Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис додани гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ барои рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо

1. Бо мақсади самаранок ба роҳ мондани корҳо дар самти рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ таъсис дода шавад (замима мегардад).2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо роҳбарии яке аз муовинони раис аз ҳисоби роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, […]