Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи нуҳуми Шӯрои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

15 марти соли 2024, шаҳри Душанбе Имрӯз таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳоким Холиқзода ҷаласаи нуҳуми Шӯрои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори Шӯро роҳбарияти вазорату идораҳо, намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, […]

Қабули эътимоднома аз сафирони нав

15 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулода ва мухтори як қатор кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд. Зимни маросим ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон Раҷеш Уки, Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Муҳаммад Мунирул Ислом, Подшоҳии […]

Вохӯрии Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ бо Намояндаи доимии Ташкилоти Оқохон дар умури рушд (AKDN) дар Тоҷикистон

14 марти соли 2024 мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳи муҳтарам Камолиддин Муминзод бо Намояндаи доимии Ташкилоти Оқохон дар умури рушд (AKDN) дар Тоҷикистон ҷаноби Қозидавлат Қоимдодов баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо аз рафти муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ изҳори қаноатмандӣ байн намуда, иброз доштанд, ки минбаъд низ ҷиҳати рушди барномаҳои дуҷониба дар рушди соҳаи сайёҳӣ […]

Вохӯрии Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ бо роҳбарии Намояндагии Агентии ҳамкориҳои байнамилалии Ҷопон (JICA) дар Тоҷикистон

14 марти соли 2024 раиси Кумитаи рушди сайёҳи муҳтарам Камолиддин Муминзод бо роҳбари Намояндагии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA) дар Тоҷикистон ҷаноби Имаи Сейдзю вохӯрӣ доир намуд. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Япония оид ба соҳаи сайёҳӣ тавассути Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA), аз ҷумла ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди […]