Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
08:36, May 19, 2024
temperature icon 18°C
Humidity 68 %
Pressure 1017 mb
Wind 9 mph
Wind Gust: 0 mph

Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030

                                                                   Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «1» августи соли 2018,
№372 тасдиқ шудааст

СТРАТЕГИЯИ
РУШДИ САЙЁҲӢ ДАР ҶУМҲУРИИ
ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

  1. Соҳаи сайёҳӣ дар замони муосир яке аз самтҳои сердаромадтарини иқтисодиёти ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар таъмини шуғл ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, танзими шароити мусоид барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва такмили сиёсати давлатии идоракунии соҳа аз ҷумлаи афзалиятҳои муҳими сиёсати иқтисодию иҷтимоии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
  2. Стратегияи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (минбаъд – стратегия) ҳадаф, вазифа ва самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи сайёҳии кишварро барои давраи то соли 2030 муайян намуда, омили ташаккули нақшаҳо ва роҳнамои ташаббусҳои соҳибкории шаҳрвандон дар соҳаи сайёҳии кишвар ба ҳисоб меравад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда сол аз сол ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ зиёд гардида истодааст. Дар баробари ин, бояд қайд намуд, ки захираҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ба таври зарурӣ ва мувофиқ ба меъёрҳои муосиру байналмилалии сайёҳӣ истифода нагардида, шароити мусоид барои сайёҳон ба таври кофӣ муҳайё карда нашудааст. Аз ин рӯ, мақсад аз он иборат аст, ки ислоҳот дар ин соҳа идома ёфта, саҳми соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ба таври назаррас баланд бардошта шавад.
  3. Дар стратегия мавҷудияти мероси бойи таърихию фарҳангии Тоҷикистон, табиати нодири он бо кӯлҳо, ҳайвоноту растаниҳои нодир, инчунин кӯҳҳои баланд омили асосии рушди сайёҳии кишвар эътироф шудааст. Барои рушди ин соҳа дар кишвар заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, як силсила чораҳои ҳавасмандкунӣ низ амалӣ гардидаанд. Аз ҷумла, якчанд минтақаҳои байналмилалии сайёҳӣ ташкил карда шуда, меҳмонхонаҳо ва марказҳои тиҷоратии ба талаботи муосир ҷавобгӯ сохта, ба истифодаи умум пешниҳод карда шуданд.

БОБИ 2. ВАЗЪИ КУНУНИИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

  1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими ҳуқуқии соҳаи сайёҳӣ бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм», «Дар бораи сайёҳии дохилӣ», Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020, Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 ва дигар барномаҳои соҳавии рушд ба роҳ монда шудааст.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди сайёҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, имкониятҳои сайёҳии таърихию фарҳангӣ, қуллаҳои баланди кӯҳӣ, обҳои мусаффову шифобахш ва табиати нотакрори худро барои ҷалби бештари сайёҳон истифода бурда истодааст.
  3. Айни замон, ҳиссаи Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳии ҷаҳонӣ кофӣ нест. Соли 2017 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 430992 сайёҳ ташриф овард, ки нисбат ба соли 2016 86019 нафар ё ба андозаи 25,3 фоиз зиёд мебошад.
  4. Баъди ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон низоми сустинкишофёфтаи соҳаи сайёҳиро ба мерос гирифт, ки он ба талаботи иқтисоди бозорӣ ҷавобгӯ набуд. Дар баробари вуҷуд доштани омилҳои ба рушди сайёҳӣ мусоидаткунанда, дар минтақаҳои ҷумҳурӣ боз як қатор мушкилоте ҷой доранд, ки барои инкишофи ин соҳа халал мерасонанд. Аз байн бурдани ин мушкилот ва беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, пайдо намудани бозорҳои нави ҷаҳонӣ ва ҷалби бештари сайёҳон ба болоравии иқтисодӣ ва сатҳи некуаҳволии мардум такони ҷиддӣ мебахшад.
  5. Ҷиҳати пайдо намудани роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷудаи соҳаи сайёҳӣ, аз таҷрибаи ҷаҳонӣ маълум мегардад, ки барои ҷалб намудани сармоя ба соҳаи сайёҳӣ давлат аввалан самтҳои афзалиятноки онро муайян карда, ба он имтиёзҳо ҷудо менамояд. Инчунин зарур аст, ки дар марҳилаи аввал давлат бахши хусусиро барои сармоягузорӣ ҳавасманд гардонида, барои обод намудани мавзеъҳои сайёҳӣ заминаҳои зарурии иқтисодӣ ва ҳуқуқиро таъмин намояд. Пас аз гузаштани фосилаи муайяни вақт (аз 3-5 сол) онҳо ба манбаи муҳими воридоти асъори хориҷӣ табдил хоҳанд ёфт.
  6. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳои муҳими андозию гумрукиро ба рушди соҳаи сайёҳӣ фароҳам овардааст. Аз ҷумла, ширкатҳои сайёҳӣ дар тӯли панҷ соли аввали фаъолияти худ аз андоз аз фоида озод карда шуда, воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти сайёҳӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуданд. Инчунин боҷи гумрукӣ ба автомашинаҳои нав 50 фоиз коҳиш дода шуд.
  7. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2018, №189 рӯйхати иншооти сайёҳие, ки барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд, тасдиқ гардид. Ба рӯйхати мазкур иншооти зерини сайёҳӣ ворид карда шудаанд:
Номгӯйи иншоот
1.Меҳмонхонаҳо, аз ҷумла меҳмонхонаҳои махсус (хурд, гестҳаус, ҳостел)
2.Осоишгоҳҳои табобатӣ, истироҳатгоҳҳо, фароғатгоҳҳо
3.Марказҳои хизматрасонии маҷмӯии сайёҳӣ (маҷмааи сайёҳӣ)
4.Нуқтаҳои хизматрасонии маҷмӯии сарироҳӣ (мотел)
5.Боғҳои фарҳангию фароғатӣ
6.Мавзеъҳои фарҳангию таърихӣ ва динӣ (осорхонаҳо, зиёратгоҳҳо, иншооти таърихӣ)
7.Инфрасохтори моҳигирӣ ва шикор бо мақсади сайёҳӣ
8.Тарабхонаҳои дорои бренди байналмилалӣ
9.Марказҳои истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ
10.Пойгоҳҳои махсуси мутобиқгардонии минтақаҳои баландкӯҳ барои сайёҳон
11.Маҷмааи сайёҳию лижаронӣ
12.Марказҳои омӯзишӣ барои кӯҳнавардӣ, лижаронӣ, роҳбаладӣ
  1. Мутобиқи қарори мазкур ва рӯйхати тасдиқгардида, номгӯй ва миқдори таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонии воридшаванда тибқи тартиби муқарраргардида дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ пешниҳод гардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. Бо қабули қарори мазкур, механизми пурра ва мушаххаси амалисозии имтиёзҳои андозию гумрукӣ барои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ муайян карда шуд.
  2. Дар баробари ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар интихоби «корти муаррифкунанда»-и сайёҳӣ аз таҷрибаҳои Анталияи Туркия ва Иссиқкӯли Қирғизистон бо дар назар доштани бозоргир кардани чунин маҳсулоти сайёҳӣ бояд васеъ истифода бурда шавад. Дар робита бо ин, шаҳрҳои Норак ва Панҷакент, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон метавонанд ба сифати «корти муаррификунанда»-и Тоҷикистон интихоб карда шаванд. Инчунин ҷиҳати рушди сайёҳии экологӣ ва шикор мамнуъгоҳи навташкили «Хуталон» дар ноҳияи Данғара ва рушди сайёҳии саноатӣ дар заминаи минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» пешниҳод карда мешавад.
  3. Агар самти афзалиятноки соҳаи сайёҳӣ нодуруст интихоб карда шавад, рушди сайёҳӣ метавонад натиҷаи дилхоҳ надиҳад. Самтҳои афзалиятноки соҳаи сайёҳӣ барои Тоҷикистон сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, саёҳати сайругаштӣ, таърихию фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор ба шумор мераванд. Барои рушди навъҳои қайдгардидаи сайёҳӣ, захираҳои бузурги он дар ҷумҳурӣ имконият медиҳад. Қуллаҳои баланд, аз ҷумла қуллаи Исмоили Сомонӣ бо баландии 7495 м. аз сатҳи баҳр ва манзараҳои кӯҳистоне, ки дар он ҷо чаҳор фасли солро мушоҳида кардан мумкин аст, обҳои шифобахшу шаффоф, иншооти санаторию курортӣ, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуданд. Яъне, аз нуқтаи назари иқтисодӣ, бо пешниҳод кардани чунин маҷмӯи хизматрасонӣ бозори сайёҳии Тоҷикистон метавонад ба сайёҳон маҳсулоти сайёҳиеро пешниҳод намояд, ки дар он рақобат вуҷуд надорад. Танҳо зарур аст, ки ин хизматрасонӣ бо сифати баланд ва нархи дастрас ба сайёҳон пешниҳод карда шавад.
  4. Бо амалисозии сиёсати хирадмандона ва пайгиронаи «дарҳои кушод»-и роҳбарияти давлат ва Ҳукумат, Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ гашта, ба ҳамгироии соҳаи сайёҳии кишвар ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ заминаи воқеӣ фароҳам оварда шуд.
  5. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ бо як қатор кишварҳои олам созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расонидааст.
  6. Дар Тоҷикистон низоми соддакардашудаи раводид барои шаҳрвандони 112 кишвари ҷаҳон ва низоми электронии раводид ҷорӣ гардида, шабакаи ягонаи электронӣ ба кор андохта шудааст.
  7. Дар ин радиф, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои сайёҳии мамлакат зиёд гардида, симои кишвар ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ боз ҳам устувор гардид.
  8. Ҳамзамон, роҳандозии тартиби электронии дастрас намудани раводид ва реҷаи бераводид бо 12 кишвари ҷаҳон, фаъолияти зиёда аз 100 ширкати сайёҳӣ, сохтмон ва таҷдиду азнавсозии як қатор инфрасохтори сайёҳӣ, барои воридшавии ҷумҳурӣ ба бозорҳои ҷаҳонии сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳон заминаи мусоид гузошта истодаанд.
  9. Фаъолияти 4 фурудгоҳи байналмилалӣ, 2 ширкати миллии ҳавопаймоӣ, 3 меҳмонхонаи бренди байналмилалии панҷситорадор, зиёда аз 70 иншооти санаториву курортӣ ва зиёда аз 160 меҳмонхона, як қатор марказҳои иттилоотии сайёҳӣ боиси таҳким ёфтани заминаҳои инфрасохтории соҳа гардиданд.
  10. Дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон эълон шудани ҷумҳурӣ, ба 10 роҳи зеботарини дунё шомил намудани шоҳроҳи Помир, ба ҳайси даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона эътироф шудани пойтахти Ватанамон – шаҳри Душанбе, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарин аз рӯи сайёҳии пиёдагардӣ ва саргузаштӣ шомил шудани Тоҷикистон ва ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми соддаи пешниҳоди раводид ворид шудани ҷумҳурӣ, шаҳодати дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шудани соҳаи сайёҳии Тоҷикистон мебошад.
  11. Қобили қайд аст, ки соҳаи сайёҳӣ ҷойҳои кории навро ба вуҷуд меорад, зеро таъмини меҳмондорӣ кори меҳнатталаб ба ҳисоб меравад. Ин, пеш аз ҳама, ҷойҳои кории нав барои аҳолии маҳаллӣ мебошад. Чунин ҷойҳои корӣ дар ҳама сатҳи фаъолияти меҳнатӣ, аз директори иҷроияи шабакаи меҳмонхонаҳо сар карда то пешхизмат, сарнишини ширкати ҳавопаймоӣ ва роҳбалади кӯҳӣ ташкил карда мешаванд.
  12. Инчунин хусусиятҳои сайёҳӣ ин соҳаро ба яке аз соҳаҳои беҳтарин барои оғози фаъолияти нави соҳибкорӣ табдил медиҳанд. Талабот ба сармоя дар соҳаи сайёҳӣ метавонад на он қадар зиёд бошад, аммо имкониятҳои соҳа бениҳоят васеъ мебошанд. Ҳар нафари ташаббускор метавонад фаъолияти соҳибкории худро дар соҳаи сайёҳӣ оғоз намояд. Ҷойҳои кориро дар маҳалҳо таъсис диҳад, ки аксаран воситаи ягонаи бартараф намудани тарки ҷои муқимии зист аз тарафи ҷавонон бо мақсади ҷустуҷӯи кор дар хориҷи кишвар ба ҳисоб меравад.
  13. Рушди сайёҳӣ аз шароити табиӣ ва муҳити атроф вобаста буда, фарҳанги миллӣ, урфу одат, хӯрокҳо ва нӯшокиҳои миллӣ, таърих ва осори фарҳангиро дар бар гирифта, заминаи асосии рушди сайёҳӣ ба шумор меравад. Бинобар ин, рушди сайёҳӣ бояд аз як насл ба наслҳои дигар якҷо бо фаъолият нисбати ҳифзи табиат ва муҳити сохташудаи атроф, осори ниёгон, дастгирии фарҳанг ва тамаддуни маҳаллӣ, расму ойин, касбу ҳунарҳои мардумӣ ба роҳ монда шавад.
  14. Асоси тиҷоратии соҳаи сайёҳӣ ба афзалиятҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ мувофиқ мебошад ва бинобар ин бахши мазкур яке аз беҳтарин соҳаҳо барои таъмини мувозинати аслии устувории экологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Сайёҳӣ симои мамлакат аст. Одамон дар хориҷи кишвар давлатро пеш аз ҳама аз рӯи имиҷи он ҳамчун мавзеи сайёҳӣ дар асоси гуфтугӯ бо сайёҳони воқеан ба мамлакат ташрифоварда мешиносанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти фарох дорад, ки худро ба ҷаҳониён тавассути гузоштани таассуроти нек ба сайёҳон муаррифӣ намояд.
  15. Айни замон дар бораи Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ дар олами ғарб маълумот кофӣ нест ва он маълумоте, ки одамон дар бораи кишвар медонанд, на ҳама вақт саҳеҳ аст. Сайёҳон аз сафари худ амният, меҳмоннавозӣ ва қаноатмандии баландро интизор мешаванд. Муваффақ шудан ба қонеъ гардонидани чунин талабот маънои онро дорад, ки давлат шуҳрати баландро барои худ дар ҷаҳон ба даст овардааст. Ин занҷири самаранокеро ба вуҷуд меорад, ки на танҳо ба рушди бахши сайёҳӣ, балки ба густариши муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ, аз ҷумла воридоти сармояи хориҷӣ низ мусоидат мекунад.
  16. Соҳаи сайёҳӣ ҳамчун равзана ба ҷаҳон ба сифати оинаи мамлакат баромад мекунад. Сайёҳӣ маълумотро дар бораи кишвар – табиат, фарҳанг, таърих ва мероси фарҳангӣ, таому нӯшокии миллӣ ва урфу одати мардуми он фаро мегирад.
  17. Пешрафти сайёҳӣ ва мароқу рағбати хориҷиҳо ба баланд гардидани таваҷҷуҳи аҳолии маҳаллӣ ба ҷанбаҳои хубу дилкаши манзараҳои гуногуни кишвар мусоидат менамояд. Дар навбати худ, эҳсоси нави ифтихор бо мамлакат ва ё минтақаро тавассути эътироф намудани арзишҳои бузурги он ба вуҷуд оварда, ба рушди сайёҳии дохилӣ ва афзоиши шумораи сайёҳони маҳаллӣ кумак менамояд.
  18. Мардуми Тоҷикистон дар ҳудуди ватани худ саёҳат карда, онро бештар меомӯзанд ва қадр менамоянд. Дар аксарияти мамлакатҳо шумораи сайёҳони дохилӣ аз сайёҳони хориҷӣ зиёд аст. Ин барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ шароити муосид фароҳам оварда, ҳамчун воситаи баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба мамлакати худ, эътирофи он ва баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ баромад менамояд.
  19. Ҳамин тариқ, рушди сайёҳӣ дар маҷмӯъ метавонад ба пешрафти иҷтимоию иқтисодии кишвар, ташкили ҷойҳои кории нав таъсири назаррас расонида, ба баланд бардоштани обрую эътибори давлат дар арсаи байналмилалӣ, ҳисси худшиносӣ, ифтихори миллӣ, инчунин суботи иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузорӣ мусоидат хоҳад кард.

БОБИ 3. ВАЗЪИ МУОСИР ВА ҲАДАФҲОИ

РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ 

§1. Соҳаи сайёҳии Тоҷикистон дар соли 2030
(пешбинӣ, ҳадаф ва вазифаҳо)
  1. Дар соли 2030 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳаи сайёҳиаш устувор ва дар минтақаву сатҳи ҷаҳонӣ эътирофшуда хоҳад шуд. Саҳми сайёҳӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ назаррас буда, сайёҳӣ ҳамчун меҳвари таъсиси ҷойҳои корӣ дар шаҳру минтақаҳои дурдасти мамлакат нақши муҳим дорад. Ҷалби сармояи хориҷӣ ва дохилӣ, имтиёзҳои махсуси андозию гумрукӣ ба рушди инфрасохтори сарироҳӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, маҷмааҳои сайёҳӣ мақсаднок равона шуда, инчунин шароит ва инфрасохтори нақлиётию логистикӣ барои ташаккулёбӣ ва рушди истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ, соҳибкории саноатӣ ва сайёҳӣ дар деҳот ва дар ноҳияҳои дурдасти кишвар, ки дорои иқлим ва табиати беназир мебошанд, фароҳам оварда шудааст. Муҳоҷирати меҳнатӣ коҳиш ёфтааст ва ҷойҳои кори таъсисдодашуда ташаккул ёфтани табақаи миёнаи аҳолиро дар деҳот таъмин мекунанд.
  2. Дар давоми солҳои охир рушди соҳаи сайёҳӣ ҷумҳурии мо аз кишвари саёҳати саргузаштиву экологӣ ва пиёдагардӣ ба кишвари саёҳати таърихӣ, фарҳангӣ, табобатӣ-фароғатӣ, саёҳати саноатӣ, тиҷоратӣ ва саёҳати корӣ табдил ёфтааст. Сатҳу сифати хизматрасонӣ ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мебошанд.
  3. Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандии кишварҳои меҳмоннавоз (World Economic Forum), индекси кишварҳои амниятӣ (Institute of Economy and Peace), Шӯрои ҷаҳонии саёҳат ва сафар (World Tourism and Travel Council) дар ҷои намоён қарор дошта, ташкилоти маркетингӣ (Destination Marketing Organization) ҷиҳати муаррифии бренди миллии мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон фаъолияти фарогир (инклюзивӣ) дорад.
  4. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва меҳмондории Тоҷикистон таъсис ёфтааст ва мутахассисони болаёқати соҳаи сайёҳӣ пешбарандаи фаъолияти соҳа мебошанд. Маҷаллаи махсуси сайёҳӣ, телевизиони сайёҳӣ, рӯзномаи сайёҳӣ таъсис дода шудаанд. Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар марказҳои хизматрасонии сайёҳӣ фаъолият мекунанд, маводи таблиғотиву иттилоотӣ бо забонҳои гуногуни хориҷӣ таҳия ва таълиф шудаанд, фитта ва руқъаҳои ҷолиби сайёҳӣ ройгон дар сартосари кишвар ва берун аз он паҳн карда мешаванд.
  5. Ҳадафи олии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таъмини рушди устувори соҳаи сайёҳии кишвар ба ҳисоб меравад. Барои ноил шудан ба ин ҳадафи олӣ ҳадафҳои зерини стратегии рушд муайян карда шудаанд:
  • ташаккули асосҳои институтсионалии рушди соҳаи сайёҳӣ;
  • ташаккули инфрасохтори муосири соҳаи сайёҳӣ;
  • тақвияти иқтидорҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкили дурусти тарғибу ташвиқи ҳаматарафаи он;
  • таъмини рақобатпазирии маҳсулоти сайёҳӣ дар асоси баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ;
  • ташаккул ва муаррифии бренди миллии мавзеъҳои сайёҳӣ -маркетинг ва пешбурди маҳсулоти соҳаи сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиию рекреатсионӣ ва мероси таърихию фарҳангӣ;
  • тақвияти неруи инсонӣ, таъминоти кадрӣ ва шуғли пурмаҳсул дар соҳаи сайёҳӣ;
  • мутобиқгардонӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва таъмини бехатарии сайёҳон;
  • таъсис ва рушди кластерҳои сайёҳӣ (маҷмӯи минтақаҳои алоҳидаи сайёҳию рекреатсионии иқтисодӣ) ва таъмини инноватсионию сармоягузории рушди соҳаи сайёҳӣ.
  1. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии гузошташуда чунин тадбирҳои асосӣ пешбинӣ мешаванд.

Дар самти ташаккули асосҳои институтсионалии рушди соҳаи сайёҳӣ:

  • такмили қонунгузории амалкунанда ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи сайёҳӣ;
  • таҳияи санади мукаммал дар соҳаи сайёҳӣ;
  • дар амал татбиқ намудани меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
  • тақвияти заминаҳои институтсионалии шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи сайёҳӣ.
  • Дар самти ташаккули инфрасохтори муосири соҳаи сайёҳӣ:
  • ҳавасмандгардонии инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, таъсиси равзанаи ягона ва автоматикунонидашудаи бақайдгирии сайёҳон (низоми Е-меҳмон);
  • муосиргардонии нуқтаҳои қабули сайёҳон, аз ҷумла фурудгоҳҳои аҳамияти байналмилалӣ ва маҳаллидошта, гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ ва терминалҳои нақлиётӣ;
  • рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт, аз ҷумла иншооти хизматрасониҳои муосири сарироҳии беҳдоштию санитарӣ ва маишию техникӣ, аломатҳо ва нишонаҳо ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;
  • рушди инфрасохтори пойгоҳҳои сайёҳӣ бо фарогирии маҷмааҳои варзишӣ-солимгардонӣ, истироҳатӣ-рекреатсионӣ;
  • рушди инфрасохтори саёҳати кӯҳӣ ва экологӣ;
  • рушди инфрасохтори муосири шабакавии меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, осорхона ва китобхонаҳо, муассисаҳои театрӣ ва кино бо риояи унсурҳои миллӣ;
  • рушди инфрасохтори иттилоотию коммуникатсионӣ ва хизматрасониҳои молиявӣ.

Дар самти тақвияти иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкили дурусти тарғибу ташвиқи ҳаматарафаи он:

  • анҷом додани таҳқиқот ҷиҳати мушаххас намудани иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • тақвияти иқтидорҳои сайёҳии минтақаҳо ва мавзеъҳои сайёҳӣ;
  • истифодаи маҷмӯии иқтидорҳои сайёҳӣ дар заминаи таъсиси минтақаҳои  махсуси сайёҳӣ ва муайян намудани нуқтаҳои рушд;
  • муаррифии иқтидорҳои сайёҳӣ.
  • Дар самти таъмини рақобатпазири маҳсулоти сайёҳии ба баланд бардоштани сифати хизматрасонии асосёфта:
  • таъмини рақобатпазирии хизматрасониҳои сайёҳӣ дар асоси баланд бардоштани сифати он;
  • гуногунсозии таркиб ва тавсеаи намудҳои хизматрасониҳои сайёҳӣ;
  • густариши хизматрасониҳои электронии сайёҳӣ дар низоми онлайн-замимаҳо (раводид, меҳмонхона, тарабхона, нақлиёт);
  • ташаккули низоми шаффофи баҳодиҳии сифати хизматрасониҳо, гуруҳбандии онҳо ва муайян кардани дараҷаву мақоми онҳо;
  • ташаккули фарҳанги нархгузорӣ ба хизматрасониҳои сайёҳӣ.

Дар самти ташаккул ва муаррифии бренди миллии мавзеъҳои сайёҳӣ, маркетинг ва пешбурди маҳсулоти сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиию рекреатсионӣ ва мероси таърихию фарҳангӣ:

  • ташаккули сиёсати бренди миллии сайёҳӣ ва муаррифии бренди миллии мавзеъҳо ва иншооти сайёҳӣ;
  • муаррифии бренди миллӣ бо истифода аз воситаҳои иртиботи маркетингӣ, аз ҷумла тарғибу ташвиқӣ (минбаъд PR) – реклама, маводи таблиғотии аудиовизуалӣ ва чопӣ;
  • ташкили тарғибу ташвиқи бренди сайёҳӣ бо истифода аз воситаҳои пахш, шабакаи ҷаҳонии интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва муаррифии он дар чорабиниҳои сатҳи гуногуни миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ;
  • баланд бардоштани самаранокии истифодабарии захираҳои табиию рекреатсионӣ;
  • таҳияи феҳристи захираҳои табиию рекреатсионӣ, ҳифзи гуногунии биологӣ;
  • ҳифзи муҳит зист ва таъмини  бехатарии экологӣ;
  • иктишоф ва барқарорсозии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ, ки муаррифгари таъриху фарҳанг мебошанд;
  • таснифи иншооти мероси таърихию фарҳангии марбут ба таърих ва фарҳанг.
  • Дар самти тақвияти неруи инсонӣ, таъминоти кадрӣ ва шуғли пурмаҳсул дар соҳаи сайёҳӣ:
  • таъмини шароити мусоид барои рушди неруи инсонӣ,  такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо бо мақсади таъмини шуғли пурмаҳсул дар соҳаи сайёҳӣ;
  • таъминоти кадрии соҳаи сайёҳии кишвар, ташкил ва гузаронидани курсҳои бозомӯзии кадрҳои идоракунӣ ва ҳайати хизматрасон;
  • таъмини ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатии соҳаи сайёҳӣ бо муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва бозори (меҳнати) сайёҳии кишвар;
  • баррасии масъалаи таъсиси Академияи байналмилалии сайёҳӣ ва Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии Шоҳроҳи Абрешим бо мақсади омода кардани мутахассисони баландихтисос ва кадрҳои илмии соҳаи сайёҳӣ ;
  • ташкили омӯзиши таҷрибаи хориҷӣ, такмили ихтисос ва омода кардани кадрҳо дар хориҷи кишвар;
  • арзёбии сатҳи тахассус, маҳорату малакаи касбӣ, таърих, фарҳанг, расму ойини миллӣ, забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосир;
  • таъмини шуғли доимӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи сайёҳӣ.

Дар самти мутобиқгардонӣ ба стандартҳои байнамилалӣ ва таъмини бехатарии сайёҳон:

  • ташаккули меъёрҳои стандартҳои миллии сайёҳӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ;
  • ҳамкорӣ бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ дар самти мутобиқгардонии маҳсулоти сайёҳии кишвар ба стандартҳои байналмилалӣ;
  • –  назорати риояи стандартҳои байналмилалӣ дар ташкил ва пешбурди фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ;
  • андешидани тадбирҳо дар таъмини бехатарии сайёҳон;
  • ҳимояи ҳуқуқҳо ва ташкили суғуртакунонии сайёҳон.

Дар самти таъсиси кластерҳои сайёҳӣ ва таъмини инноватсионию сармоягузории рушди соҳаи сайёҳӣ:

  • ташкили кластерҳои сайёҳӣ дар самти лижаронии кӯҳӣ, курортӣрекреатсионӣ, таърихӣ фарҳангӣ ва омӯзишӣ барои Шоҳроҳи Абрешим;
  • таъсиси кластерҳои сайёҳии корӣ (соҳибкорӣ) барои баргузории вохӯриҳои байналмилалӣ, форумҳо, симпозиумҳо ва конфронсҳо;
  • таъсиси кластерҳои сайёҳии ташкили чорабиниҳо (рӯйдоду ҷашнҳо) барои баргузории мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба намудҳои миллии варзиш ва идҳои миллӣ, фестивалҳои эҷодӣ, мусобиқаҳо, намоишгоҳҳо, инчунин мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ;
  • ташкили кластерҳои махсуси мавзӯии сайёҳӣ;
  • таъмини инноватсионии рушди фаъолияти соҳаи сайёҳӣ;
  • беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
  • ҷалби сармояи хориҷиву дохилӣ ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ;
  • пешниҳод ва амалисозии имтиёзҳо ва кафолати давлатии ҳифзи манфиатҳои сармоягузорон.
§2. Сайёҳӣ дар иқтисоди ҷаҳон. Заминаҳои рушд ва
бартариятҳои рақобатии соҳаи сайёҳии Тоҷикистон
  1. Соҳаи сайёҳӣ дар ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини шуғл ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мавқеи марказӣ дошта, барои рушди иқтисодиёти миллӣ мусоидат мекунад. Таҷриба нишон медиҳад, ки сайёҳӣ дар тӯли даҳсолаҳо новобаста ба буҳронҳои иқтисодию молиявӣ, таҳаввулоти сиёсӣ ва тағйироти иҷтимоӣ бо суръати устувор рушд намуда истодааст. Масалан, омори ҷаҳонии сайёҳӣ шаҳодат медиҳад, ки:
  • шумораи сайёҳон дар ҷаҳон аз 698 миллион нафар дар соли 2000 то ба 1 миллиарду 322 миллион нафар дар соли 2017 афзоиш ёфтааст;
  • даромади соҳаи сайёҳӣ аз 478 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (минбаъд ИМА) дар соли 2000 то 2,2 триллион доллари ИМА дар соли 2017 зиёд шудааст;
  • ҳиссаи соҳаи сайёҳӣ дар маҷмӯи маҳсулоти ҷаҳонӣ аз 6 фоиз дар соли 2000 то 11 фоиз дар соли 2017 баланд шудааст;

7 фоиз содироти ҷаҳонӣ ва 30 фоиз хизматрасониҳои ҷаҳонӣ ба соҳаи сайёҳӣ рост омадааст.

  1. Агар дар соли 2011 ба соҳаи сайёҳӣ 800 миллиард доллари ИМА маблағгузорӣ шуда, 4,9 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузориҳоро дар ҷаҳон ташкил намуда бошад, мувофиқи пешбинии мутахассисон ин нишондиҳанда дар як сол ба 5,6 фоиз афзоиш ёфта, то соли 2022 ба 1,3 трлн доллари ИМА мерасад.
  2. Бояд қайд намуд, ки рушди сайёҳӣ барои ташкили ҷойҳои кории нави мустақим ва ғайримустақим мусоидат менамояд. Шуғли аҳолӣ дар соҳаи сайёҳии ҷаҳон 277 миллион ҷойи кориро ташкил дода, то соли 2022 ба 350 миллион нафар мерасад ва мавқеи хосу устувор дорад.
  3. Соли 2017 дар тамоми ҷаҳон қариб 1,2 миллиард сафарҳои байналмилалии сайёҳӣ анҷом дода шуданд ва мувофиқи пешбинии мутахассисон ин нишондиҳанда то соли 2022 ба 1,4 миллиард ва то соли 2030 ба 1,8 миллиард сафарҳои сайёҳӣ мерасад.
  4. Дар ин радиф, суръати солонаи рушди иқтисодии мамлакатҳои рушдёфта 2,2 фоиз ва дар мамлакатҳои рушдёбанда ду маротиба зиёд, яъне 4,4 фоизро ташкил медиҳад. Ин чунин маъно дорад, ки то соли 2020 миқдори сайёҳон ба мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ нисбат ба мамлакатҳои тараққикарда афзоиш меёбад. Дар баробари ин, бояд қайд намуд, ки сафарҳои хориҷӣ дар соли 2017 тибқи пешбинӣ на 4,4 фоиз балки 7,2 фоиз афзоиш ёфт.
  5. Агар ба омори соҳаи сайёҳии кишварҳои алоҳида назар кунем, барои мисол, аз соҳаи сайёҳӣ дар соли 2016 ИМА – 206 миллиард доллари ИМА; Испания – 60 миллиард доллари ИМА; Таиланд – 50 миллиард доллари ИМА; Ҷумҳурии Халқии Хитой – 44 миллиард доллари ИМА; Фаронса – 42 миллиард доллари ИМА даромад гирифтанд.
  6. Дар баробари ин, Ҷумҳурии Халқии Хитой – 261 миллиард доллари ИМА; ИМА – 124 миллиард доллари ИМА; Германия – 81 миллиард доллари ИМА; Британияи Кабир 64 миллиард доллари ИМА ва Фаронса – 40 миллиард доллари ИМА барои рушди сайёҳӣ сарф карданд. Яъне сайёҳони ин кишварҳо маблағҳои мазкурро дар дигар кишварҳо хароҷот намуданд.
  7. Тавре қайд гардид, рушди сайёҳӣ ба иқтисодиёти миллӣ даромадҳои назаррас оварда метавонад. Илова ба миқёси воқеии даромад аз соҳаи сайёҳӣ, соҳаи мазкур дорои бартариятҳои дигар низ мебошад, аз ҷумла:
  • қисми зиёди даромадҳо бо асъори хориҷӣ ба даст оварда мешаванд, ки барои устувор нигоҳ доштани тавозуни пардохтии давлат муҳим аст;
  • аз ҳар як доллари ба соҳаи сайёҳӣ харҷшуда 70 сенти он даромади соф аст. Ин аз таносуби даромадҳои саноати автомобилсозӣ, алоқа, кимиё ва саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ болотар аст;
  • ҳар як доллари дар соҳаи сайёҳӣ (масалан, дар меҳмонхонаҳо) сарфкардашуда 3 доллари дигарро дар сохторҳои алоқаманди соҳаи сайёҳӣ (масалан, таъминкунандагони хизматрасониҳои меҳмонхонаҳо, ширкатҳои сохтмони меҳмонхонаҳо) ба вуҷуд меорад;
  • –  ба ҳисоби миёна аз ҳар як доллари сарфшуда дар соҳаи сайёҳӣ 91 сенти он дар иқтисодиёти ватанӣ мемонад;
  • сайёҳӣ аксаран ҳамчун воситаи асосии дастгирии минтақаҳо, махсусан минтақаҳои кӯҳӣ ва дурдасти кишоварзӣ, ки дигар афзалиятҳои иқтисодиро соҳиб нестанд, ба ҳисоб рафта, заминаи асосии баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум дар маҳалҳо ба шумор меравад;  
  • таъсири бевоситаи соҳаи сайёҳӣ, масалан талабот ба маҳсулоти маҳаллӣ ва ё мутахассисони маҳаллӣ метавонад барои ташаккули заминаи воқеии рушди соҳаҳои дигари саноат мусоидат намояд.
БОБИ 4. МАРҲИЛАҲОИ АМАЛИСОЗИИ СТРАТЕГИЯ
  1. Стратегия тавассути се давраи миёнамуҳлат (ҳар 4 сол) амалӣ карда мешавад, ки дар ин марҳилаҳо ба самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи сайёҳӣ диққати асосӣ равона карда мешавад.
  2. Марҳилаҳои амалишавии стратегия ба марҳилаи рушди суръатнок (2019-2022), марҳилаи ба анҷом расонидани саноатикунонии босуръат (2023-2026) ва марҳилаи ташаккули иқтидорҳо барои рушд дар асоси дониш ва навовариҳо (2027-2030)-и Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон, ки ба ҷалби сармоягузориҳо асос меёбад, дар назар дошта шудааст.
  3. Дар ин марҳилаҳо, чуноне, дар Стратегияи миллии рушд, қайд шудааст, гузариш аз диверсификатсияи рушди иқтисодӣ аз ҳисоби интенсификатсияи истеҳсолоти кишоварзӣ, болоравӣ аз рӯи занҷири арзиши иловашуда дар саноат, навкунии соҳаи иҷтимоӣ, рушди босуръати бахши молиявӣ, сайёҳӣ ва соҳаҳои хизматрасониҳои соҳибкорӣ дар мадди аввал меистанд. Дар рушди иқтисодӣ – саҳми сармояи инсонӣ ниҳодҳои самарабахш ва технологияҳои пешқадам зиёд мешавад. 

