Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
15:53, December 22, 2024
temperature icon 9°C
Humidity 53 %
Pressure 1022 mb
Wind 9 mph
Wind Gust: 0 mph

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ва нишасти матбуотии сарони давлатҳои Тоҷикистону Туркманистон

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сердар Бердимухаммедов маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухаммедов ба Эъломия оид ба таъмиқи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон имзо гузоштанд.

Сипас, дар назди Сарони давлатҳо 23 санади дигар:

  • Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ;
  • Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти киберии байналмилалӣ;
  • Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи техникии иттилоот;
  • Протокол байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон оид ба ҳамкории мутақобила дар доираи созмонҳои байналмилалӣ;
  • Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантини растаниҳо;
  • Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ;
  • “Харитаи роҳ” барои вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Туркманистон барои солҳои 2023-2025;
  • Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Хадамоти мониторинги молиявии назди Вазорати молия ва иқтисоди Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом;
  • Ёддошти тафоҳум байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Туркманистон;
  • Созишнома байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии гумруки Туркманистон оид ба ташкили мубодилаи иттилооти пешакӣ дар бораи мол ва воситаҳои нақлиёти тавассути сарҳади гумрукӣ интиқолшаванда;
  • Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳокимияти вилояти Марии Туркманистон;
  • Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳокимияти вилояти Балкани Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар самтҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ;
  • Барномаи чорабиниҳои якҷоя (“Харитаи роҳ”) дар бораи густариши ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи зиёд кардани ҷараёни бор ва фаъолгардонии боркашонии мултимодалӣ байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии нақлиёт ва комуникатсияи назди Девони Вазирони Туркманистон барои солҳои 2023-2025;
  • Ёддошти тафоҳум байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва истеҳсолоти сохтмонии Туркманистон;
  • Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории тиҷоратӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдо ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркманистон;
  • Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ;
  • Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии “Туркменавтоулаглары”-и Агентии нақлиёт ва комуникатсияи назди Девони Вазирони Туркманистон оид ба рушди ҳамлу нақли байналмилалии нақлиётӣ;
  • Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ байни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии Туркманистон оид ба омор;
  • Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии асосии “Туркменстандартлари”;
  • Ёддошти тафоҳум байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази илмии тадқиқоти стратегии Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон;
  • Ёддошт оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи саноатчиён ва соҳибкорони Туркманистон;
  • Ёддошти тафоҳум байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ва Агентии давлатии иттилоотии Туркманистон “TDH”;
  • Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳои мутақобила байни Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии иттифоқҳои касабаи Туркманистон.

Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳо Сарони давлатҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сердар Бердимухаммедов оид ба мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, зимни изҳороти хеш натиҷаҳои онро барои таъмиқи ҳамкориҳои минбаъда неку назаррас арзёбӣ карданд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.67
US TJS/USD10.93
EU TJS/EUR11.36
RU TJS/RUB0.11
22 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 22 Dec 2024 00:55 UTC
Latest change: 22 Dec 2024 00:55 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
15:53, December 22, 2024
temperature icon 9°C
Humidity 53 %
Pressure 1022 mb
Wind 9 mph
Wind Gust: 0 mph