Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

Dushanbe
7:01 am, February 22, 2024
1°C
Wind: 7 mph
Pressure: 1026 mb

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис додани гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ барои рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо

1. Бо мақсади самаранок ба роҳ мондани корҳо дар самти рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ таъсис дода шавад (замима мегардад).
2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо роҳбарии яке аз муовинони раис аз ҳисоби роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, вакилони маҷлисҳои вакилони халқ, фаъолони дигари вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гурӯҳҳои кории доимоамалкунанда таъсис диҳанд.
3. Гурӯҳҳои кории тибқи бандҳои 1 ва 2 таъсисёфта вазифадоранд, ки нақшаҳои чорабиниҳои алоҳида таҳия ва тасдиқ намуда, барои тақвият бахшидани корҳо дар самти рушди сайёҳӣ ва назорати раванди амалишавии барномаву нақшаҳои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ, касбу ҳунаромӯзии шарҳвандони мамлакат, ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, ҳифзи табиат, истифодаи самараноки заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ, ташкили фаъолияти маҳаллу растаҳо ва гӯшаҳои ҳунармандӣ дар шаҳру ноҳияҳо чораҷӯйӣ намоянд.
4. Роҳбарони гурӯҳҳои корие, ки тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2022, №АП-188 ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вобаста шудаанд, ба корҳои ободонию созандагӣ ҷалб гардида, ба гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати иҷрои супориш ҳамаҷониба мусоидат намоянд.
5. Гурӯҳҳои кории доимоамалкунандаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз натиҷаи корҳои анҷомдода ҳар семоҳа ба Кумитаи рушди сайёҳӣ маълумот пешниҳод намоянд.
6. Кумитаи рушди сайёҳӣ аз рафти корҳои анҷомдода ҳар семоҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) гузошта шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
31 январи соли 2024
№АП-507

Замима
ба Амри Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «­­­­­­­­31­­­­» январи соли 2024, №АП-50

Ҳайати гурӯҳи
кории ҷумҳуриявӣ

Роҳбари гурӯҳи корӣ – муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа);

муовини роҳбари гурӯҳи корӣ – раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

котиби масъули гурӯҳи корӣ – муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Аъзои гурӯҳ:

      – муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

      – муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

      – муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;

      – муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

      – муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

      – муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

      – муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

      – муовини раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

      – муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

      – муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

      – муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

      – муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

      – муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

      – муовини директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

      – муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;  

      – муовини раиси вилояти Суғд;

      – муовини раиси вилояти Хатлон;

      – муовини раиси шаҳри Душанбе; 

      – муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.82
US TJS/USD10.96
EU TJS/EUR11.84
RU TJS/RUB0.12
NBT · TJS · 22 Feb 
National Bank of Tajikistan
Check: 22 Feb 2024 00:05 UTC
Latest change: 21 Feb 2024 19:25 UTC
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

Dushanbe
7:01 am, February 22, 2024
1°C
Wind: 7 mph
Pressure: 1026 mb