БОБИ 5. САМТҲОИ СТРАТЕГИИ РУШДИ

САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

  • 1. Аҳамияти самтҳои стратегӣ 
  1. Бо дар назар доштани манфиати зиёди соҳаи сайёҳӣ, дар қатори дигар кишварҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ кӯшиш менамояд, ки ба рушди ин соҳа мусоидат намояд. Дастовардҳои муосири технологӣ, аз ҷумла рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дастрасии мавзеъҳои боз ҳам зиёди сайёҳиро осон ва васеъ намудаанд.
  2. Бо афзоиши шумора ва хароҷоти сайёҳони байналмилалӣ, имкониятҳо барои сайру саёҳат боз ҳам васеъ гардида истодаанд. Ин шароит соҳаи сайёҳиро дар байни дигар соҳаҳои иқтисодиёт аз ҳама соҳаи рақобатпазир мегардонад.
  3. Дар сурате, ки Тоҷикистон бештар бартарияти табииро соҳиб мебошад, муваффақияти рушди сайёҳӣ дар қатори тадбирҳо ҷиҳати осон гардонидани дастрасӣ ба бештари мамлакатҳои ҷаҳон ва бунёди пойгоҳи ҳуқуқии соҳаи сайёҳӣ, омилҳои дигареро низ талаб менамояд. Барои ноил шудан ба муваффақият идоракунии мукаммал, мунтазам ҷорӣ намудани навовариҳо, ягонагии мақсадҳои бахшҳои хусусиву давлатӣ ва хоҳиши мубориза бурдан дар шароити рақобати шадид зарур мебошанд.
  4. Идоракунии самараноки омилҳои мусоид вазифаи муҳим буда, маънои онро дорад, ки манфиатҳои имконпазирро метавон дар ояндаи дарозмуддат афзоиш дод.
  • 2. Саёҳати муштариён
  1. Бо дар назар доштани сатҳи рақобат дар соҳаи сайёҳӣ ва интихоби васеъ барои сайёҳони имконпазир имрӯз аз нуқтаи назари мизоҷи эҳтимолӣ амал кардан муҳим аст. Аз ҳама роҳи осон ва устувори ноил гардидан ба муваффақият ҳар чӣ беҳтар қонеъ намудани талаботи сайёҳон нисбат ба дигар мамлакатҳо, аз ҷумла кишварҳои минтақа мебошад.
  2. Мусофирон ва сайёҳон новобаста аз мақсадашон метавонанд дар бораи сафар андеша кунанд. Вақте шаҳрванд фикри ба саёҳат баромаданро барои истироҳат ва ё барои анҷоми кор амалӣ менамояд, дар ин ҳолат саёҳат бояд ҳамаи намудҳои ташрифоти кӯтоҳмуддатро фаро гирад. Сайёҳон ва мусофирон, дар навбати аввал, дар бораи ҳавопаймо ва утоқи хоб дар меҳмонхонаҳо ё ҳатто дар бораи табиати ҷолиб ва биноҳои нодир андеша намекунанд. Онҳо дар бораи таассуроти умумӣ дар маҷмӯъ андеша мекунанд. Онҳо саёҳати худро ҳамчун як чизи том ва ҳамчун таҷрибаи манфиатбахш ва дилпазир тасаввур менамоянд. Одатан хариди билети ҳавопаймо ва фармоиши утоқ дар меҳмонхона мақсади асосӣ ба ҳисоб намеравад. Инҳо танҳо ҷузъиёти сайёҳӣ ба шумор мераванд, ки бо сабаби саёҳат дар маҷмӯъ, масалан, қаноатманд шудан аз истироҳат оғоз мешаванд. Дар ин раванд, гузаштан аз марҳилаҳои гуногун, ба монанди азназаргузаронии давлатҳо барои сайёҳӣ, фармоиши саёҳат, баромадан ба сафар, будубош, бозгашт ба манзил, паҳн намудани маълумот оид ба таассурот аз сафар ва нигоҳ доштани тамос зарур аст.
  3. Ширкатҳои сайёҳӣ бояд иттилоотро оид ба тамос бо муштариёни худ, яъне сайёҳон ҷамъ оварда, бо онҳо тавассути суроғаи электронӣ ва ё шабакаҳои иҷтимоӣ мунтазам дар тамос бошанд, то таҷрибаи воқеӣ ва «зинда»-ро барои сайёҳон дар тафаккури онҳо нигоҳ дошта, барои ҳавасманд гардондан ба ташрифи навбатӣ ё ҷалби сайёҳони дигар истифода намоянд. Зеро сафари дуюмбораи сайёҳон ба як кишвар доимо нишонаи беҳтарини рушди сайёҳӣ дар кишвар аст.
  • 3. Маркетинг
  1. Маркетинг ҷанбаи асосии стратегия ба ҳисоб рафта, аз қисмҳои тадқиқоти бозор, тарғибот, ба роҳ мондани фуруш ва нигоҳ доштани тамос бо муштариён иборат аст. Пеш аз оғози дилхоҳ фаъолияти маркетингӣ бояд муайян кард, ки он ба кӣ равона карда шуда, мақсади асосӣ аз чӣ иборат аст. Маркетинг аз тадқиқоти бозор оғоз мешавад.
  2. Тадқиқоти бозор метавонад мураккаб ва серхарҷ бошад ва ё метавонад супориши нисбатан оддӣ бошад. Чи қадаре, ки воситаҳо бештар ҷалб шаванд, ҳамон қадар сифат баланд мешавад, аммо новобаста аз ин, раванди тадқиқот дар маҷмӯъ якхела мебошад. Раванди тадқиқоти бозор марҳилаҳои зеринро дар бар мегирад:
  • муайян намудани бозорҳои имконпазир;
  • баҳогузории миқёс ва иқтидор;
  • муайян намудани ҳавасмандии муштариён;
  •  мутобиқгардонӣ ба маҳсулоти худӣ. 
  1. Барои бахши сайёҳӣ, чун қоида, тадқиқоти васеи бозор аз сайёҳони ташрифоварда ба мамлакат оғоз гардида, дар оянда ба фаъолият дар бозорҳои асосии фурӯш идома меёбад.
  2. Ягон бозорро рад кардан лозим нест ва ташаккули вазъиятро боэҳтиётона зери мушоҳида қарор бояд дод. Аммо дар оғози кор барои соҳаи сайёҳии Тоҷикистон муҳим аст, ки диққати асосӣ ба ҷалби ҳарчӣ бештари сайёҳон дар қатори кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз Аврупои Ғарбӣ равона карда шавад. Махсусан ба бозорҳое бояд равона карда шаванд, ки ба Тоҷикистон дастрасии осон дошта, даромади нисбатан баланд доранд, ба монанди Германия, мамлакатҳои Созишномаи Бенилюкс, аз ҷумла Франсия, Швейтсария ва Британияи Кабир.
  3. Қадами аввал – гузаронидани пурсиши муштариён дар бозори хизматрасониҳои сайёҳӣ барои гирифтани иттилоот оид ба ақидаҳо, нуқтаи назар ва маълумоти гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ нисбати Тоҷикистон ҳамчун мавзеи истироҳат ва мамлакати сайёҳӣ ба шумор меравад. Ин метавонад ба ташаккули фаъолияти ибтидоии тарғиботӣ мусоидат намояд. Ҳавасмандгардонии пешбурд ва фурӯши маҳсулоти сайёҳӣ дар ин самти аз ҳама дастрас ва осон бояд зери назорати қатъӣ қарор дода шавад. Ин ба тадқиқоти «зинда»-и бозор мусоидат менамояд.
  4. Яқин аст, ки натиҷаи дуруст зуд ба даст оварда намешавад. Захираҳои мавҷуда ва сатҳи ҳозираи хатсайрҳо танҳо чунин натиҷаи тадқиқоти бозорро, ба монанди тарғиботи ибтидоӣ, ки ба баҳогузориҳои иттилоотӣ ва таассуроти муштариён асос ёфтааст, ба мо муяссар мегардонад. Баъд аз он, тадқиқоти нисбатан васеъ ва мураккаби бозор дар асоси таҷрибаи аввала бояд ҳамчун фаъолияти мунтазам ба нақша гирифта шавад.
  5. Чорабиниҳои таъсирбахш: гузаронидани пурсиши назари сайёҳон аз мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ, ки бозорҳои мақсаднок барои Тоҷикистон бо дастрасии осон ба мамлакат ба ҳисоб мераванд (дар марҳилаи кунунӣ, минтақаҳои фарогири фурудгоҳҳои Франкфурт ва Дубай).
  • 4. Тарғибот
  1. Дар марҳилаи «Азназаргузаронӣ»-и саёҳати муштариён, вазифаи асосӣ аз мунтазам ҷалб намудани диққати сайёҳи эҳтимолӣ тавассути воситаҳои ахбори омма ва сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ иборат мебошад. Ширкатҳои сайёҳӣ барои тарғибот телевизион, синамо, радио, матбуот, сомона ва шабакаҳои интернетӣ, лавҳаҳои тарғиботӣ, муносибатҳои ҷамъиятӣ (PR), руйдодҳо ва дигар воситаҳои алоқаро истифода мебаранд.
  2. Вобаста ба ғояи тарғибот бояд дар ду самт қарор қабул карда шавад: брендинг ва сабади (портфели) маҳсулот. Бренд (симо) дар асоси сабади маҳсулоти ҷумҳурӣ, дар шакли кӯтоҳ ва ҷалбкунада таҳия карда мешавад. Бренди ҷумҳурӣ бояд аз бренди дигар давлатҳо фарқ намуда, афзалиятҳои миллии сайёҳиро дар бар гирад.
  3. Тоҷикистон соҳиби навгонӣ ва арзишҳои аслии бештар буда, шабакаи Интернет имкониятҳои васеи баробарро барои ҳама ҳатто бо захираҳои маҳдуд фароҳам меорад. Истифода намудани таҷрибаи пешқадами тахассусии маркетингӣ ҳангоми таҳияи бренд ниҳоят муҳим мебошад.
  4. Бренди хуби миллӣ маълумотро дар шакли кӯтоҳ ва ҷолиби диққат фаро мегирад.
  5. Чорабиниҳои таъсирбахш: баргузории чорабиниҳо ҷиҳати муайян намудани бренди сайёҳии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби назари мусбати сайёҳони кунунӣ ва имконпазир.
  6. Дар ибтидо бренди сайёҳии Тоҷикистонро тавассути амалигардонии чорабиниҳо атрофи таҳияи бренд бо ҷалби аҳолии маҳаллӣ ва хориҷиён муайян намудан мумкин аст. Ба бренд метавон бо мурури ворид шудани маълумоти нави иловагӣ аз сайёҳони воқеӣ ва эҳтимолӣ тағйирот дохил намуд, ки ин ба андешаронии дуруст оид ба муаррифӣ намудани мамлакат мусоидат менамояд. Унсурҳои таркибии бренд, хусусият ва услуби тарғиби онро муайян менамоянд.
  7. Ба бренд чунин симо ва сабк додан зарур аст, ки дар қалби сайёҳони эҳтимолӣ ҷой гирад. Барои ин кумаки касбии мутахассисони маркетинг лозим мебошад.
  8. Сабади маҳсулоти сайёҳӣ дар зери бренд ҷой мегирад. Дар ҳолате, ки бренд аз рӯи моҳияти худ даъвати эҳсосотиро ифода менамояд, сабади маҳсулоти сайёҳӣ фаъолияти амалӣ ба ҳисоб меравад. Ин ифодаи мухтасари он аст, ки чӣ хел сайёҳони эҳтимолӣ метавонанд дар мамлакат фароғат намоянд, бо чӣ кор машғул шуда, чиро дида метавонанд. Дарвоқеъ, барои соҳаи сайёҳии Тоҷикистон зарур аст, ки ба истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда таваҷҷуҳи асосӣ дода шавад.
  9. Дар маҷмӯъ, таркиби сабади маҳсулоти сайёҳии Тоҷикистон мазмуни тарғиботро муайян менамояд.
  10. Чорабиниҳои таъсирбахш: интернет ҳамчун воситаи асосӣ истифода гардида, бо муносибатҳои ҷамъиятӣ (PR) пурра карда шавад, хусусан, бо ташкили боздидҳои шиносоӣ ба воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ (инфотур).
  11. Асоси ин кӯшишҳои тарғиботиро бояд сомонаи фарогири миллии сайёҳӣ ташкил намояд. Имрӯзҳо бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ дар ҳалли масъалаи мазкур бо ҳамдигар ҳамкории зич намуда истодаанд. Сомонаи миллии сайёҳӣ дар маркази таваҷҷуҳи мақомоти миллии сайёҳӣ қарор дорад. Сомона имкониятро барои ҳамаи ширкатҳои сайёҳии мамлакат, ки ба талаботи камтарини зарурии стандартҳои сифат ҷавобгӯ мебошанд, кафолат медиҳад.
  12. Портали миллии сайёҳӣ инчунин пайвандҳоро (линк) бо ширкатҳои сайёҳии хориҷӣ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаҳо, ширкатҳои дигари дар Тоҷикистон ба фаъолияти сайёҳӣ машғулбуда ва доираи васеи шабакаҳои иҷтимоӣ таъмин менамояд. Дар саҳифаи асосии портали миллии сайёҳии Тоҷикистон (traveltajikistan.tj) оварда шудааст.
  13. Муносибатҳои ҷамъиятӣ (PR) воситаи муҳими тарғибот ба ҳисоб мераванд. Аз рӯи моҳияти худ ин усули ройгон паҳн намудани маълумот дар воситаҳои ахбори омма, хусусан, аз тарафи рӯзноманигорони сайёҳ дар маҷаллаҳо, телевизион ва интернет мебошад. Имрӯз ҳамчунин фикру ақидаҳои одамони машҳур ва сарварон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аҳамияти калон пайдо намудаанд. Одатан ин усули тамоман ройгон нест, зеро барои ҷалби диққати шахсиятҳои машҳур бояд корҳои муайян анҷом дода шаванд, аммо ин, чун қоида, роҳи хеле арзон ва нисбатан боэътимод назар ба пардохти таблиғот мебошад.
  14. Дар баробари ин хавф низ зиёд аст, чунки идоракунии ҷараёни иттилоот имконнопазир аст. Инчунин пеш аз гирифтани фикру ақидаи шахсиятҳои машҳур дар бораи Тоҷикистон, масалан тавассути амалигардонии «боздиди шиносоӣ»-и пардохтшаванда, ҳамаи унсурҳои дигари таркибии чорабинии таблиғотӣ, дастрасӣ, таҳияи маҳсулот ва сифати он бояд дар ҳолати хеле хуб қарор дошта бошанд.
  15. Муносибатҳои ҷамъиятиро (PR) дар сатҳи миллӣ тавассути мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо ҷалби мутахассисони бахши хусусӣ баррасӣ ва таҳия намудан мувофиқи мақсад аст.
  16. Чорабиниҳои таъсирбахш: кӯшишҳои ибтидоии маркетингӣ, аз ҷумла тарғиботи онлайн ва муносибатҳои ҷамъиятӣ (PR) атрофи намунаи хурди маҳсулоти сайёҳӣ бояд ба як ва ё ду бозори мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ ва мамолики Араб бо дастрасии осон ба Тоҷикистон равона карда шаванд.
  17. Яке аз роҳҳои самараноки ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ ин иштироки ширкатҳои сайёҳӣ дар намоишгоҳҳои сайёҳӣ дар хориҷи кишвар ба шумор меравад. Вале на ҳамаи ширкатҳои ватанӣ имконияти иштирок дар чунин намоишгоҳҳоро доранд. Зеро арзиши иштирок дар аксари намоишгоҳҳои бонуфуз гаронанд.
  18. Чорабиниҳои таъсирбахш: мусоидати мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ, сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ ҷиҳати иштироки боз ҳам бештари ширкатҳои сайёҳии ватанӣ дар намоишгоҳҳои сайёҳӣ ва васеъ намудани ҳамкориҳои ширкатҳои сайёҳии ҷумҳурӣ бо ширкатҳои сайёҳии давлатҳои аз ҷиҳати сайёҳӣ пешрафта.
  • 5. Ба роҳ мондани фурӯш
  1. Баъди ҷалб намудани таваҷҷуҳи сайёҳи эҳтимолӣ дар марҳилаи «Азназаргузаронӣ»-и саёҳат, муҳим аст, ки муштарӣ барои гузаштан ба марҳилаи «Фармоиш»-и саёҳат ҳавасманд карда шавад. Чунки таассуроти хуби аввалаи муштарӣ оид ба саёҳат ба кишвар метавонад бо сабаби фишори интихобҳои бисёр ба осонӣ аз даст равад.
  2. Боз ҳам сомонаи миллӣ асоси ин фаъолият мебошад. Дар сомона бояд пайвандҳо (линкҳо) бо ширкатҳои хориҷӣ ва ватание, ки метавонанд базудӣ ва хеле самаранок ҳавасмандиро ба фурӯш мубаддал гардонанд, ташкил карда мешаванд. Ширкатҳои сайёҳӣ низ дар навбати худ бояд сомонаҳои интернетии муосир дошта бошанд, то ки дастрасӣ ва имконияти фармоиш доданро нишон дода тавонанд. Барои ин бояд ба бахши хусусӣ кумак карда шавад, ки таҷҳизоти зарурии иттилоотӣ-технологӣ (ИТ) ва иқтидори кадриву техникӣ барои тарғибот ва фурӯши онлайнро дошта бошад.
  3. Чорабиниҳои таъсирбахш: барномаи таъмин ва дастгирии ширкатҳои сайёҳӣ барои ба даст овардани таҷҳизоти зарурии технологияҳои иттилоотӣ ва маҳорати фаъолияту тиҷорат намудан тариқи онлайн бояд таҳия ва амалӣ карда шавад. 
  • 6. Нигоҳ доштани тамос бо муштариён
  1. Ба монанди дилхоҳ фаъолияти соҳибкорӣ ҷалби муштариён ё худ сайёҳон яке аз вазифаҳои муҳим боқӣ монда, қисмати аз ҳама мураккаб мебошад.
  2. Нигоҳ доштани робита бо муштариён, барои он ки онҳо тавонанд дубора саёҳат фармоиш диҳанд ва ё ба дӯстону ҳамкорони худ тавсия диҳанд, нисбатан осон аст, агарчи ин аксар вақт сарфи назар карда мешавад. Ташкилотҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ маҳорати нигоҳдории тамосро бо муштариён, хусусан тавассути суроғаи электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ бояд инкишоф диҳанд.
  • 7. Дастрасӣ
  1. Дастрасӣ ҷанбаи дигари стратегия ба ҳисоб рафта, аз бахшҳои нақлиёт, сарҳадот, омӯзиши хадамоти хизматрасонии муштариён, раводид, иҷозатномадиҳӣ, иҷозатҳо ва бақайдгирии сайёҳон дар дохили мамлакат иборат аст.
