Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷопон Фумио Кисида барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

3 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Япония муҳтарам Фумио Кисида барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: «Ҷаноби Олӣ, Хабари заминларза дар нимҷазираи Нотои префектураи Исикава, ки талафоти инсонӣ ва хисороти зиёди молӣ бар ҷой гузоштааст, боиси андуҳи амиқи мо гардид. Дар робита […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Императори Ҷопон Нарухито барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

3 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Императори Япония муҳтарам Нарухито барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: «Аълоҳазрат,Хабари заминларзаи шадид дар нимҷазираи Нотои префектураи Исикава, ки боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёди молӣ гардидааст, муҷиби андуҳи амиқи мо гардид.Дар робита ба ин мусибати […]

КУМИТАИ  РУШДИ САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ  ДАвлАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

1. Сардори Раёсати рушди сайёҳии Кумита – 1 ҷой Талаботи тахассусӣ барои довталабон – таҳсилоти олии касбии соҳаи сайёҳӣ, иқтисодӣ, байналмилалӣ, ҳуқуқшиносӣ, соҳаи идоракунии давлатӣ, технологияҳои муосири электронӣ ва дигар ихтисосҳои ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ; – 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияҳои дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ва ё 7 […]

Дар Тоҷикистон барои истироҳати меҳмонону сайёҳон муассисаҳои санаториву курортӣ фаъолият доранд

Мувофиқи маълумоти дастрасгардида, дар маҷмуъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 38 муассисаи санаториву курортӣ, новобаста аз шакли моликият фаъолият доранд, ки аз инҳо 4 адад дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 9 адад дар вилояти Хатлон, 18 адад дар вилояти Суғд ва 7 адад дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мебошанд. Ин осоишгоҳҳо барои истироҳати меҳмонону сайёҳони дохиливу хориҷӣ шароити […]

САФЕДДАРА- ЯГОНА МАШҚГОҲИ ВАРЗИШИИ ЗИМИСТОНА. Барои ҷалби ҳарчӣ бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ дар ин мавзеъ иншооти муҳими соҳа бунёд гардидаанд

29 декабри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо шароити кору хизматрасонии Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» шинос шуда, марҳилаи дуюми роҳи танобиро мавриди истифода қарор доданд. Бояд гуфт, ки бо мақсади дар амал татбиқ […]

САЁҲАТРО АЗ ВАТАНИ ХУД ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ба тамошои ёдгории таърихиву фарҳангии «Ҳулбук» — пойтахти Хутталони қадим меравем

Бо мақсади рушди сайёҳии таърихӣ Мамнуъгоҳи таърихиву фарҳангии «Ҳулбук» пурра навсозӣ шуда, дар атрофи он инфрасохтори сайёҳӣ бунёд мешавад. Имсол теъдоди сайёҳони дохилию хориҷие, ки мамнуъгоҳи таърихиву фарҳангиро тамошо намуданд, назар ба соли пешин зиёд гардидааст. Шаҳри Ҳулбук яке аз марказҳои муҳими сиёсӣ, фарҳангӣ ва тиҷоратии замони давлати Сомониён буда, дар таърихи давлатдории халқи тоҷик […]

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Маҷмааи лижаронию сайёҳии “Сафед-дара” дар ноҳияи Варзоб дидан намуданд

29 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо шароити кору хизматрасонии Маҷмааи лижаронию сайёҳии “Сафед-дара” шинос шуда, марҳилаи дуюми роҳи танобиро мавриди истифода қарор доданд. Бояд гуфт, ки бо мақсади дар амал татбиқ […]

Таҳти роҳбарии муовини дахлдори Сарвазири Тоҷикистон бо мақсади самаранок амалӣ намудани корҳо дар самти сайёҳӣ гурӯҳи кории босалоҳияти доимӣ таъсис меёбад

Солҳои 2018 – 2023 барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чор лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 330 миллион сомонӣ амалӣ гардида, илова бар ин, ба субъектҳои соҳа аз ҷониби низоми бонкии мамлакат зиёда аз 300 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо шудааст. Дар ин давра 1450 иншооти сайёҳӣ бунёд гардида, соли 2023 шумораи сайёҳон ба […]

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

28 декабри соли 2023 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон […]

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

27 декабр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори маҷлис нахуст Дар бораи Стратегияи миёнамуҳлати идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026 ҳисоботи вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода шунида шуд. Таъкид гардид, ки […]