Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақдими тандиси биринҷии чеҳраи Пешвои миллат ба Сарвари давлат

25 март Сайид Умари Маъсум – ҳунарманди волосалиқа ва ҳайкалтароши маъруфи тоҷик, ки дар Олмон кору сукунат дорад, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз маҳсулҳои ҳунари волои худ – тандиси биринҷии чеҳраи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шахсан тақдим намуд. Ин ҳунарманди хушсалиқаи тоҷик, ки солиёни дароз […]

Иштирок дар ҳамоиши наврӯзии – “Корвони шодӣ” дар шаҳри Душанбе

25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҷмааи Майдони “Истиқлоли”-и шаҳри Душанбе дар тантанаҳои ҳамоиши наврӯзии – “Корвони шодӣ” иштирок карданд.  Макони баргузории “Корвони шодӣ” бо шиорҳо дар васфи Наврӯз ва рамзи […]

Суханронӣ дар маросими баргузории карнавали наврӯзии «Корвони шодӣ» дар шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз! Муҳтарам сокинони пойтахт, меҳмонон ва ширкаткунандагони ҳамоиши наврӯзӣ! Ҳамаи шумо ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро    бори дигар ба муносибати куҳантарин ва бузургтарин ҷашни миллиамон – Наврӯз, ҷашни баҳор ва эҳёи табиат самимона табрик гуфта, ба шумо саломативу сарсабзии баҳорӣ ва ба Ватани маҳбубамон суботу пешрафти рӯзафзун орзу менамоям. Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва […]

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

24 марти соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.  Дар рафти суҳбат Пешвои миллат кирдори террористии золимонаи хунинро дар маҷмаи «Крокус Сити Холл» қатъиян маҳкум карда, таъкид карданд, ки “террористон на миллат доранду на ватан ва […]

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

23 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: «Муҳтарам Владимир Владимирович, Хабари ҳамлаи золимонаи террористӣ ба маҷмааи «Крокус Сити Холл» дар наздикии Москва, ки бар асари он шумораи зиёди шаҳрвандони Русия ба […]