  2. Дар ин росто, барои сафар ба Тоҷикистон таъмин намудани дастрасии осон ва камхарҷ ҳаётан муҳим мебошад, зеро дар мавриди баръакс сайёҳ имкон дорад, ки мамлакати дигарро барои саёҳат интихоб намояд.
  • 8. Нақлиёт, сарҳадот ва омӯзиши хадамоти хизматрасонии муштариён
  1. Қайд кардан зарур аст, ки сатҳу сифати хизматрасониҳо дар фурудгоҳҳои байналмилалии ҷумҳурӣ ва дигар гузаргоҳҳои сарҳадии заминӣ яке аз омилҳои муҳими рушди сайёҳӣ маҳсуб меёбанд. Фурудгоҳҳо ва дигар гузаргоҳҳои сарҳадии заминӣ барои меҳмонон таассуроти аввалин ва охиринро нисбати Тоҷикистон боқӣ мегузоранд ва мусоидат намудан барои бардоштани таассуроти мусбат аз ин сафарҳо ниҳоят муҳим аст. Ҳангоми вуруди сайёҳон хизматрасонӣ бояд тавре ба роҳ монда шавад, ки сайёҳони хориҷӣ меҳмоннавозӣ ва хушмуомилагиро нисбати худ ба хубӣ ҳис намоянд. Аз таассуроти мусбати гирифтааш сайёҳ онро ба дигарон низ нақл мекунад ва он гоҳ шумораи сайёҳони имконпазир ба кишвари мо зиёд мегардад.
  2. Ҳангоми гусели меҳмонон (судур) ширкатҳои хизматрасон бояд боэътимод бошанд, ки меҳмонон бо таассуроти хуб ба кишвари худ бармегарданд ва кӯшиш кунанд то ин таассуротро боз ҳам қавитар намоянд. Чунки гузориши онҳо ба дӯстони худ оид ба таассуроташон нисбати Тоҷикистон яке аз роҳҳои беҳтарини таблиғот оид ба Тоҷикистон ва ҷалби бештари сайёҳон мебошад.
  3. Бинобар ин зарур аст, ки сифати хизматрасонӣ дар ин ҷойҳо дар сатҳи баланд қарор дошта бошад. Яке аз дарвозаҳои бузурги ворид шудан ба Тоҷикистон ин фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ба шумор рафта, тамоми саъю кӯшиш ба он равона шудааст, ки рӯз то рӯз сифати хизматрасонӣ дар ин ҷо боз ҳам беҳтар карда шавад. Ин кӯшишҳо, албатта, бенатиҷа намондаанд, ки ба ин вазъи кунунии хизматрасониҳо дар фурудгоҳ шаҳодат медиҳад. Бо вуҷуди ин, бояд сатҳи хизматрасонӣ дар фурудгоҳҳо ва дигар гузаргоҳҳои сарҳадӣ боз ҳам баланд бардошта шавад.
  4. Ҳангоми ворид шудани сайёҳон ба ҷумҳурӣ тариқи фурудгоҳҳо ва дигар гузаргоҳҳои сарҳадӣ онҳо аз назорати якчанд мақомоти давлатӣ, аз ҷумла қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаранд. Агарчанде вазъи фаъолияти ин сохторҳо нисбат ба солҳои пешин беҳтар шуда бошад ҳам, он аз баъзе норасогиҳои касбӣ холӣ нест. Ба ин норасогиҳо дохил мешаванд: надонистани забонҳои хориҷӣ (махсусан забони англисӣ) аз тарафи кормандони ниҳодҳои номбаршуда, дар баъзе ҳолатҳо муддатҳои тӯлонӣ интизор намудани сайёҳон барои хуруҷ аз фурудгоҳ, дастрас намудани бағоч ва ғайра.
  5. Бинобар ин, тибқи стратегия бояд меҳмоннавозии тоҷиконае, ки дар хонаводаҳо нисбати меҳмонон анҷом дода мешаванд, дар фурудгоҳҳо ва дигар гузаргоҳҳои сарҳадии заминӣ ба сайёҳон ва дигар мусофирон низ пешниҳод карда шавад, ки он дар натиҷа як дастоварди муҳими соҳаи сайёҳӣ мешавад ва барои ҷалби бештари сайёҳон ва ташрифи такрории онҳо мусоидат менамояд.
  6. Чорабиниҳои таъсирбахш:
  • ташкили курсҳои доимӣ барои кормандони фурудгоҳҳо ва дигар гузаргоҳҳои сарҳади заминӣ фаъолияткунанда;
  • ҷорӣ намудани низоми муосири идоракунӣ дар ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ.
  1. Аввалин таассурот бисёр муҳим аст. Бояд расмиёти вуруд ва судур дар фурудгоҳҳо ва дигар гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо муомилаи хуб ва дӯстона бо сайёҳон анҷом дода шаванд. Аксарияти одамон бо эҳсоси мусбат кишварро интихоб намуда, ба он ворид мешаванд ва пас аз анҷоми саёҳат бозмегарданд. Ва агар ҳангоми судур аз мамлакат ба сайёҳон муомилаи дурушт карда шавад, таассуроти бади охирин метавонад дар хотираи онҳо нақш баста, ба рафиқону хешовандон паҳн карда шавад.
  2. Тавассути зиёд намудани хатсайрҳои ҳавоӣ ба сайёҳон аз манотиқи гуногуни олам интихоби васеъ барои сафар намудан ба Тоҷикистон пайдо мешавад. Таҳлил ва амалияи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҷорӣ намудани сиёсати «Осмони кушод» ба иқтисодиёти мамлакат манфиатҳои зиёд меорад.
  3. Чорабиниҳои таъсирбахш:
  • мунтазам гузаронидани пурсиш оид ба равандҳои вуруд ва судур дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, дигар фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ. Бо дар назар доштани натиҷаҳои чунин пурсиш беҳтар намудани раванд ё расмиёти вуруд ва судур;
  • бо дар назар доштани мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон, ки дар маркази Осиё ҷойгир аст, табдил додани ҷумҳурӣ ба кишвари транзитӣ барои сайёҳони кишварҳои Аврупо, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва минтақаҳои Уқёнуси Ором ва дар ин замина ҷорӣ намудани сиёсати «Осмони кушод» дар Тоҷикистон;
  • гузаронидани таҳқиқоти мунтазами дастрасии ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба Тоҷикистон бо мақсади афзоиши миқдори ҳарчи бештари ширкатҳои ҳавопаймоӣ, самтҳои хатсайрҳо барои пайваст намудани Тоҷикистон бо мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ ва минтақаи Уқёнуси Ором, дастгирӣ намудани фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоие, ки тибқи стандартҳои байналмилалӣ фаъолият мекунанд;
  • таъмини рақобат байни ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар мамлакат. 
  1. Бояд қайд намуд, ки бахши нақлиёт, аз ҷумла нақлиёти ҳавоӣ қисми умдаи хароҷоти сайёҳиро ташкил намуда, номукаммал будани хизматрасонӣ дар хатсайрҳои ҳавоии мавҷуда ва гарон будани арзиши билетҳои ҳавопаймоии ширкатҳои ватанӣ ва баъзе ширкатҳои хориҷӣ барои рушди сайёҳӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ин ҳолат боиси коҳиш ёфтани шумораи сайёҳони эҳтимолӣ шуда метавонад.
  2. Чорабиниҳои таъсирбахш: гузаронидани асосноккунии техникию иқтисодии арзиши билетҳои ҳавопаймоӣ дар ширкатҳои ватанӣ ва хориҷии дар Тоҷикистон фаъолияткунанда.
  3. Мақоми байналмилалӣ надоштани гузаргоҳи сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар қисмати Лахш-Қарамиқ ва гузаргоҳи сарҳади давлатии «Қулма» миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба гардиши сайёҳони минтақа таъсири манфӣ расонида истодааст. Гузаргоҳҳои мазкур мақоми байнидавлатӣ дошта, ба шумораи зиёди сайёҳони ҳавасманд имкон намедиҳад, ки ба Тоҷикистон ворид шаванд ё аз Тоҷикистон ба Қирғизистону Хитой убур намоянд.
  4. Ворид намудани тағйироту иловаҳои дахлдор ба Созишномаи байнидавлатӣ ва гузаргоҳи байналмилалӣ эълон намудани гузаргоҳҳои «Қарамиқ» ва «Қулма» барои зиёд кардани гардиши сайёҳон тавассути ин хатсайри муҳими Шоҳроҳи Абрешим мусоидат хоҳад кард.
  5. Чорабиниҳои таъсирбахш: ба гузаргоҳҳои «Қарамиқ» ва «Қулма» додани мақоми байналмилалӣ.
  • 9. Раводид
  1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба воридшавӣ ва будубоши сайёҳони хориҷӣ ислоҳоти муҳим гузаронида шудааст ва ин раванд идома дорад.
  2. Низоми электронии дастрас намудани раводид ҷорӣ гардида, аз 1 июни соли 2016 портали нав оид ба судури раводиди электронии  «Е-Visa» ба кор даромад.
  3. Низоми раводиди электронии «Е-Visa» ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла сайёҳон иҷозат медиҳад, ки аризаи электрониро пур карда, бе ҳозиршавӣ дар муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷа раводиди электрониро ба даст оранд.
  4. Муҳлати эътибори раводиди электронӣ 90 рӯз буда, дорандаи он метавонад пас аз ворид шудан 45 рӯз дар ҳудуди ҷумҳурӣ будубош намояд ва дар давоми муҳлати муқаррарнамудаи раводид аз қайд дар мақомоти корҳои дохилӣ ва дар меҳмонхонаҳое, ки иҷозат барои бақайдгирии шаҳрвандони хориҷиро доранд, озод мебошад.
  5. Дар баробари ин, бо зиёда аз 112 давлати дунё низоми соддаи раводид ҷорӣ гардида, шумораи давлатҳо боз ҳам афзоиш меёбад. Инчунин бо 12 давлат низоми бераводид амал мекунад.
  6. Хоҳишмандон раводиди худро тавассути почтаи электронӣ ва бо пардохт тариқи онлайн аз корти кредитӣ тавассути шабакаҳои электронии эътирофшудаи байналмилалӣ ба даст меоранд.
  7. Ин омилҳо барои сайёҳони хориҷӣ ҷолиби диққат буда, ҷиҳати интихоб намудани Тоҷикистон барои сайру саёҳат мусоидат мекунад. Низоми соддаи раводид ё раводиди электронӣ, ташриф наовардан ба муассисаҳои консулӣ, будубоши беқайд дар мақомоти дохилӣ имкон фароҳам меорад, ки сайёҳ диққати худро танҳо ба саёҳат сафарбар намояд.
  8. Бояд тазаккур дод, ки низоми мазкур дар минтақа авввалин шуда, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда шудааст. Тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ низоми электронии раводиди Тоҷикистон ба панҷгонаи беҳтарин дар арсаи байналмилалӣ ворид шудааст.
  9. Дар баробари ин, ҷорӣ намудани раводиди электронии дукарата ва бисёркарата барои сайёҳон муҳим арзёбӣ мегардад. Чунки сайёҳон дар як сафар мехоҳанд аз чанд мамолик дидан намоянд. Масалан агар сайёҳ ба Тоҷикистон сафар намуда, сипас ба кишвари ҳамсоя сафар намояд, барои баргаштан ба Тоҷикистон ба ӯ зарур аст, боз раводид дастрас намояд, ки барои бознагаштани сайёҳон ва аз кишварҳои ҳамсоя ба давлати худ сафар намудани онҳо оварда мерасонад.
  10. Чорабиниҳои таъсирбахш: мавриди омӯзиш ва ҳаллу фасл қарор додани ҷоринамоии раводиди электронии дукарата ва бисёркарата ва раводиди гурӯҳӣ барои сайёҳон. 
  • 10. Иҷозатномадиҳӣ
  1. Дар соҳаи сайёҳӣ: раванди додани иҷозатнома барои фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ амалӣ карда мешавад.
  2. Ин низом барои соҳибкороне, ки дар соҳаи сайёҳӣ фаъолият карданианд, мусоид буда, дар баробари ин, тибқи стратегия тартиби дастрас намудани иҷозатнома тавассути низоми электронӣ мавриди омӯзиш қарор дода мешавад.
  3. Ин омил барои боз ҳам афзоиш ёфтани шумораи ширкатҳои сайёҳӣ ва рақобатпазир шудани соҳа мусоидат мекунад.
  4. Тоҷикистон мавқеи хуби ҷуғрофиро дар қалби Осиё Марказӣ соҳиб мебошад, ки ба ҷалби сайёҳон на фақат ба худи мамлакат, балки ба саёҳати якбора ба якчанд мамлакати дигари минтақаҳои Осиёи Марказиву Ҷанубӣ ва Уқёнуси Ором мусоидат менамояд. Роҳи абрешим ва Шоҳроҳи Помир дар сарҳадҳои давлатӣ оғоз ва анҷом намеёбанд. Инчунин бозорҳои мамлакатҳои ҳамсояи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва иқтисодиёти дорои суръати баланди рушди Хитой бо дастрасии осони заминӣ мавҷуд мебошанд.
  5. Чорабиниҳои таъсирбахш: соҳаи сайёҳӣ ва кумаккунандагони он, махсусан намояндагиҳои дипломатӣ бояд дар мамлакат ва берун аз он масъалаҳои доштани сарҳадҳои кушод ва осонгузар, инчунин низоми бераводид ва ё низоми соддаи раводидро бо кишварҳои олам, бахусус мамлакатҳои ҳамсоя бо дар назар доштани амнияти миллӣ ташвиқу тарғиб намоянд.
  6. Инчунин масъалаи ба таври электронӣ ба роҳ мондани пешниҳоди иҷозатнома барои фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ мавриди омӯзиш қарор дода мешавад.
  • 11. Таҳияи маҳсулот
  1. Дар марҳилаи кунунӣ, пешниҳоди бастаҳои хизматрасонии сайёҳон аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ ва тарғибу ташвиқи он дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Бинобар сабаби нокифоя будани неруи кадриву имкониятҳои техникӣ, ширкатҳои сайёҳие, ки ба қабули сайёҳон машғуланд, бастаҳои ҷолибноки сайругаштҳои сайёҳӣ, боздид аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ, табиати зебо ва ғайраро ба таври кофӣ пешниҳод карда наметавонанд. Аксарияти ширкатҳои сайёҳӣ ба сайёҳии содиротӣ машғул буда, корҳои барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои сайёҳонро анҷом медиҳанду халос.  
  2. Чорабиниҳои таъсирбахш: мусоидат намудан ба ширкатҳои сайёҳӣ ҷиҳати таҳия ва пешниҳоди бастаҳои хизматрасонии (маҳсулоти) сайёҳӣ ба сайёҳон.
  • 12. Сабади маҳсулот
  1. Рӯйхати васеи маҳсулоти сайёҳиро тартиб додан мумкин аст, аммо барои мусоидат ба пешбурди интихоби истеъмолӣ дар қадами аввал муайян намудани якчанд категорияҳои нисбатан соддаи маҳсулоти сайёҳӣ беҳтар аст. Дар навбати аввал, ин категорияҳо бояд он маҳсулоти сайёҳиро, ки дар мамлакат бештар рушд ёфтааст ва маблағгузориҳои нав ва зиёдро талаб намекунанд, фаро гиранд. Ҳар як категория хусусиятҳои ба худ хос ва инкишоф дорад. Ҷолибнокии ин маҳсулоти сайёҳӣ метавонад тавассути мукаммалгардонии он ва пешниҳоди он ба миқдори зиёди муштариён баланд бардошта шавад.
  2. Чорабиниҳои таъсирбахш: сабади маҳсулоти сайёҳии Тоҷикистон бояд чунин ташаккул дода шавад:
  • сайёҳии экологӣ;
  • сайёҳии табобатию солимгардонӣ;
  • сайёҳии таърихию фарҳангӣ;
  • куҳнавардӣ ва шикор;
  • иштирок дар вохӯриҳо, маросим, кофронсҳо ва рӯйдодҳо.
  1. Меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва дигар иншооти дар хатсайрҳо воқеъбуда низ аҳамияти калон доранд. Сайёҳон мехоҳанд тамоми мамлакатро сайр намоянд, ки ин барои паҳн намудани манфиат аз сайёҳӣ ба соҳаи кишоварзӣ, саноат ва хизматрасонӣ мусоидат намуда, дар баробари ин, муҳайё сохтани иншооту шароити мусоиди сайёҳиро дар маҳалҳо талаб менамояд.
  2. Чорабиниҳои таъсирбахш: ҷалби соҳибкорони ватанию хориҷӣ ба бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхонаҳо, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, тарабхонаҳо ва дигар иншооти зарурӣ барои сайёҳон дар хатсайрҳои асосӣ тавассути имтиёзҳои андозию гумрукии фароҳамовардашуда.
  3. Меҳмоннавозии мардуми мо аллакай афзалияти мамлакат аст. Вале айни замон дарки аҳамият ва фоидаи рушди сайёҳӣ дар доираи бахши хусусӣ на он қадар ҷиддӣ аст. Дар маҷмӯъ, бахшҳои давлативу хусусӣ аҳолиро дар рӯҳияи дарки аҳамияти рушди соҳаи сайёҳӣ, таъсири он ба пешрафти мамлакат ва нақши ҳар як шахс дар рушди соҳа тарбия намоянд.
  4. Чорабиниҳои таъсирбахш: гузаронидани маъракаи умумимиллӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ таҳти шиори «Сайёҳӣ имконияти соҳибкорӣ барои ҳама» ва тақвият додани тарғиботи он тавассути васоити ахбори омма ва интернет.

