Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз манзараҳои зебову нотакрори ноҳияи Варзоб

11 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухаммедов дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мавзеи зебову нотакрори кишвар дар ноҳияи Варзоб ташриф оварданд. Сарони давлатҳо аз мавзеи Такоб боздид намуда, табиати зебо ва манзараҳои нотакрори ноҳияи Варзобро тамошо карданд. Сайру […]

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ва нишасти матбуотии сарони давлатҳои Тоҷикистону Туркманистон

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сердар Бердимухаммедов маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухаммедов ба Эъломия оид ба таъмиқи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон имзо […]

Баррасии масъалаҳои мубрами соҳа дар ҷаласаи кории кумитаи рушди сайёҳӣ

Имрӯз, 10 майи соли 2023 таҳти роҳбарии раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод ҷаласаи назоратии ҳафта баргузор гардид. Тибқи тартиби корӣ дар маҷлиси назоратӣ фаъолияти воҳидҳои сохтории Кумита дар ҳафтаи гузашта, иҷрои босифат ва саривақтии ҳуҷҷатҳои назоратӣ, риояи интизоми меҳнат, таъмини босифати иштироки намояндагони Кумита дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ дар шаҳри […]

Сафари давлатии президенти Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 май Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухаммедов бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри миллат баргузор гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухаммедовро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват карданд. Маросими […]

Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Россия дар соҳаи сайёҳӣ

Масоили кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Россия дар бахши сайёҳӣ зимни мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод бо муовини раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба сайёҳӣ ва рушди инфрасохторӣ сайёҳии Федератсияи Россия – Костенко Наталя Василевна баррасӣ гардид. Дар мулоқот атрофи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ, […]