Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВОХӮРИИ РАИСИ КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ БО НАМОЯНДАГОНИ ВАО ВА БЛОГЕРОНИ КИШВАР

4 марти соли 2025 вохӯрии раиси Кумита Ҷамшед Ҷумъахонзода бо намояндагони ВАО ва Блогерони кишвар бо мақсади таблиғу ташвиқ ва инъикоси имкониятҳои сайёҳии кишвар тариқи воситаи ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ Раиси Кумита Ҷамшед Ҷумъахонзода иброз дошт, ки дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ […]

ҶАЛАСАИ ҒАЙРИНАВБАТИИ ГУРӮҲИ КОРИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар МД “Китобхонаи Миллӣ” рӯзи 4 марти соли 2025 таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи ғайринавбатии Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид, дар кори он аъзоёни гурӯҳи корӣ, роҳбарони гурӯҳҳои кории доимоамалкунандаи вилоятӣ, шаҳрӣ […]

Муаррифии зарфиятҳои сайёҳии кишвар дар ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикстону Австрия

Санаи 3 марти 2025 зимни баргузории ҳамоиши тиҷоратӣ ва сармоягузории соҳибкорони Тоҷикистону Австрия имкониятҳои сайёҳию варзишии Тоҷикистон дар шакли рӯнамо аз ҷониби намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд. Чорабинии мазкур дар сиғаи “соҳибкор бо соҳибкор” (B2B) бо иштироки соҳибкорон ва сармоягузорон, роҳбарият ва намояндагони ширкату корхонаҳои бонуфузи Тоҷикистону Австрия доир […]

Ҳамкории Тоҷикистон ва Испания дар соҳаи сайёҳӣ тақвият меёбад

19 феврал Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода ва Сафири Шоҳигарии Испания дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луис Франсиско масъалаи рушди ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ ва мусоидати бахши хусусӣ барои иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳиро, ки дар давлатҳои ҳамдигар баргузор мегарданд, баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо оид ба иқтидори сайёҳии давлатҳо ва зиёд намудани шумораи […]

Мулоқоти раиси Кумита бо директори Агентии ҳамкориҳои техники ва рушд

Рӯзи 18 феврали соли 2025 дар бинои Кумита вохӯрии раиси Кумита Ҷамшед Ҷумъахонзода бо директори Агентии ҳамкориҳои техникӣ ва рушд (ACTED) ҷаноби Ян Севере баргузор гардид. Зимни мулоқот аз ҷониби роҳбарияти Кумита вобаста ба имкониятҳои сайёҳии кишвар ва шароитҳои фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, ҳамкориро бо ташкиллоти ғайритиҷоратӣ – Агентии ҳамкориҳои техникӣ ва рушд […]

Тоҷикистонро бо сипоснома дар намоишгоҳи Эрон қадрдонӣ карданд

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз анҷоми 18-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Tehran International Tourism and Related Industries Exhibition (TITE), ки аз 11 то 14 феврали соли 2025 дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, ҷиҳати иштироки фаъолона ва саҳм гузоштан дар рушди муносибатҳои дуҷониба дар бахши сайёҳӣ бо “СИПОСНОМА” сарфароз […]

Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи сайёҳӣ густариш меёбад

Тавре қаблан хабар додем, аз 11 то 14 феврал дар шаҳри Теҳрон Намоишгоҳи 18-уми байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Теҳрон «Tehran International Tourism and Related Industries Exhibition» баргузор мегардад. Дар доираи ин намоишгоҳ Раиси Кумита Ҷамшед Ҷумъахонзода бо Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Саид Ризо Солеҳи Амирӣ вохӯрӣ намуд. Дар вохӯрӣ […]

Мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ бо раиси минтақаи озоди иқтисодии ҷазири Киш-и Ҷумҳурии Исломии Эрон

Мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раиси минтақаи озоди иқтисодии ҷазири Киш-и Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадҷаъфари Кабирӣ дар рафти баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Теҳрон – Tehran International Tourism and Related Industries Exhibition (TITE). Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳоро дар самти саноати сайёҳӣ аз ҷумла, истеҳсолу […]

Мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мудири кулли сайёҳӣ ва гардишгарии вилояти Язди Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид

Рӯзи 12 феврали соли 2024 дар доираи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Теҳрон – Tehran International Tourism and Related Industries Exhibition (TITE) мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҷамшед Ҷумъахонзода бо мудири кулли сайёҳӣ ва гардишгарии вилояти (Устон) Язди Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вусъат бахшидани ҳамкориҳоро бо бахши хусусӣ ҷиҳати […]

Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ густариш медиҳанд

Дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Теҳрон  «Tehran International Tourism and Related Industries Exhibition» (TITE), ки дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон идома дорад, вохӯрии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода бо намояндагони бахши сайёҳӣ ва гардишгарии шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо омӯзиши таҷриба, шиносоӣ […]