БОБИ 6. ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ҶУМҲУРИИ

ТОҶИКИСТОН АЗ РӮИ ТАҚСИМОТИ МИНТАҚАВӢ 

§1. Шаҳри Душанбе
  1. Шаҳри Душанбе дорои захираҳои бойи сайёҳӣ буда, барои рушди соҳаи сайёҳӣ инфрасохтори мукаммал беш аз пеш фаъолият ва хизмат мерасонад, ки ба макони баргузории чорабиниҳои байналмилалии сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва техникӣ мубаддал гаштани пойтахти кишварамон ҳамзамон, барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ин васила мустаҳкам кардани имиҷи кишвар ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ, заминаи мусоид фароҳам меорад. Ба рушди соҳаи сайёҳии пойтахт, инчунин мавҷудияти ҷойҳои таърихӣ, ёдгориҳои бостонӣ ва меъморӣ, муассисаҳои табобатию профилактикӣ ва ғайра мусоидат менамоянд.
  2. Айни замон дар ҳудуди шаҳр 40 меҳмонхона ба сокинон ва меҳмонони дохилию хориҷӣ хизматрасонӣ намуда истодаанд. Ҳамзамон, мавҷудияти 10 боғи фарҳангу фароғатӣ, се боғи ҷумҳуриявӣ дар маркази пойтахт макони сайру саёҳати сокинон ва сайёҳони кишвар гаштааст.
  3. Яке аз масъалаҳои муҳими баромадан ба бозорҳои ҷаҳонии сайёҳӣ, ин узвият ба созмонҳо ва ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонии сайёҳӣ ва иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ маҳсуб меёбад.
  4. Бояд қайд намуд, ки яке аз чунин ташкилотҳо, Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ буда, раёсати федератсияро шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Хитой пеш мебарад. Зиёда аз 130 шаҳри дунё ва 70 узви институтсионалӣ аз ҳисоби ширкатҳои калони сайёҳӣ, ассотсиатсияҳо, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, шабакаҳои меҳмонхонаҳо ва истироҳатгоҳҳо шомили федератсияи мазкур мебошанд.
  5. Тибқи стратегия шаҳри Душанбе дар ояндаи наздик узви Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ хоҳад шуд.
  6. Айни замон як қатор ширкатҳои сайёҳӣ хатсайрҳои гуногунро ба минтақаҳои сайёҳии мамлакат, аз ҷумла мавзеъҳои диданибоби шаҳри Душанбе, Душанбе-Қалъаи Ҳисор, Душанбе-Сафед-дара, Душанбе-Норак (ду намуд), Душанбе-Искандаркӯл (ду намуд), Душанбе-Варзоб, Душанбе-Ромит, Душанбе-Муъминобод (бо фарогирии ноҳияҳои Данғара, Восеъ ва шаҳри Кӯлоб), Душанбе-Панҷакент, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Шаҳритуз (бо фарогирии мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон»), Душанбе-Бадахшон мунтазам роҳандозӣ намуда истодаанд.
  7. Дар ҳудуди шаҳри Душанбе 3 ёдгории бостонӣ қалъаи Мир (Боғи Ирам), димнаи Шишахона, шаҳраки Чормағзтеппа, қалъаи Искандартеппа, 4 ёдгории монументалӣ, аз қабили маҷмааи меъмории Ваҳдат ва эҳёи Тоҷикистон бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино, муҷассамаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, маҷмааи меъморӣ ва монументалии Садриддин Айнӣ ва 12 ёдгории меъморӣ мавриди баҳрабардории сокинону меҳмонон қарор дода шудааст. Дар шаҳр 62 тарабхона, 70 қаҳвахона, 156 ошхонаи миллӣ, 5 маркази дилхушӣ, 9 хизматрасонии хушкашӯи, 2 чойхона, 59 муассисаи табобатию профилактикӣ барои қабули меҳмонон ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ хизмат менамояд.
  8. Тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ шаҳри Душанбе аз лиҳози таъмини амнияти шабона ба даҳгонаи шаҳрҳои амнтарин ворид шудааст, ки барои ҷалби бештари сайёҳон мусоидат намуда, дар ин замина тамоми иншооти таърихию фарҳангии шаҳр ба хатсайрҳои сайёҳӣ ворид карда шудааст.
§2. Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
  1. Шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор, Роғун, ноҳияҳои Файзобод, Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш, Шаҳринав, Рӯдакӣ ва Варзоб – шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро ташкил медиҳанд.
  2. Дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шумораи умумии меҳмонхонаҳо зиёда аз 30, истироҳатгоҳҳо ва осоишгоҳҳо 46 буда, дар мавсими сайёҳӣ ба хизматрасонии шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва сайёҳон фаъолият менамоянд.
  3. Шаҳри Ваҳдат. Рушди соҳаи сайёҳӣ бо дар назар доштани мавҷудияти ҷойҳои истироҳативу таърихӣ дар шаҳри Ваҳдат имконияти васеъ дорад. Минтақаи Ромит бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 сентябри соли 2000, №358 «Дар бораи минтақаи истироҳат ва туризм» ҳамчун минтақаи истироҳатӣ эълон гардидааст. Дараи Ромит бо обҳои мусаффо, ҳайвоноти нодир, гиёҳҳои шифобахш ва умуман бо табиати зебову нотакрораш шуҳрат дорад. Шаҳри Ваҳдат дорои 7 меҳмонхона, 12 тарабхона, 30 ошхона, 35 нуқтаи хӯроки умумӣ ва як қатор мавзеъҳои таърихиву ҷойҳои муқаддаси зиёратӣ мебошад. Мамнӯъгоҳи Ромит ва истироҳатгоҳҳои «Явроз», «Дониш», «Кайҳон», лагерҳои «Афсонаи кӯҳӣ», «Ҳамсафар», лагери мактабии «Роғун», базаи сайёҳии «Ёс», мавзеи экологии Канаск, оби шифобахши Зайрон, 60 иншооти истироҳатӣ, таълимӣ, фароғатӣ ва истеҳсолӣ аз ҷумлаи иншооти сайёҳии шаҳри Ваҳдат буда, 200 хонаи истироҳатӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ имкониятҳоро фароҳам меоранд. Дар ин замина, ободкориҳои дараи Ромит аз нав эҳё гардида, 36 истироҳатгоҳ, 10 лагери мактабӣ, 4 боғи таҷрибавӣ ва истироҳатӣ, корхонаи гулмоҳипарварӣ ва дигарон ба фаъолият оғоз намуда, барқарорсозии дигар истироҳатгоҳҳову табобатгоҳҳо идома дорад.
  4. Ноҳияи Файзобод. Сайёҳӣ дар ноҳияи Файзобод яке аз соҳаҳои афзалиятнок дар ояндаи наздик маҳсуб меёбад. Мавқеи ҷойгиршавии ҷуғрофӣ, табиати дилпазир ва мавҷудияти ёдгориҳои зиёди таърихӣ ба рушди соҳаи сайёҳӣ мусоид мебошад. Ноҳияи Файзобод дорои 4 меҳмонхона, 3 тарабхона, 10 ошхона, маконҳои муқаддаси зиёратӣ, иншооти табиии табобатӣ буда, як гӯшаи ободу зебо, файзбори ҷумҳурӣ аст. Дар ноҳия ҷойгиршавии Вашигриди бостонӣ, яке аз қадимтарин ва калонтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб меёфт ва аз ҳудуди он гузаштани Шоҳроҳи Абрешим аз рушди тиҷорати бузург дар он далолат медиҳад. Осорхонаи  ноҳия, ки дар он бозёфтҳои таърихӣ аз асрҳои V-VI мелодӣ нигоҳдорӣ карда мешаванд, барои ҷалби сайёҳону меҳмонон хеле мувофиқ мебошад.
  5. Ноҳияи Нуробод. Як гӯшаи кишвари офтобию биҳиштосои Тоҷикистон буда, таърихи бостонӣ дорад. Шаҳри бостонии Дарбанд, ки муаррихон таърихи мавҷудияти онро беш аз 3000 сол медонанд, макони тиҷорату савдо, косибию ҳунармандӣ ва илму фарҳанг маҳсуб меёфт. Харобаҳои то имрӯз боқимондаи ин шаҳр шоҳиди шикастхӯрии лашкари пуриқтидори Искандару Чингиз мебошанд. «Дарбанд» маънои бандарро дошта, ин шаҳр дарвозаи байни ду водӣ Қаротегин ва Дарвоз буд. Роҳи савдои ҷаҳонии Абрешим аз ин шаҳр мегузашт ва бешак сокинонаш бо дигар минтақаҳо равобити қавии тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангӣ доштанд. Дар ноҳия 2 меҳмонхона, 1 тарабхона, 11 ошхона, 1 осорхона, 1 фурудгоҳи минтақавӣ, як қатор дӯкони молу маҳсулоти сайёҳӣ ва мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ, маконҳои муқаддасу зиёратӣ, иншооти табиии экологӣ, инчунин маркази ҳунармандӣ фаъолият менамоянд.  Рушди сайёҳӣ дар ноҳия бо иқтидори гуногуншакл ифода ёфтааст: манзараҳои назаррабо, рӯдҳои кӯҳӣ, чашмаҳо, ҷойҳои таърихиву муқаддас ва дигар объектҳои ҷолиби диққат, ки барои сайёҳон ва истироҳаткунандагон диққатҷалбкунанда мебошанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки самти асосии рушди сайёҳӣ дар минтақаи мазкур дар рушди сайёҳии экологӣ, аз ҷумла пиёда ва савори асп, рафтинг, моҳигирӣ ва шикор мувофиқ мебошад.
  6. Ноҳияи Рашт. Ноҳияи Рашт яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, тавассути он Шоҳроҳи Абрешим мегузашт. Ноҳия дорои 4 меҳмонхона, 2 ҳомстей, 2 тарабхона, 10 ошхона, 3 осорхона, 1 фурудгоҳи минтақавӣ, маркази эҳёи расму оинҳои миллӣ, маркази иттилоотӣ барои сайёҳон, мавзеъҳои муқаддаси зиёратӣ, иншооти табиӣ, чашмаҳои шифобахш, боғу гулгаштҳо, минтақаҳои моҳӣ ва шикор, маркази интернетӣ, нуқтаҳои хизматрасонии сарироҳӣ, нуқтаҳои мубодилаи асъор буда, дар ноҳия ба рушди ҳунарҳои мардумӣ – сохтани табақу косаҳои чӯбӣ, оҳангарӣ, гаҳворасозӣ, сӯзанӣ, қошуқҳои чӯбӣ аҳамияти хос зоҳир мегардад. Ноҳияи Рашт аз захираҳои табиӣ бой аст, мувофиқи маълумоти расмӣ дар ноҳия зиёда аз 13 мавзеъ ва ёдгории таърихӣ ба қайд гирифта шудаанд. Табиат ва иқлими ноҳия барои сайёҳии экологӣ ва кӯҳнавардӣ мувофиқ аст. Дар ин ноҳия шаклҳои сайёҳии сайругаштӣ, пиёдагардӣ ва аспсаворӣ, агро-экосайёҳӣ, рафтинг, самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб мераванд.
  7. Ноҳияи Сангвор. Ноҳия яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, дар водии руди Хингоб аз сарҳади ноҳияи Нуробод аз ғарб то қисмати шарқии (мазори Ҳазрати Бурхи Валӣ) тӯл кашидааст. Ноҳияро дар қисматҳои марказии ағбаҳои Полезаку Харсанг ва дар ҷанубу шарқӣ ағбаи Хобурубот аз ноҳияҳои Ховалингу Дарвоз ҷудо намудаанд. Ноҳияи Сангвор дорои 4 меҳмонхона, 2 тарабхона, 1 осорхона, 10 ошхона, 1 фурудгоҳи минтақавӣ, маконҳои муқаддаси зиёратӣ, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ мебошад, ки симои ноҳияро дар дигар манотиқи ҷумҳурӣ ва берун аз он номдор кардаанд. Ноҳияи Сангвор дорои 10 мавзеи саёҳати экологӣ, 2 кӯл, 100 чашма ва 20 чашмаи шифобахш, 10 боғу гулгашт, 10 минтақаи моҳигирӣ ва шикор мебошад. Дар ноҳия ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сохтани асбобҳои мусиқӣ, табақҳо ва косаҳои чӯбӣ ва дигар ҳунарҳо рушд кардааст. Табиат ва иқлими ноҳия барои занбӯри асалпарварӣ, чорводорӣ, боғдорӣ, картошкапарварӣ ва сайёҳию кӯҳнавардӣ хеле мувофиқ мебошад. Ноҳия дорои захираҳои бойи табиӣ мебошад. Иқлим, табиат, ҳайвонот ва наботот, ҳавои тозаи кӯҳсор, чашмаҳои шаффоф, мардуми ҳунарманду меҳмоннавоз, ки дар ноҳия зиндагӣ мекунанд, барои ташкили осоишгоҳҳои табобатӣ, экосайёҳии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, моҳигирӣ ва шикор мувофиқ мебошад.
  8. Ноҳияи Тоҷикобод. Ноҳияи Тоҷикободро аз шарқ ба ғарб дарёи Сурхоб бурида мегузарад. Ба он дарёҳои хурди бисёр ҳамроҳ мешаванд, ки калонтаринашон аз чап Шӯрак, Қайрма, Диҳдиҳӣ, Тағаяк мебошанд. Аз давраи қадим тавассути Тоҷикобод Роҳи Абрешим мегузашт. 1 меҳмонхона, 1 дӯкони молу маҳсулоти сайёҳӣ, 1 фурудгоҳи минтақавӣ, 86 чашмаи мусаффо, 1 чашмаи шифобахш дорад. Дар ноҳия ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили оҳангарӣ, истеҳсоли табақҳои чубин ва косача рушд кардааст.
  9. Ноҳияи Лахш. Тавре аз ҷониби олимону сайёҳони гузаштаву имрӯзаи кишварҳои гуногун, аз ҷумла сайёҳони хитоӣ, арабу форс тазаккур шудааст, водии Рашт, аз ҷумла ноҳияи Лахш дар гузаштаи дур дорои таъриху фарҳанг, алифбову адабиёт ва давлату давлатдорӣ будааст. Дар ҳазораи аввали пеш аз солшуморӣ як шохаи Шоҳроҳи Абрешим тавассути водии Рашт ва Олой гузашта, дунёи шарқу ғарбро ба ҳам мепайвастааст. Ноҳияи Лахш дорои 6 меҳмонхона, 5 ҳомстей, 1 тарабхона, 10 ошхона, 2 осорхона, 2 фурудгоҳи минтақавӣҶиргатол ва Лахш мебошад. Минтақаи Боғи миллӣ 69912га, петроглифҳои Очиқалъа, Қушағба, Қалъаи Чоргул, маконҳои муқаддаси зиёратӣ, қуллаи машҳури И. Сомонӣ, қуллаи Е.Корженевская, кӯлҳои Ҷилондӣ, ҷашнқул, Хариқул, Куштегермон, Калдар, Пиряхи Федченко, Дараи Дашти Қарашур аз ҷаззобтарин ва шуҳратмандтарин мавзеҳои ин ноҳия миёни сайёҳони дохиливу хориҷӣ – дӯстдорони сайри табиату фатҳи қуллаҳои баланди осмонбӯс мебошанд. Дар ноҳия ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили намадбофӣ, қолинбофӣ, ҷуроббофӣ, сӯзанӣ ва дуторсозӣ рушд кардааст. Ноҳияи Лахш барои рушди соҳаи сайёҳӣ бо дар назар доштани мавҷудияти ҷойҳои таърихӣ, рӯду чашмаҳои шифобахш ва манзараҳои зебо, махсусан дар фасли зимистон ҷиҳати ташкил намуди варзиши лижаронӣ шароиту имкониятҳои мусоид дорад. Сайёҳоне, ки дар мавсими асосии сайру гашт, яъне моҳҳои июл-август ба ноҳияи Лахш меоянд, асосан кӯҳнавардон мебошанд ва онҳо танҳо барои фатҳ намудани қуллаи Исмоили Сомонӣ, куллаи Корженевская ва тамошо кардани пиряхи Федченко ва дигар манзараҳо ба ноҳия ташриф меоранд. Дар ҳудуди ноҳияи Лахш филиали Боғи миллии Тоҷикистон амал менамояд, ки дар он 13 пирях: Баралмос, Шағазъ, Музғазъ, Гашлик, Сугран, Шафақ, Москвина, Вантера, Аюжилға, Мушкетова, Шинибини, Фортанбек ва Солдатова, инчунин 4 қуллаи баландтарин, қуллаҳои Исмоили Сомонӣ 7495м., Коржиневская 7105м., Москвина 6785м ва Киров мавҷуд аст. Дар ноҳия 1 осорхона, 3 ҳавз, 20 мавзеи таърихиву фарҳангӣ, аз ҷумла зиёратгоҳҳои Қиз-терек, Чил-тан, Мазори Шоҳтолиб, мазори Арал, мазори Нонбой, Тоқамазор, мазори Бурга, Майдони мазор, Қучқорсанг, мазори Назармерген, теппаи Шаҳидон, Қизқорғон ва дигар осори таърихӣ, расмҳои болои санг, мазори Чоргул, ёдгориҳои таърихии Хоҷаи тавоф, ҳазрати Хоҷааҳмади Валӣ ва Гӯри Манас воқеъ мебошанд. Дар ҳудуди ноҳия дар масофаи 26 км дуртар аз маркази ноҳия, мавзеи табобатии Тандиқул ҷойгир аст, ки бо оби шифобахшаш дар тамоми ҷумҳурӣ ва берун аз он машҳур аст. Оби шифобахши барои бемориҳои ҷигар, пӯст, асаб, ревматизм ва дигар касалиҳо давобахш мебошад.
  10. Ноҳияи Шаҳринав. Ноҳияи Шаҳринав сарзамини мардуми меҳмоннавоз, минтақаи меваҳои шаҳдбор аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои нотакрори табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, обҳои ширини шифобахш, кӯлҳо, чашмаҳои оби мусаффо, гиёҳҳои шифобахш, ҳайвоноту наботот, як олами нотакрор ва макони беҳтарин сайру саёҳат мебошад. 2 тарабхона, 36 ошхона, 1 осорхона, дараи Қаратоғ, кӯлҳои Париён, Темурдара, Ҷувозак, чашмаи оби сулфурдор дар деҳаи Хоҷаи Бодом, чашмаи Хоҷа Ҳасан дар дараи Қаратоғ инфрасохтори сайёҳии ноҳияро ташкил медиҳанд. Минтақаҳои кӯҳии ноҳия бо тамоми манзараҳои дилкашаш беҳтарин мавзеи сайёҳӣ ба ҳисоб меравад.
  11. Шаҳри Турсунзода. Табиати зебою нотакрор ва мавзеъҳои хушбоду ҳаво, боғҳои ангур ва дигар меваҳо, растаниву чашмаҳои шифобахш дорад, ки метавонад барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳр мавриди истифода қарор гирад. Бахусус, рушди соҳаи сайёҳии экологӣ, сайёҳии кишоварзию саноатӣ, пиёдагардии кӯҳӣ, шикор, таърихию фарҳангӣ барои шаҳри Турсунзода хос мебошанд. Дар ҳудуди шаҳр база ва истироҳатгоҳҳои сайёҳии «Куран», «Металлург», «Чормағзак», «Қаратоғ», лагери бачагонаи «Ширкент», боғи таърихию табиии «Ширкент» амал менамоянд. Инчунин Осорхонаи санъати амалию халқии устод Мирзо Турсунзода, осорхонаи миллии шаҳри Турсунзода ва осорхонаи корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» фаъолият доранд. Дар шаҳр се меҳмонхона, аз ҷумла меҳмонхонаи «Ширкент», «Самандар-21» ва ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд «Дӯстӣ» ба меҳмонон ва сайёҳони дохилию хориҷии хизматрасонӣ менамоянд. Шаҳр дорои ёдгориҳои зиёди таърихӣ, аз ҷумла катибаи «Санги бузургвор», мазори «Гаҳворасанг», мазори «Дарвоза», зиёратгоҳи Эшони Ҳидоятуллоҳи Офоқхоҷа, воқеъ дар деҳоти «Қаратоғ», зиёратгоҳи ҳазрати Баҳовудини Балогардон, воқеъ дар деҳоти 10-солагии Истиқлолият, мақбараи Хоҷа Нақшрон, воқеъ дар деҳоти ба номи Турсун Туйчиев мебошад. Имкониятҳои рушди сайёҳӣ дар шаҳр ин хоҷагии ҷангалу шикори «Қаратоғ», фермаи оҳуи холдор, воқеъ дар базаи хоҷагии ҷангалу шикори «Қаратоғ», боғи таърихӣ-табиии «Ширкент», саёҳати кӯҳӣ дар қаторкӯҳҳои Ҳисор, изи динозаврҳо дар мавзеи «Ширкент», деҳаи қадимаи кӯҳии «Пашми куҳна» дорои табиати нотакрор дар дараи Ширкент мебошад. Инчунин дар шаҳр бештар аз 20 муассисаи истироҳативу солимгардонӣ, аз ҷумла корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик», «Табибон», «Шифо», «Эдем Аква», «Азиза», «Муфид» ва дигарон амал менамоянд. Дар баробари ин, имкониятҳои мавзеъҳои Патру, дараи Ҳакимӣ, Париён ва кӯли Темурдара аз мавзеъҳои ҷолиб ва тамошобоби минтақа ба ҳисоб мераванд. Тавре масъулини Осорхонаи санъати амалию халқии устод Мирзо Турсунзода иттилоъ доданд, дар соли 2017 бештар аз 20 ҳазор нафар ба осорхона ташриф оварданд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мардум бо эҳсоси баланди худшиносӣ ба мероси таърихию фарҳангӣ таваҷҷуҳи хоса доранд ва ин ҳолат ба рушди сайёҳии дохилӣ дар минтақа заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамзамон, қайд кардан бамаврид аст, ки тавассути хатсайри дараи «Қаратоғ» сайёҳон имкон доранд ба хатсайри дигари сайёҳӣ, аз ҷумла «Искандаркӯл» ворид гарданд.
