Ифтитоҳи Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар назди раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд

11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бинои наву замонавии Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро, ки бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои милливу байналмилалӣ бунёд шудааст, бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд. […]
Ифтитоҳи Маркази тиббии “Микролаб” дар шаҳри Хуҷанд

11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази тиббии “Микролаб”-ро мавриди истифода қарор доданд. Маркази тиббии “Микролаб” бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Акмалхон Камолов бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкориву созандагии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дорои муосиртарин таҷҳизоти соҳавӣ ва шароити хуби ташхису […]
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли равған дар заминаи ҶДММ “Сирдарё” дар шаҳри Хуҷанд

Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли равғанро, ки дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сирдарё” бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корхонаи нав ба истеҳсоли равғани пахта ва офтобпараст машғул буда, дар як сол иқтидор […]
Иштирок дар бунёди боғи интенсивии зардолу, гелос ва токи ҳавозавӣ дар Минтақаи таълимӣ-таҷрибавии “Палос” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Минтақаи таълимӣ – таҷрибавии “Палос”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, дар бунёди боғи интенсивии зардолу, гелос ва токи ҳавозавӣ иштирок карданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шинонидани ниҳоли ток […]
Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд

10 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд. Дар кори машварат натиҷаҳои фаъолияти бахшҳои муҳими иқтисодии вилоят дар се моҳи соли 2024, рафти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи барномаҳои давлатӣ, амалисозии ҳадафҳои стратегии […]
Ифтитоҳи Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан

10 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бинои навбунёди Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшанро ифтитоҳ намуданд. Қасри фарҳанг дар масоҳати 5 садяк замин бунёд шуда, майдони сохтмони зери бино 1 ҳазору 800 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Иншоот бо фармоиши […]
Боздид аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Истаравшан

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан ва ифтитоҳи боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии ҳунармандону сокинони шаҳри Истаравшан боздид намуданд. Намоишгоҳи сокинон, ҳунармандони шаҳри Истаравшан дар ду растаи алоҳида ва 20 хайма ташкил ёфта, […]
Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ ва муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Истаравшан

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бо пардабардорӣ аз муҷассамаи бунёдгузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Исмоили Сомониро ифтитоҳ намуданд. Ин макони истироҳату фароғат дар заминаи дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароити лозима барои сайру гашт ва истироҳати […]
Ифтитоҳи Муассисаи таълимии томактабии ширхоргоҳ-кӯдакистони №8 ба номи “Табассум” дар шаҳри Истаравшан

10 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Равғангарони деҳоти Гули сурхи шаҳри Истаравшан бинои Муассисаи томактабии ширхоргоҳ-кӯдакистони №8-ро ифтитоҳ намуда, бо шароити фароҳамшуда дар он шинос шуданд. Муассисаи томактабии “Табассум” ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпешаи […]
Ифтитоҳи бинои Гурӯҳи “Гули сурх”-и шуъбаи Раёсати КДАМ (дар шаҳри Истаравшан)-и вилояти Суғд

10 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маҳаллаи Равғангарони шаҳри Истаравшан ҳамчунин бинои Гурӯҳи “Гули сурх”-и шуъбаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар шаҳри Истаравшан)-и вилояти Суғдро мавриди истифода қарор доданд. Иншоот дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар […]









