Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия дар ҳузури Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид: – Нақшаи ҳамкорӣ дар соҳаи саноат байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия; – Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии […]
Маросими сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти давлатии Федератсияи Русия – ордени «Барои хизмат дар назди Ватан»
Имрӯз дар Қасри Кремл маросими бо ордени «Барои хизмат дар назди Ватан» сарфароз гардонидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари расмӣ дар пойтахти Федератсияи Русия қарор доранд, баргузор гардид. Дар оғози маросим Фармони Президенти Федератсияи Русия дар бораи мукофотонии Сарвари давлати мо бо ин нишони […]
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия
Имрӯз, 21 ноябр дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия дар Қасри Кремл мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия баргузор шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин самимона истиқбол гирифт. Зимни музокирот сарони ду давлат дар доираи мулоқоти хосса […]
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди оромгоҳи Сарбози номаълум дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия гулчанбар гузоштанд
21 ноябр сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия бо гузоштани гулчанбар дар назди оромгоҳи Сарбози номаълум оғоз гардид. Дар маросими гулчанбаргузорӣ дар макони “Александровский сад” қаровули фахрӣ ва оркестр саф ороста буд. Коменданти ҳарбии шаҳри Москва оид ба саф кашидан ва омодагии Горди фахрӣ барои […]
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳи “Внуково-2”-и шаҳри МоскваМаросими истиқболи расмии
21 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷоми сафари расмӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия ташриф оварданд. Маросими истиқболи расмии меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳи “Внуково-2”-и шаҳри Москва баргузор гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Федератсияи Русия гарму самимӣ пазироӣ […]
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
21 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Федератсияи Русия сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи […]
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии “QTM-2023” дар шаҳри Давҳа
20 ноябри соли 2023 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар Намоишгоҳи байналмалилаии сайёҳии ифтитоҳи расмии “QTM-2023” баргузор гардид. Дар намоишгоҳи мазкур, ки то 22 ноябр идома меёбад, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои саёҳии ватанӣ иштирок намуда истодаанд. Дар ғурфаи Тоҷикистон маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, маводди таблиғотии марбут ба […]