  12. Шаҳри Ҳисор. Мавқеи ҷуғрофии шаҳри Ҳисор, фазои мусоиди экологӣ ва иншооти соҳа, аз қабили мамнӯъгоҳи «Қалъаи Ҳисор», осоишгоҳҳои «Шоҳамбарӣ» ва «Сатурн», мамнуъгоҳи таърихию мадании Ҳисор барои рушди сайёҳӣ иқтидорӣ воқеӣ дорад. Имкониятҳои сайёҳии шаҳр дар маводи тарғиботӣ-ташвиқотии соҳаи сайёҳӣ, ки аз тарафи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расонида мешаванд, мунтазам инъикос шуда, ширкатҳои сайёҳии кишвар низ ҷиҳати ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ тавассути пешкаш намудани хатсайрҳои нав ба шаҳри Ҳисор тариқи шаҳри Душанбе тадбирҳои судманд андешидаанд. Шаҳри Ҳисор ба ҷоизаи шаҳрҳои сайёҳии Созмони ҳамкориҳои исломӣ барои соли 2019 пешниҳод шудааст.
  13. Ноҳияи Рӯдакӣ. Дар самти ҷануби Тоҷикистон дар водии Ҳисор ҷой гирифтааст. Доманакӯҳҳои сабзу хуррам, дарёҳо, майдонҳои васеи киштзор дар хамсоягӣ бо вилояти Хатлон, шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Варзоб ва дар марзи водии зарнигори Ҳисор ҷой гирифта, атрофи пойтахти мамлакат-шаҳри Душанберо иҳота намудааст. Мавзеъҳои нотакрори ҳавзаи Кофарниҳон, шаршараи «Мағмуруд», чашмаи «Шуриён», обу боғҳои «Бибихурум» ва мавзеи «Гулзор», ҷангалзорҳои атрофи ғори «Чилтан», «Нови паҳн»-и қаторкӯҳҳои Ғозималик, бӯстонсаройҳои Сарикиштии пойину боло, ангурбоғи Роҳатӣ, меваҳои Рангон, сабзавоти Қӯштеппа, аспҳои зоти тоҷикии хоҷагии «Асппарвар»-и Султонобод, гармхонаю гулҳои Қӯштеппа ва Чимтеппа низ ба ифтихороти мардуми ноҳия мансуб мебошанд. Сарчашмаҳои таърихию бостоншиносӣ шаҳодат медиҳанд, ки аксари минтақаҳои ноҳия ба мисоли масҷиди Мавлоно Яқуби Чархӣ, Теппаи Самарқанд, Чоргултеппа, Тоҷхон, Бачамазорсой, Масҷиди Кампирқалъа, Эсанбой, Хоҷабулбулон, Қалъаи Кофарниҳон, Хоҷа бехоб ва Намозгоҳ мавҷудияти ҳазорсолаҳо ва таърихи бою қадима доранд.
  14. Шаҳри Роғун. Шаҳр барои рушди сайёҳӣ дорои захираҳои бой буда, инфрасохтори нисбатан мукаммал дорад. Иншооти соҳа – истироҳатггоҳи «Оби гарм», Осорхонаи марказӣ, осорхона доир ба осоишгоҳ, оби шифобахши Муллошайх мебошанд. Дар шаҳр масъалаҳои марбут ба соҳаи сайёҳӣ минбаъд ба таври ҷиддӣ баррасӣ карда шуда, захираҳои сайёҳии ҳудуди он тавассути васоити ахбори омма бештар муаррифӣ карда мешаванд. Дар баробари ин, сатҳ ва сифати хизматрасонии иншоот беҳтару хубтар карда шуда, тартиби бурдани омори сайёҳони дохилию хориҷӣ бо таври бояду шояд ба роҳ монда мешавад.
  15. Ноҳияи Варзоб. Ноҳияи Варзоб барои рушди сайёҳӣ дорои захираҳои бой буда, инфрасохтори мукаммал фароҳам оварда шудааст. Ноҳия дар асоси қарори Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон аз 9 ноябри соли 2000, № 461 «Дар бораи тасдиқи Барномаи мақсадноки комплексии рушди ноҳияи Варзоб ҳамчун минтақаи истироҳат, табобати санаторию курортӣ ва туризм дар давраи солҳои 2000-2010» рушд намудааст. Ҳамчунин бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон консепсия ва низомномаи минтақаи истироҳатии ноҳияи Варзоб тасдиқ гардидааст. Дар ноҳияи Варзоб мувофиқи ҳисобот 920 минтақаи истироҳатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин фаъолияти 65 минтақаи истироҳатии оммавӣ-мавсимӣ буда, фаъолияти як қатор иншооти муҳими сайёҳӣ ба монанди минтақаҳои истироҳатии «Кохи Малика», «Варзоб Палас», «Гулобод», «Гули майда» ва Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара» доимӣ мебошанд, ки дар ин минтақаҳо барои қабули сайёҳони дохилию хориҷӣ тамоми шароитҳои муосир фароҳам оварда шудааст. Дар баробари мавҷуд будани ёдгориҳои таърихӣ, осоишгоҳҳои «Хоҷа оби гарм», «Сароб» ва пансионати «Харангон» фаъолияти доимӣ доранд, ки барои табобат ва истироҳати меҳмонону сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ тамоми шароитҳо бо хизматрасониҳои замонавӣ таъмин карда шудааст.
§3. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
  1. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, бо рӯдҳо ва дарёчаҳои шӯх, кӯлҳо, кӯҳҳои сар ба фалак ва манзараҳои беҳамто дар ҷаҳон шуҳрат пайдо кардааст. Ба рушди соҳаи сайёҳии вилоят, инчунин мавҷудияти ҷойҳои таърихию табобатӣ, ба монанди кӯли Сарез, осоишгоҳи Гармчашма, Авҷ, Ямчун, Ҷелондеҳ, Бибӣ Фотимаи Зуҳро, қаторкӯҳҳои баландтарин дар ҷаҳон пиряхҳои Помир ва ғайра мусоидат менамоянд.
  2. Соли 2013 Парки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид, ки муаррифгари Тоҷикистон ба ҷаҳониён оид ба рушди сайёҳии экологӣ ва дарҳои кушод ба сайёҳии берунӣ мебошад.
  3. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ маҳз барои боздид аз мавзеъҳои сайёҳии вилоят ба кишвар ворид шуда, ба намудҳои сайёҳии кӯҳнавардӣ, экологӣ ва экскурсионӣ машғул мешаванд.
  4. Дар вилоят Ассотсиатсияи экологӣ-фарҳангии сайёҳии Помир таъсис дода шудааст, ки зиёда аз 12 субъекти хоҷагидор ва соҳибкорони инфиродии соҳаи сайёҳиро муттаҳид месозад. Инчунин бо мақсади мусоидат дар пешбурди фаъолияти сайёҳӣ ва таъмини рақобати озоду солим 13 субъекти хоҷагидор дар вилоят дар самти сайёҳӣ фаъолият мекунанд.
  5. Дар худуди вилоят 50 меҳмонхонаи хурд, аз қабили «Ҳомстей» ва «Гестҳауз» фаъолият мекунанд, ки мақсади асосии таъсис додани ин меҳмонхонаҳо паст кардани сатҳи бекорӣ ва баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонӣ ба сайёҳон мебошад.
  6. Меҳмонхонаҳои хурд, ки дар заминаи манзили истиқоматии шаҳрвандони маҳаллӣ таъсис ёфтаанд, ба сайёҳони хориҷӣ имкон медиҳанд, ки дар баробари истифодаи ҷойи хоб, аз фарҳанг ва расму ойини миллӣ аз наздик шиносоӣ пайдо намоянд.
  7. Осоишгоҳҳо ва курортҳо:дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 4 осоишгоҳ вуҷуд дорад. Дар ноҳияи Шуғнон дар водии Ҷелондеҳ, дар ноҳияи Ишкошим Авҷ, Гарм Чашма, Бибӣ Фотимаи Зухро.
  8. Мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва зиёратгоҳҳо: дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ 251-торо ташкил медиҳанд. Аз ин шумора дар шаҳри Хоруғ 12, ноҳияҳои Давроз 9, Ванҷ 15, Рӯшон 35, Ишкошим 76, Шуғнон 32, Мурғоб 15 ва Роштқала 51-то мебошанд.
  9. Айни замон дар ҳудуди вилоят Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ фаъолият менамоянд, ки дар омодасозии кадрҳои соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла роҳбаладӣ, идоракунии ташкилоти сайёҳӣ ва меҳмоннавозӣ саҳм гузошта истодаанд.
§4. Вилояти Хатлон
  1. Дар вилояти Хатлон бо дар назар доштани мавҷудияти захираҳои бойи табиӣ, таърихию фарҳангӣ ва экологӣ сайёҳӣ метавонад яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти минтақа бошад.
  2. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола теъдоди сайёҳони хориҷӣ барои боздид аз мавзеъҳои сайёҳии вилояти Хатлон ба кишвар ворид мешаванд, меафзояд.
  3. Айни ҳол дар вилоят 4 ширкати сайёҳӣ фаъолият дошта, шумораи онҳо бамаротиб зиёд хоҳад шуд.
  4. Дар ҳудуди вилоят 582 ёдгориву мавзеи таърихӣ ва фарҳангӣ, 32 осорхона, 32 ёдгории шаҳрсозӣ, меъмориву монументалӣ, 34 мавзеи табиии истироҳатӣ мавҷуд буда, ба хизмати мизоҷон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 60 меҳмонхона фаъолият доранд. Ҳамчунин дар ҳудуди вилоят 13 истироҳатгоҳу осоишгоҳ фаъолият намуда истоданд.
  5. Самтҳои афзалиятноки сайёҳӣ дар вилоят:
  • сайёҳии кӯҳию варзишӣ, экологӣ – бештар дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Балҷувон, Муъминобод, Норак, Сарбанд, Хуросон, Шамсиддин Шоҳин ва Ховалинг созгор буда, дар ин замина роҳи Балҷувон-Сари Хосор, Кӯлоб-Чилдухтарон ва дар шафати роҳҳо хонаҳои типи нав Ҳомстей, Гестҳаус ва Ҳостел бо хизматрасонии обу ташноб бунёд карда мешаванд;
  • варзиши лижаронии кӯҳӣ асосан дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин шароити мусоид барои ин навъи сайёҳӣ фароҳам буда, дар оянда бунёди базаи лижарониву сайёҳӣ ва аспсаворӣ мақсаднок мебошад;
  • сайёҳии шикор, моҳидорӣ – бештар дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Дӯстӣ, Балҷувон, Муъминобод ва Шамсиддин Шоҳин афзалият дорад. Имрӯз дар байни сайёҳон ҳавасмандии гирифтани мустақилонаи моҳӣ дар ҷараёни сафар, бевосита пухтан ё омода намудани он хеле маъмулу машҳур буда, баҳри ҷалби сайёҳон ба ин минтақа ҳам аз нигоҳи сайёҳии дохилӣ ва ҳам байналмилалӣ созгор мебошад;
  • сайёҳии таърихию фарҳангӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Вахш, Қубодиён, Восеъ, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон, Ховалинг, Муъминобод, Шаҳритуз ва Фархор бештар афзалият дорад. Мавриди зикр аст, ки шаҳри бостонии Кӯлоб 2700 сол таърих дошта, дар масири Шоҳроҳи Абрешим қарор дорад. Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо такя ба таърихи бою рангини шаҳри Кӯлоб онро дар соли 2015 ҳамчун шаҳри фарҳангиву таърихӣ дар байни давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон намудааст;
  • ҳамзамон, шаҳри қадимаи маркази илмиву фарҳангии Хуталони қадим – Хулбук низ то имрӯз аз нигоҳи меъморӣ сохтмон ва масолеҳи он дар ҷаҳон ҳамто надорад;
  • сайёҳии солимгардонӣ-санаторӣ, истироҳатӣ бештар дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Норак, Восеъ, Муъминобод, Темурмалик афзалият дорад. Боиси ифтихор аст, ки рӯз аз рӯз саноати сайёҳӣ дар ин минтақа рушд ёфта, бо сохтани роҳҳои сатҳи байналмилалӣ, нақбҳо, ба пойтахти мамлакат наздик будани шаҳру ноҳияҳо, аз қабили Норак ва Восеъ ба сохтани инфрасохтори сайёҳӣ, таъсиси кемпингҳо ва осоишгоҳҳо сармояи дохилӣ тақозо дорад;
  • сайёҳати динӣ ва зиёратӣ бештар дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Норак, Дустӣ, Шаҳритуз, Кӯлоб, Данғара, Балҷувон, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин ва Ховалинг афзалият дорад. Мавриди зикр аст, ки тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят аз нигоҳи самтҳои афзалиятноки соҳа диққатҷалбкунанда ва тамошобоб мебошанд. Махсусан мавзеъҳои Тахти Сангин, Чилучорчашма, Чилдухтарон, мақбараи Имом Зайналобиддин, олим ва мутафаккири Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ солҳои охир таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намуда истодаанд.
§ 5. Вилояти Суғд
  1. Вилояти Суғд яке аз минтақаи ҷолиби сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, бо рӯдҳо ва дарёчаҳои шӯх, кӯлҳо, кӯҳҳо ва манзараҳои дилкашу беҳамто дар ҷаҳон шуҳрати калон пайдо кардааст. Ба рушди соҳаи сайёҳии вилоят инчунин мавҷудияти ҷойҳои таърихӣ, аз қабили Саразм, ки зиёда аз 5500 сол арзи вуҷуд дорад, Панҷакенти қадим, зодгоҳи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ-деҳаи Панҷрӯд, кӯҳҳои Фону Арчамайдон, кӯлҳои ба таври афсонавӣ зебои Кӯликалон, Ҳафткӯл, Искандаркӯл ва ғайра мусоидат менамоянд.
  2. Дар вилояти Суғд бо дар назар доштани мавҷудияти захираҳои бойи табиӣ ва таърихию фарҳангӣ сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти минтақа ба ҳисоб меравад.
  3. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола теъдоди зиёди сайёҳони воридшуда бо намудҳои сайёҳии таърихию фарҳангӣ, экологӣ, кӯҳнавардӣ ва табобатӣ-санаторию курортӣ машғул мешаванд.
  4. Айни ҳол дар вилоят 21 ширкати сайёҳӣ, Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон ва ташкилоти ҷамъиятии Шӯрои рушди сайёҳӣ фаъолият доранд.
  5. Дар ҳудуди вилоят зиёда аз 520 ёдгорӣ ва мавзеъи таърихию фарҳангӣ, 5 осорхона, 33 мавзеи зиёратӣ, 33 мавзеи табиӣ-истироҳатӣ, 13 осоишгоҳ, санаторияву курорт, 19 боғу гулгашт, 10 кӯл, 30 ҳавзи моҳигирӣ, 7 минтақаи шикор, 2 чашмаи шифобахш, 68 дӯкони молу маводи мардумӣ, 191 тарабхона, мавҷуд буда, баҳри хизмати мизоҷон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 49 меҳмонхона фаъолият доранд.
  6. Самтҳои афзалиятноки сайёҳӣ дар вилоят:
  • вилояти Суғд таъриху фарҳанги бою қадима дошта, дар аксарияти шаҳру ноҳияҳои вилоят як қатор мавзеъҳои таърихӣ аз ҷумла, дар шаҳри Хуҷанд, маҷмааи таърихӣ меъмории Шайх Муслиҳиддин, асрҳои XII-XIX, қалъаи Хуҷанд, асрҳои VIIXIX, мадрасаи Абдулатиф Султон аз асри XVI, маҷмааи меъмории Ҳазрати Шоҳ аз асри XIX, маҷмааи таърихию меъмории Савристон, асри XVI, масҷиди ҳавзи сангин, асри XIX, мақбараи Эшони Мавлоно, асри XIX, ноҳияи Шаҳристон, шаҳри Шаҳристони қадим-Қаҳқаҳа, қабристонҳои антиқӣ аз асри I-VII, тасвирҳои болои санг аз асри санг ва асрҳои миёна, мадрасаи Мирраҷаб Додхоҳ, мадрасаи Ойим, манораи Майдони Машҳад, мақбараи Хоҷа Такворут, манораҳои Варз, Рарз, Фатмев, маҷмааи меъмории Абулқосим Гургонӣ, мақбараи Нақибхон Туғрал, масҷидҳои Палдорак ва Ревомутк, мадрасаи Олим Додхоҳ, мақбараи Муҳаммад Башоро, мақбараи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, маскани энолотии Саразм, шаҳраки Панҷакенти қадим, Бунҷикати қадим, қалъаи Чилҳуҷра, мадрасаи Абдуллохон, маҷмааи меъмории Ҳазрати Шоҳ, мақбараи Хоҷа Рушноӣ мавҷуданд;
  • қисмати фарҳангию таърихии вилоят аз Саразми Панҷакент (охири ҳазорсолаи IV-аввали ҳазорсолаи II пеш аз мелод) дар водии Зарафшон яке аз ёдгориҳои қадимтарини энеолит ва аввали асри биринҷии Осиёи Миёна мебошад, ки 31 июли соли 2010 Саразм ба феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО дохил шудааст. Ёдгории Саразм ҳамчун пойгоҳи омезиш ва такомули чандин маданияти қавми ҳиндуаврупоӣ ба назар мерасад;
  • маҳз ҳамин махсусияти Саразм боиси таваҷҷуҳи сайёҳон аст. Сайёҳат дар шаҳрҳои бостонии Панҷакент, Хуҷанд, Истаравшан ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо дидани мероси археологӣ, таърихӣ ва меъмории мардуми Шарқ барои сайёҳон диққатҷалбкунанда мебошад.
  1. Сайёҳии кӯҳию варзишӣ, экологӣ бештар дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент, Кӯҳистони Мастчоҳ, Мастчоҳ, Шаҳристон, Ифара, Ашт ва Истаравшан, ки дорои мавзеъҳои зиёди сайёҳӣ мебошанд, созгор мебошад. Дар байни сайёҳон ва кӯҳнавардон, махсусан кӯҳҳои Фон машҳур мебошад, ки миёни теппаҳои Зарафшон ва Ҳисор аз Куштударё то Фондарё ҷойгир мебошанд. Дар шаҳри Панҷакент маркази байналмилалии кӯҳии Артуч 76 км дуртар аз шаҳри Панҷакент дар кӯҳҳои Фон ва Кӯли Калон ҷойгир буда, масоҳати 15га-ро дар бар мегирад, ки дорои шароити мусоид барои сайёҳии варзишию кӯҳӣ ва экологӣ мебошад. Искандаркӯл, Кӯли Калон, кӯли Алоуддин, кӯли Ало, кӯли Марғзор, кӯли Ойкул, дараи Охтангӣ, Дараи Кенгкӯл ва Дараи Кӯҳсовлӣ бисёр манзараҳои зебо ва тамошобоб дошта, сайёҳҳон метавонанд бисёр манзараҳои аҷоибро ҳангоми сайёҳати худ дар ин мавзеъҳо ва мавзеъҳои дигари қисмати шимолии Тоҷикистон мушоҳида намоянд.
  2. Сайёҳии табобатию солимгардонӣ, санаторӣ ва истироҳатӣ бештар дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Гулистон, Конибодом, Истаравшан ва Айнӣ афзалият дорад. Дар шаҳри Исфара ҷамъияти саҳомии кушодаи «Осоишгоҳи Зумрад», дар ноҳияи Ашт табобатгоҳи «Аксикон», дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров «Осоишгоҳи Юсуфзода», дар шаҳри Гулистон ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Маркази табобатӣ солимгардонии «Соҳил», ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Осоишгоҳи Шифо» ва ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Осоишгоҳи Баҳористон», дар шаҳри Конибодом осоишгоҳҳои «Бодом» ва «Ирам», дар шаҳри Истаравшан осоишгоҳҳои «Ӯротеппа», «Авис сити» ва «Ҳавотоғ» фаъолият менамоянд.
  3. Ин мавзеъҳо бо табиати афсункор, манзараҳои зебо, ҳавои софу беғубор, дарахту буттаҳои ороишӣ, ҳавзҳои пуроб манбаи сиҳативу омили табобат барои сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ҳисоб мераванд. Осоишгоҳҳои мазкур марказҳои бузурги табобатӣ ва ташхисӣ буда, бо намудҳои гуногуни дастгоҳҳои муолиҷавӣ ва хизматрасонии маданӣ ва маишӣ дар дохил ва хориҷи кишвар маълуманд. Ҳамасола саноати сайёҳӣ дар ин минтақа рушд ёфта, бо бунёди роҳҳои сатҳи байналмилалӣ, нақбҳо, инфрасохтори сайёҳӣ, таъсиси кемпингҳо ва осоишгоҳҳо боз ҳам тараққӣ мекунад ва ба баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии шаҳрвандон мусоидат менамояд.
  4. Чорабиниҳои амалишаванда ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ дар пойтахт ва минтақаҳои ҷумҳурӣ:

