14 марти соли 2024 мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳи муҳтарам Камолиддин Муминзод бо Намояндаи доимии Ташкилоти Оқохон дар умури рушд (AKDN) дар Тоҷикистон ҷаноби Қозидавлат Қоимдодов баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо аз рафти муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ изҳори қаноатмандӣ байн намуда, иброз доштанд, ки минбаъд низ ҷиҳати рушди барномаҳои дуҷониба дар рушди соҳаи сайёҳӣ ҳамкориро давом диҳанд.
Дар мулоқот масъалаҳои мусоидат дар ҷалби сармояи Ташкилот ба рушди инфрасохторӣ сайёҳӣ ваташкил намудани курсҳои омӯзишӣ дар соҳаи сайёҳӣ барои кормандони соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муқокима қарор гирифтанд.
Пешниҳоди мазкур аз ҷониби Ташкилоти Оқохон дар умури рушд (AKDN) дар Тоҷикистон ба хуби пазируфта шуда, дар ин самт масъулини ҷонибҳо корҳои муайянро анҷом хоҳанд дод.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо иброз доштанд, ки бо мақсади густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба минбаъд низ омодаанд чунин вохӯриҳо баргузор намуда, масъалаҳои ҳалталаб ва муҳимро баррасӣ намоянд.