Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
22:32, December 14, 2024
temperature icon 7°C
Humidity 61 %
Pressure 1014 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph

ТОҶИКИСТОН – АМНТАРИН КИШВАРИ ҶАҲОН БАРОИ СОКИНОН ВА САЙЁҲОН

Маркази байналмилалии тадқиқотии “Гэллап” (“Gallup”) дар натиҷаи як назарсанҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сархати феҳристи кишварҳои амни ҷаҳон ҷой додааст.

Гузориши нави “Гэллап” охири моҳи октябри соли 2023 нашр шуда, хулосаи сокинонро дар бораи эҳсоси хатар ва амнияташон дар 142 кишвари ҷаҳон дар бар мегирад. Дар ин радабандӣ Тоҷикистон бо 96 хол пеш аз Финландия ва Исландия бо 92-холӣ дар садри кишварҳои орому босуботи ҷаҳон ҷой гирифтааст.

Назарсанҷӣ ба воситаи телефон ё рӯбарӯ сурат гирифта, аз ҳар кишвар ҳудуди ҳазор нафар дар он ширкат варзиданд. Аз сокинон саволҳои зерин пурсида шудааст:

  • Дар шаҳр ё минтақае, ки шумо зиндагӣ мекунед, оё ба полиси маҳаллӣ эътимод доред?
  • Оё шумо, вақти шабона дар шаҳр ё маҳалли зистатон танҳо сайру гашт намудан, худро амн ҳис мекунед?
  • Дар давоми як соли охир, оё аз шумо ё аъзои оилаи шумо пул ё молу амвол дуздидаанд?
  • Дар давоми як соли охир, оё шумо мавриди таҷовуз қарор гирифтаед?

Тақрибан 7 нафар аз ҳар 10 нафар дар саросари ҷаҳон гуфтанд, ки шабона танҳо сайру гашт мекунанд (71%) ва ба полиси маҳаллӣ (72%) боварӣ доранд. Тақрибан аз ҳашт 1 нафар (12%) гуфтанд, ки соли гузашта молу мулки онҳо ё аъзои хонаводаи онҳоро дуздидаанд ва аз 16 як нафар (6%) гуфтанд, ки мавриди ҳамла ва ғорат қарор гирифтаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин радабандӣ пешсаф аст, соли 2021 танҳо аз Сингапур ақиб монд.

Гуфтан ба маврид аст, ки тинҷию оромӣ омили асосии рушди соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, ҷаҳонгардон бештар ба ҳамон кишварҳое сафар мекунанд, ки сулҳу субот дар он ҷо пойдор аст.

Бинобар ин, Тоҷикистон кишвари маҳбуб ва ҷолиби диққати дӯстдорони сайру саёҳат буда, эътироф намудани он ҳамчун кишвари амну осоишта дар ҷаҳон, беҳтарин ва бештарин имкониятҳоро барои рушди соҳаи сайёҳӣ доро мебошад.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.82
US TJS/USD10.92
EU TJS/EUR11.46
RU TJS/RUB0.11
14 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 14 Dec 2024 00:40 UTC
Latest change: 14 Dec 2024 00:40 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
22:32, December 14, 2024
temperature icon 7°C
Humidity 61 %
Pressure 1014 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph