Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистону Узбекистон

18 апрел дар Қасри миллат дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон ба як гуруҳ ҳунармандони ду кишвар баргузор гардид. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарфарозгардонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар рушди ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг байни Ҷумҳурии Тоҷикистон […]

Маросими табодули санадҳои имзошуда миёни Тоҷикистону Узбекистон

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон дар Қасри миллат маросими табодули санадҳои нави имзошудаи ҳамкорӣ баргузор гардид. Дар маҷмуъ аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ 28 санад ба имзо расид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Аҳдномаи ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон имзо гузоштанд. […]

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон

Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри миллат баррасии масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар вохӯрӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб идома ёфт. Дар ҷараёни мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистону Узбекистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ муҳокима гардид. […]

Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

18 апрел маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олиқадр идона оро ёфта буд, баргузор гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд. Маросими истиқбол бо […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёевро истиқбол гирифтанд

18 апрел Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро бо нишони эҳтирому самимияти олӣ ва ҳусни ҳамсоягиву бародарӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифтанд. Ба хотири пазироии сазовори меҳмони олимақом – Сарвари давлати дӯсту […]

Натиҷагирии фаъолияти Кумитаи рушди сайёҳӣ дар семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифагузориҳо барои давраи минбаъда

11 апрели соли 2024 ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумитаи рушди сайёҳӣ оид ба натиҷагирии фаъолияти Кумита дар семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифагузориҳо барои давраи минбаъда бо иштироки роҳбарияти Кумита, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, роҳбарони воҳидҳои сохторҳои маҳаллӣ ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардид. Тибқи рӯзномаи ҷаласаи Ҳайати мушовара ҳисоботҳои муовини якуми Раиси Кумита […]

Иштирок дар чорабинии фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд”

11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар чорабинии фарҳангӣ иштирок ва суханронӣ карданд.  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мардуми сарбаланди Тоҷикистон ва сокинони шарафманди вилояти Суғдро ба ифтихори ҷашни муқаддаси ниёгонамон – Наврӯз, иди саиди Фитр ва баъди […]

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Қалъаи Хуҷанд

Ҳамватанони азиз!Ҳозирини арҷманд! Бори дигар мардуми сарбаланди Тоҷикистон ва сокинони шарафманди вилояти Суғдро ба ифтихори ҷашни муқаддаси ниёгонамон – Наврӯз, иди саиди Фитр ва баъди азнавсозӣ ифтитоҳ гардидани ёдгории таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», ки туҳфаи арзандаи наврӯзӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва меҳмонони кишварамон мебошад, самимона табрик мегӯям. Аз сарчашмаҳои таърихӣ ба ҳама маълум аст, […]

Ифтитоҳи Маҷмааи таърихиву фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” баъд аз таъмиру навсозӣ

11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи сеюми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ба Маҷмааи таърихиву фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” ташриф оварда, ин иншооти муҳташами таърихиро, ки ҳамчун рамзи мардонагиву диловарӣ ва хештаншиносиву ватандӯстии тоҷикон ном бароварда, дар ҳифзи озодӣ ва […]

Ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабии “Наврӯзи Истиқлол” дар шаҳри Хуҷанд

11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Муассисаи таҳсилоти томактабии “Наврӯзи Истиқлол” -ро дар шаҳри Хуҷанд мавриди истифода қарор доданд. Муассисаи томактабии замонавӣ дар маркази вилояти Суғд дар заминаи дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Корхонаи […]