Даромади сайёҳии ҷаҳони қариб 95% барқарор шуда, наздик ба 9,5 триллион долларро ташкил дод. Ин аз сатҳи соли 2019 ҳамагӣ 5% камтар аст. Ба гуфтаи таҳлилгарон, ин маънои онро дорад, ки соҳа баъд аз пандемияи COVID-19 тақрибан пурра барқарор шудааст.
Маълумот дар таҳқиқоти Шӯрои ҷаҳонии гардишгарӣ ва сайёҳӣ барои соли ҷорӣ оварда шудааст.
Дар баробари ин дараҷаи бо кор таъминкунӣ дар ин соҳа торафт меафзояд. Интизор меравад, ки соҳаи сайёҳӣ беш аз 400 миллион нафарро дар ҷаҳон бо кор таъмин кунад.
Манбаъ: https://24.kz/ru/news/in-the-world/item/623307-pribyl-globalnogo-turizma-vosstanovilas-na-95