бештар намудани интишори маводи таблиғотии соҳа барои ҷалби сайёҳон ва муаррифии мавзеъҳои тамошобоби минтақа, зиёд намудани таблиғот тавассути васоити ахбори омма;

  • тарбияи мутахассисони ботаҷрибаю касбӣ ва пешниҳоди хизматрасонии сатҳи байналмилалӣ;
  • таҳияи сомонаи алоҳида вобаста ба имкониятҳои сайёҳии шаҳру ноҳияҳо, насби аломатҳои минтақаҳои сайёҳӣ бо забонҳои давлатию хориҷӣ;
  • ба талабот ҷавобгӯй намудани ҳолати санитарию гигиении ошхонаву ҳаммомҳо, мабразу дастшӯйгоҳҳо;
  • таҳияи харитаи сайёҳии шаҳру ноҳияҳо;
  • баргузории курсҳои омӯзишӣ бо мақсади баланд бардоштани касбият ва тахассуснокии масъулини соҳа;
  • ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ, аз ҷумла инфрасохтори сарироҳӣ;
  • ташкили марказҳои ҳунарҳои дастӣ ва армуғонҳо барои сайёҳон;
  • фароҳам овардани шароитҳо барои рақобатнокӣ дар самти хизматрасонӣ ба сайёҳон;
  • таъмини рақобат дар самти хизматрасонӣ ба сайёҳон;
  • ташкилдиҳии базаи сайёҳӣ ва аз нав ҷиҳозонидани лагерҳои партофташуда ҳамчун иншооти инфрасохтори сайёҳӣ, ҷудо намудани қитъаи замин ба Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷиҳати бунёди базаи сайёҳӣ дар мавзеъҳои сайёҳӣ.
  1. Дар маҷмӯъ, омилҳои зерин ба рушди соҳа ва ҷолибнокии соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ таъсири мусбат мерасонанд:

иқтидори беназири табиӣ ва захиравӣ, мероси фарҳангӣ ва таърихӣ;

зиёдшавии шумораи ширкатҳои сайёҳӣ, қувваи кории дорои таҳсилоти тахассусӣ;

ҷойгиршавии стратегӣ ва имконияти пайвастани кишварҳо тавассути хатсайри «Шоҳроҳи Абрешим», мавҷуд будани фурудгоҳҳои байналмилалӣ, роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард.

