Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Гурҷистон ҳамкориҳоро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд

16 январи соли 2024 Имрӯз, дар бинои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини раиси Кумита Салимзода Зиёдулло бо сафири фавқулодда ва мухтори Гурҷистон дар Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Георгий Чхеидзе ва мушовири калони намояндагии дипломатӣ Иркалий Кандалаки баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла […]
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки дар вазифаҳои роҳбарикунанда дар сохторҳои молиявию бонкӣ, маориф, Академияи миллии илмҳо, кумитаҳои ҷавонон, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Зимни суҳбат Пешвои миллат фаъолияти сохторҳои зикргардидаро пурра таҳлилу баррасӣ намуда, аз роҳбарони навтаъингардида […]
МАВЗЕЪҲОИ БЕҲТАРИНИ ИСТИРОҲАТИИ ТОҶИКИСТОН. Асоси воситаи табобати курортӣ дар «Хоҷа Оби Гарм»- обҳои маъданноки дармонбахш

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз мавзеъҳои беҳтарини курортӣ барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ, ки тамоми фасли сол фаъолият менамояд, осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» мебошад. Ин осоишгоҳ бо камоли хушнудӣ тамоми фасли сол меҳмонони хориҷиву дохилиро дар Тоҷикистони офтобӣ ва кӯҳҳои пурасрори он истиқбол намуда, онҳоро бо сарватҳои нодири табиӣ, махсусан имконияти сайёҳӣ шинос менамояд. Ин осоишгоҳ соли […]
Ҳамоиш оид ба шарҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ»

Имрӯз дар толори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш оид ба шарҳу муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» доир гардид. Дар кори ҳамоиш роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулаҳмадзода Зулфиқор муовини якуми Фраксияи […]
Мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ҳақан Фидан

10 январи соли 2024 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ҳақан Фиданро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Туркия мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот аз раванди кунунии рушди робитаҳо изҳори […]
«САФЕДДАРА» — МАКОНЕ БО ТАБИАТИ БАРФПӮШ. Сайёҳон аз манзараҳои зебо, кӯҳҳои барфпӯш, обҳои нуқрагин ва ҳавои тозаи атрогин баҳра мебаранд

Садои форами мусиқӣ, бозиҳо дар рӯйи барфу ях, нӯшидани чойи гарму рухсораҳои гулгун — ин ҳамаро метавонед дар оғӯши табиати барфпӯши «Сафеддара» бубинед ва эҳсос намоед. «Сафеддара» ягона машқгоҳи варзишии зимистона дар Тоҷикистон буда, ба мавзеи воқеан дилфиреби истироҳатию фароғатӣ ва машқу тамрингоҳи намудҳои гуногуни варзиши зимистона табдил ёфтааст. Маҷмаа дорои инфрасохтори зарурии замонавӣ буда, […]
ФАРОҒАТУ ТАБОБАТ ДАР ЗУМРАД. Муассисаҳои санаториву курортии Тоҷикистон барои истироҳати меҳмонону сайёҳон омода мебошанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои санаториву курортӣ, новобаста аз шакли моликият фаъолият доранд. Ин осоишгоҳҳо барои истироҳати меҳмонону сайёҳони дохиливу хориҷӣ шароити мусоиди ҳам истироҳат ва ҳам табобат фароҳам меоранд. Осоишгоҳи «Шифо» дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷойгир аст. Осоишгоҳро истироҳаткунандагон ва сайёҳон ҳамчун макони табобату истироҳат қарор дода, ба он аз ҷиҳати ҳолати хуби санитарию […]
Натиҷагирии фаъолияти Кумитаи рушди сайёҳӣ дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024

Имрӯз ҷаласаи Ҳайати мушовара оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ва вазифаҳо дар соли 2024 бо иштироки муовини якум ва муовини Раиси Кумита, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Кумита ва роҳбарону намояндагони воҳидҳои сохтории Кумита дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ […]
ҶАМЪАБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯИ ВАНҶ ДАР ДУВОЗДАҲ МОҲИ СОЛИ 2023

6 январи соли 2023 дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ванҷ дар дувоздаҳ моҳи соли 2023 бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ-Камолиддин Муминзод, раиси ноҳияи Ванҷ Мардзода Одинашо ва роҳбарони сохторҳои дахлдори ноҳия баргузор гардид. Дар ҷаласа ҳисобот вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти […]
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

4 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: «Ҷаноби Олӣ, Дар иртибот ба оқибатҳои фоҷеабори ҳамлаи террористӣ дар Кирмон, ки боиси ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди одамон […]









