Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
01:00, July 15, 2025
25°C
36 %
1004 mb
4 mph
Wind Gust: 0 mph
Clouds: 20%
Sunrise: 05:12
Sunset: 19:48
Hourly Forecast
02:00
temperature icon
25°/25°°C 0 mm 0% 3 mph 36% 1004 mb 0 mm/h
05:00
temperature icon
21°/24°°C 0 mm 0% 3 mph 34% 1004 mb 0 mm/h
08:00
temperature icon
26°/27°°C 0 mm 0% 2 mph 25% 1005 mb 0 mm/h
11:00
temperature icon
34°/34°°C 0 mm 0% 6 mph 12% 1003 mb 0 mm/h
14:00
temperature icon
37°/37°°C 0 mm 0% 8 mph 11% 1000 mb 0 mm/h
17:00
temperature icon
36°/36°°C 0 mm 0% 12 mph 11% 999 mb 0 mm/h
20:00
temperature icon
30°/30°°C 0 mm 0% 5 mph 16% 1001 mb 0 mm/h
23:00
temperature icon
27°/27°°C 0 mm 0% 5 mph 23% 1003 mb 0 mm/h

Ҷаласаи нуҳуми Шӯрои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

15 марти соли 2024, шаҳри Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳоким Холиқзода ҷаласаи нуҳуми Шӯрои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори Шӯро роҳбарияти вазорату идораҳо, намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин кормандони масъули Кумитаи рушди сайёҳӣ ва намояндагони ассотсиатсияву ширкатҳои сайёҳӣ иштирок намуданд.

Нахуст муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳоким Холиқзода суханронӣ намуда, иброз дошт, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир ба соҳаи сайёҳӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардида, як қатор тадбирҳо ва ташаббусҳои созанда нисбати рушди ин соҳаи мӯҳими иқтисоди миллӣ амалӣ карда шуда истодаанд.

Пешвои муаззами миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” изҳор доштанд, ки соли 2023 шумораи сайёҳон ба як миллиону дусад ҳазор нафар расидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 20 фоиз зиёд мебошад.

Мавсуф иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки новобаста аз дастовардҳои соҳаи сайёҳии мамлакат тайи солҳои охир имкониятҳои барои рушди соҳа истифоданашуда ҳанӯз хеле зиёданд.

Дар ин замина, тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 январи соли 2024, №АП-507 бо мақсади самаранок ба роҳ мондани корҳо дар самти рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ таъсис дода шавад, ки тибқи бандҳои дахлдори амри мазкур гурӯҳҳои кории доимоамалкунандаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз натиҷаи корҳои анҷомдода ҳар семоҳа ба Кумитаи рушди сайёҳӣ оид ба иҷрои корҳои анҷомдодашуда маълумот манзур намоянд.

Албата ин иқдом барои самарабахш ва пурзур гардидани фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Қайд карда шуд, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои ояндадор ва босуръат рушдёбандаи хоҷагии ҷаҳон ба шумор рафта, дар рушди бахшҳои дигари иқтисодиёт нақши муассир мебошад.

Рушди соҳаи сайёҳӣ боиси тавлид гардидани ҷойҳои кории нав, вориди асъори хориҷӣ ва тақвияти нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар мегардад. Инчунин, соҳаи саёҳӣ ба соҳаҳои хизматрасонии нақлиёт, алоқа, савдо, хўроки умумӣ таъсири мусбӣ мерасонад.

Дар ин замина ҳар яки моро зарур аст, ки фаъолияти худро ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии кишвар дар самти рушди сайёҳӣ ҷоннок намуда, дар ин ҷода масъулияти бевосита дошта бошем.

Дар рафти ҷаласа ба масъулони тамоми вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати супориш дода шуд, ки ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ, сохтмони иншооти хизматрасонии сарироҳӣ чораҷӯӣ намоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки барои рушди соҳаи сайёҳӣ имрӯз тамоми заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ таъмин буда, Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” барои солҳои 2023 – 2026” бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2022, №631 тасдиқ гардида, мавриди татбиқ қарор дорад.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод оид ба фаъолияти Кумитаи рушди сайёҳӣ дар соли 2023 қайд намуд, ки дар натиҷаи дастгириҳои Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар соли 2023 шумораи умумии сайёҳони ба кишвар воридшуда ба 1 201 000 нафар расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 201 ҳазор нафар сайёҳ ё 20,2% зиёд мебошад.

Ҳамзамон қайд карда шуд. ки дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади рушди ҳамкорӣ ва ҷалби бештари сайёҳон 4 санади ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ба имзо расонида шуда, дар маҷмуъ 18 санади ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Амороти Муттаҳидаи Араб, Шри-Ланка, Урдун, Узбекистон, Қазоқистон, Федератсияи Россия, Швейтсария, Фаронса, Кувайт, Туркманистон, Озарбойҷон, Эрон, Покистон, Белоруссия, Қатар ва Созмони ҳамкории Шанхай, ба имзо расонида шудааст.

Ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии иқтидорҳои соҳаи сайёҳии кишвар махсусан сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ 55 чорабинӣ дар дохили кишвар ва 37 чорабинии сатҳи байналмилалӣ баргузор карда шуданд.

Дар хотимаи ҷаласаи Шӯро барои бартараф намудани камбудию мушкилоти ҷойдошта, татбиқи босамари ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат оид рушди устувори соҳаи сайёҳии кишвар, иҷрои босифати Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” барои солҳои 2023 – 2026” ва омодасозии соҳа ба пазироии сайёҳон, хусусан рушди сайёҳии дохилӣ аз ҷониби муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.03
US TJS/USD9.66
EU TJS/EUR11.3
RU TJS/RUB0.12
14 Jul · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 14 Jul 2025 14:45 UTC
Latest change: 14 Jul 2025 14:45 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
01:00, July 15, 2025
25°C
36 %
1004 mb
4 mph
Wind Gust: 0 mph
Clouds: 20%
Sunrise: 05:12
Sunset: 19:48
Hourly Forecast
02:00
temperature icon
25°/25°°C 0 mm 0% 3 mph 36% 1004 mb 0 mm/h
05:00
temperature icon
21°/24°°C 0 mm 0% 3 mph 34% 1004 mb 0 mm/h
08:00
temperature icon
26°/27°°C 0 mm 0% 2 mph 25% 1005 mb 0 mm/h
11:00
temperature icon
34°/34°°C 0 mm 0% 6 mph 12% 1003 mb 0 mm/h
14:00
temperature icon
37°/37°°C 0 mm 0% 8 mph 11% 1000 mb 0 mm/h
17:00
temperature icon
36°/36°°C 0 mm 0% 12 mph 11% 999 mb 0 mm/h
20:00
temperature icon
30°/30°°C 0 mm 0% 5 mph 16% 1001 mb 0 mm/h
23:00
temperature icon
27°/27°°C 0 mm 0% 5 mph 23% 1003 mb 0 mm/h