  1. Ҷиҳати таъмини рушди устувори соҳаи сайёҳӣ тадбирҳои иловагии зерин роҳандозӣ карда мешаванд:

такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, аз ҷумла мутобиқ намудани онҳо ба хусусияти хоси маҳаллӣ ва таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ;

таҳияи ҳуҷҷати ҳуқуқии рушд ва ҳамоҳангсозии фаъолияти меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, нақлиёт ва дигар соҳаҳои ҳамбаста ҷиҳати ба роҳ мондани қоидаҳои ягонаи хизматрасонии сайёҳӣ;

ҷорӣ намудани низоми сертификатсияи ихтиёрии сифати хизматрасониҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо;

ташаккул додани низоми мусоири омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисони соҳаи сайёҳӣ, ташкил намудани семинарҳои илмию таҷрибавӣ бо ҷалби мутахассисони сатҳи байналмилалӣ;

мусоидати иттилоотӣ ба ширкатҳои сайёҳӣ дар самти пешбарии сатҳи хизматрасонӣ, нашри маводи иттилоотӣ, тарҳрезии сомонаҳо ва дигар самтҳои дахлдор.

  1. Ба инобат гирифтани тадбиру чораҳо барои ташаккули соҳаи сайёҳии рақобатпазири ҷумҳурӣ дар байни кишварҳои минтақа мусоидат менамоянд, ки ин раванд дар маҷмӯъ имкониятҳои зеринро фароҳам меорад:
  • қонеъгардонии эҳтиёҷоти сайёҳҳон дар мавриди бархурдоршавӣ аз хизматрасонии босифати сайёҳӣ;
  • тавлиди ҷойҳои нави корӣ ва тавсеаи ҷойҳои кории мавҷуда;
  • баланд бардоштани сатҳи ҷолибнокии сармоягузории кишвар;
  • зиёдшавии даромад ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ;
  • беҳтаршавии некуаҳволии мардум ва нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ.
  1. Маҷмӯи чорабиниҳои дар боло қайдгардида барои беҳтаршавии соҳаи сайёҳии кишвар замина гузошта, бо ин раванд даромадҳои молиявӣ афзоиш меёбад.

БОБИ 7. НИЗОМИ МОНИТОРИНГ ВА

АРЗЁБИИ СТРАТЕГИЯ

  1. Ҳадафи асосии мониторинг ва арзёбӣ таъмини раванди мустақил ва шаффофи татбиқи чорабиниҳо ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегия мебошад.
  2. Барои таъмини ҳамоҳангсозии ҳамкории ҳаматарафаи ҷонибҳои манфиатдор дар масоили рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ таъсис дода шудааст. Шӯрои мазкур самтҳои асосии рушди сайёҳиро муайян мекунад ва бо мақсади таъмин намудани ҳамоҳангсозӣ байни мақомоти давлатӣ фаъолият мекунад.
  3. Мониторинг ва арзёбӣ дар асоси пайгирии мунтазами нишондиҳандаҳои (индикаторҳои) тасдиқшуда гузаронида шуда, фарогири меъёрҳои имконияти арзёбӣ, муносибӣ, арзиши пасти ҷамъоварии маълумот, инчунин инъикоси бевоситаи натиҷаҳои фосилавиро доро аст. Ҳангоми гузаронидани мониторинг ба масоили чораҳои банақшагирифташуда, нишондиҳандаҳои дурнамо, натиҷаҳои фосилавии тадбирҳои сиёсати давлатӣ ҷавобҳо омода мегарданд.
  4. Мониторинг дар асоси индикаторҳои мақсадноки стратегия ва индикаторҳои Шӯрои байналмилалии сафар ва сайёҳат гузаронида мешавад.

Нишондиҳандаҳои мақсадноки стратегия 

Р/тНомгӯи нишондиҳандаҳо2017202020252030
1.Шумораи сайёҳони ба ҷумҳурӣ ташрифоваранда (ҳазор нафар)430,91000,01600,02500,0
2.Саҳми сайёҳӣ дар ММД  ( %)1,25,06,58,0
3.Саҳми сайёҳӣ дар содирот (%)6,28,012,015,0
4.Саҳми сармоя ба соҳаи сайёҳӣ дар маҷмуи сармоягузориҳо (%)0,072,05,010,0
5.Саҳми сайёҳӣ дар қисми даромади буҷети давлатӣ (%)0,0461,01,63,0
6.Миқёси хизматрасониҳо дар соҳаи сайёҳӣ (млн сомонӣ)1906,8  4425,07080,011862,6
7.Шумораи субъектҳои бақайдгирифташудае, ки дар соҳаи истироҳат ва табобат хизматрасонӣ мекунанд    230    300    410    500  
8.Шуғли аҳолӣ дар соҳаи сайёҳӣ (бо %)0,62,05,010,0
9.Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии кишварҳои меҳмоннавоз, ки аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ гузаронида мешавад    107/136    90/136    75/136    50/136

Эзоҳ: Нишондиҳандаҳои бандҳои 2,3,4,5 ва 8 дар соли 2017 аз рӯи маълумоти арзёбишуда пешниҳод гардидаанд.

Нишондиҳандаҳои Шӯрои сафар ва саёҳати ҷаҳонӣ

Нишондиҳанда-ҳои  асосӣСаҳми мустақимСаҳми умумӣ
Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣСаҳми мустақим аз ҳисоби  сафар ва саёҳат ба ММД дар соли 2014 маблағи 2,364.8 млрд доллари ИМА (3.1% -и умумии ММД)-ро ташкил дод. Ин нишондиҳанда дар солҳои 2015-2025 ба андозаи 3,9% рушд карда, дар соли 2025  маблағи умумии 3,593.2 млрд доллари ИМА баробар шуда, 3,3% ММД ҷаҳонро ташкил хоҳад додСаҳми умумии сафар ва саёҳат дар ММД ҷаҳон дар соли 2014 маблағи 7,580.9 млрд доллари ИМА (9,8% ММД ҷаҳон)-ро ташкил дод. Тибқи дурнамо, ин нишондиҳанда 3,8% устувор рушд карда, дар соли 2025 маблағи 11,381.9 млрд доллари ИМА (10,5% ММД ҷаҳонро) ташкил хоҳад дод
Ҷойҳои корӣДар соли 2014 саёҳат ва сафар омили таъсиси 105,408,000 ҷойҳои корӣ (3.6% ҷойҳои умумии кори ҷаҳон). Ин нишондиҳанда 2.0% рушд карда, бо 130,694,000 ҷойҳои кории  таъсисёфта, 3,9%-и шуғли меҳнатро дар соли 2025 ташкил хоҳад додДар соли 2014 саҳми умумии сафар ва саёҳат ба шуғли меҳнат, бо дар назар доштани ҷойҳои кории ғайримустақими  соҳа 9.4%-и шуғли меҳнат (276,845,000 ҷойҳои корӣ)-ро ташкил дод. Ин нишондиҳанда 2.6% рушд карда, дар соли 2025 356,911,000 ҷойҳои кори 10,7% шуғли меҳнатро ташкил хоҳад дод.
Содироти сайёҳон  Маблағҳои аз ҳисоби сафарҳои сайёҳон ба даст омада, 1, 383.8 млрд (5.7% содироти ҷаҳон)-ро дар соли 2014 ташкил дод. Ин нишондиҳанда дар солҳои 2015-2025 ба андозаи 4,2% рушд карда, маблағи 2,140.1 млрд доллари ИМА ё 5.6%-и содироти ҷаҳонро ташкил хоҳад дод
Сармоягузорӣ  Сармоягузорӣ дар саёҳат ва сафар дар соли 2014,  814.4 млрд доллари ИМА-ро ташкил дод, ки он ба 4,3% сармоягузорӣ дар ҷаҳон баробар аст. Ин нишондиҳанда бояд 4,8% боло рафта, ҳаҷми умумии маблағгузориҳо дар соҳа 4,6% дар даҳ соли оянда ба нақша гирифта шавад. Ҳаҷми маблағгузориҳо 1,336.4 млрд доллари ИМА ва ё 4.9%-и ҳаҷми умумии сармоягузориро дар соли 2025 ташкил диҳад.
Шумораи сайёҳонДар соли 2014 зиёда аз 1 млрд нафар сафар ва саёҳат намуданд. Дар соли 2017 сафари 1,322 млн ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондиҳанда дар соли 2020 ба 1,4 млрд нафар ва дар соли 2030 ба 1,8 млрд сайёҳ баробар хоҳад шуд. Дар маҷмӯъ, шумораи сайёҳон аз 25 млн дар соли 1950 устувор ва бомайлон рушд карда, новобаста ба буҳронҳои молиявии ҷаҳонӣ  ба 1,8 млрд сайёҳ дар соли 2030 баробар хоҳад шуд.

Манбаъ: Дурнамои Шӯрои сафар ва саёҳат

  1. Мониторинг ва арзёбии стратегия таҳти роҳбарӣ ва дар ҳамоҳангсозӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ амалӣ мегардад.
  2. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳо, мақомоти дахлдори соҳаи сайёҳӣ ва сохторҳои соҳибкорӣ бо ҷалби шарикони рушд мониторинг ва арзёбии стратегияро мегузаронад ва ҳисоботи солонаро оид ба рафти амалисозии стратегия ба Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ ва ҳисоботи панҷсоларо оид ба натиҷаи амалисозии стратегия ба Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ  пешниҳод менамояд.
  3. Низоми мониторинг ва арзёбӣ ҳамзамон низоми дахлдори ҳисоботдиҳӣ аз натиҷаҳои амалисозии стратегия ва марҳилаҳои амалишавии он барои давраи 2019-2022, 2023-2026 ва 2027-2030 аз нуқтаи назари рушди соҳа ва бо ҳисоботи фосилавӣ маҳсуб меёбад. Сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ассотсиатсияҳои сайёҳӣ ҳисоботи соҳавиро оид ба амалиёбии марҳилаҳои стратегия ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ пешниҳод мекунанд.
  4. Ба ин мақсад дар назди ҳамаи мақомоти соҳавӣ ва ҳудудии идоракунии сохторҳо шахсони масъул муайян ва таъин мешаванд, ки ҳамоҳангсозии гузаронидани мониторинг ва арзёбӣ дар идораҳои худ, инчунин ҷамъбасти маълумот ва омода намудани ҳисобот дар бораи амалисозии барномаҳои миёнамуҳлати рушди сайёҳӣ барои пешниҳод ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба зиммаи онҳо вогузор мешавад.
  5. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳамаи маълумоти пешниҳодшударо бо ҷалби тарафҳои манфиатдор ҷамъбаст ва таҳлил менамояд.
  6. Ҳисоботи омодашуда оид ба амалисозии барномаҳои миёнамуҳлати рушди сайёҳӣ барои муҳокима ба Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ пешниҳод мегарданд.
  7. Амалисозии чорабиниҳои низоми мониторинг ва арзёбӣ аз ҳисоби маблағҳои шарикони рушд маблағгузорӣ мегардад. Дар ин раванд, ҷалби маблағҳои донорон, саҳми ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати таҳкими иқтидори институтсионалии низоми мониторинг ва арзёбӣ мақсаднок мебошад.
  8. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо тарафҳои манфиатдор ҷиҳати таҳкими минбаъда ва пайваста баланд бардоштани  самаранокии низоми мониторинг ва арзёбии стратегия тадбирҳои заруриро роҳандозӣ мекунад.
  9. Бо дар назар доштани мониторинги ҳамасола гузаронидашаванда, арзёбии тағйирёбии вазъият дар иқтисоди ҷаҳон ва пайомадҳои он ба соҳаи сайёҳӣ ва дар маҷмӯъ ба иқтисоди миллӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароти стратегияро такмил медиҳад.

БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

  1. Пурра ва самаранок амалӣ гардидани стратегия ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар мусоидат намуда, яке аз омилҳои баланд бардоштани иқтисодиёти миллӣ мегардад. Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо, андешидани чораҳои ташкилӣ, техникӣ, моддӣ, молиявӣ, ҳуқуқӣ, иттилоотӣ, ҳамчунин иштироки фаъолонаи мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шаҳрвандон талаб карда мешавад.
  2. Маблағгузории стратегия аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, инчунин дигар маблағҳои ғайрибуҷетӣ, маблағгузории шарикони рушд, грантҳо ва сарчашмаҳои иловагие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ мегардад.  

МУНДАРИҶА 

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ…………………………………………………………………………1
  2. БОБИ 2. ВАЗЪИ КУНУНИИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН………………………………………………………………………………………2-6
  3. БОБИ 3. ВАЗЪИ МУОСИР ВА ҲАДАФҲОИ РУШДИ САЙЁҲӢ……………6-12
  • 1. Соҳаи сайёҳии Тоҷикистон дар соли 2030 (пешбинӣ, ҳадаф ва вазифаҳо)…………………………………………………………………6-10
  • 2. Сайёҳӣ дар иқисоди ҷаҳон. Заминаҳои рушд ва бартариятҳои рақобатии соҳаи сайёҳии Тоҷикистон……..10-12
  • 3. Марҳилаҳои амалисозии Стратегия……………………………..12
  • 4. Сарчашмаҳои маблағгузории амалишавии Стратегия………………………………………………………………………..12
  1. БОБИ 4. САМТҲОИ СТРАТЕГИИ РУШДИ САЙЁҲӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН……………………………………………………………………………………12-23
  • 1. Аҳамияти самтҳои стратегӣ…………………………………….12-13
  • 2. Саёҳати муштариён………………………………………………..13-14
  • 3. Маркетинг……………………………………………………………..14-15
  • 4. Тарғибот……………………………………………………………….15-17
  • 5. Ба роҳ мондани фуруш……………………………………………17-18
  • 6. Нигоҳ доштани тамос бо муштариён……………………………18
  • 7. Дастрасӣ…………………………………………………………………….18
  • 8. Нақлиёт, сарҳадот ва омӯзиши хадамоти хизматрасонии муштариён…………………………………………………………………..18-21
  • 9. Раводид……………………………………………………………………..21
  • 10. Иҷозатномадиҳӣ……………………………………………………..22
  • 11. Тақияи маҳсулот………………………………………………………22
  • 12. Сабади маҳсулот………………………………………………….22-23
  1. БОБИ 5. ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ РӮИ ТАҚСИМОТИ МИНТАҚАВӢ……………………………………………………..23-36
  • 1. Шаҳри Душанбе…………………………………………………….23-25
  • 2. Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ……………………………..25-30
  • 3. Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон………………….30-31
  • 4. Вилояти Хатлон……………………………………………………..31-33
  • 5. Вилояти Суғд…………………………………………………………33-36
  1. БОБИ 6. НИЗОМИ МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ СТРАТЕГИЯ…………36-38
  2. БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ……………………………………………….39-40

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.81
US TJS/USD10.94
EU TJS/EUR11.85
RU TJS/RUB0.12
09 Apr · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 09 Apr 2024 03:40 UTC
Latest change: 08 Apr 2024 19:25 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
08:36, May 19, 2024
temperature icon 18°C
Humidity 68 %
Pressure 1017 mb
Wind 9 mph
Wind Gust: 0 mph