Душанбе –Хоруғ –Душанбе, Душанбе –Кӯлоб –Душанбе ва Душанбе –Панҷакент –Душанбе парвозҳоро тавассути ҳавопаймои АН-28 (ЕУ-28736) амалӣ намуд. Танҳо давоми қариб чор […]
Соли 2025 Тоҷикистон нақша дорад, ки ба Бритониё, Маҷористон, Кипр, Кореяи Ҷанубӣ, Миср ва Арабистони Саудӣ парвозҳо роҳандозӣ кунад
Соли 2025 Тоҷикистон нақша дорад, ки ба Бритониё, Маҷористон, Кипр, Кореяи Ҷанубӣ, инчунин ба Миср ва Арабистони Саудӣ парвозҳо роҳандозӣ кунад. Илова бар ин, барои сафар кардан ба Бритониё тариқи парвози транзитии Душанбе-Тифлис-Лондон ба нақша гирифта шудааст. Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон мегӯяд, ки дар марҳилаи аввал парвозҳо ҳафтае як маротиба анҷом дода мешаванд.
Хатсайрҳои сайёҳии «САЙРИ САДА» 1 феврал ройгон ташкил мешаванд
1 феврал бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои меҳмонон ва сокинони пойтахт хатсайрҳои сайёҳии «Сайри Сада» ба таври ройгон ташкил карда мешаванд. Дар доираи хатсайри сайёҳии «Сайри Сада» роҳбаладон бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ таъмин гардида, доир ба имконоти сайёҳии шаҳри Душанбе ва моҳияти ҷашни Сада маълумоти мушаххас пешниҳод менамоянд. Вазорату […]