Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
05:15, July 27, 2024
temperature icon 25°C
Humidity 50 %
Pressure 1002 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph

Қабули эътимоднома аз сафирони нав

15 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулода ва мухтори як қатор кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд.

Зимни маросим ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон Раҷеш Уки, Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Муҳаммад Мунирул Ислом, Подшоҳии Нидерланд Нико Схемерс, Ҷумҳурии Литва Навикас Эгидиюс, Ҷумҳурии Словакия Виктор Боретски, Ватикан Ҷорҷ Ҷорҷ Панамтундил, Ҷумҳурии Ангола Аугушто да Силва Куня, Ҷумҳурии Бенин Андре Акамби Окунлола-Биау, Ҷумҳурии Сйерра Леоне Моҳамед Йонгаво ва Ҷумҳурии Колумбия Эктор Исидро Аренас Нейра, эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сафиронро ба муносибати таъин гардиданашон ба ин маснад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд.

Изҳори итминон карда шуд, ки фаъолияти самараноки сафирон омили муассири рушду таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунсоҳа байни кишварҳо хоҳад гардид.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки мулоқоти имрӯза дар айёме сурат мегирад, ки дар саросари сарзамини куҳантамаддуни Тоҷикистон накҳати яке аз зеботарин ҷашнҳои Машриқзамин – Наврӯзи оламафрӯз ба машом мерасад.

Бо истифода аз фурсати муносиб Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сафирони навтаъиншуда табрикоту таманниёти неки худро ба муносибати ин ҷашни байналмилалӣ иброз намуданд.

Зикр гардид, ки баробари мақоми байналмилалӣ гирифтани Наврӯз фазилатҳои неку созандаи он аз фазои милливу фарҳангиаш фаротар рафта, мазмуну тобиши ҷаҳонӣ касб кардааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Бангладеш, Шоҳигарии Нидерланд, Ҷумҳурии Литва, Ҷумҳурии Словакия, Ватикан, Ҷумҳурии Ангола, Ҷумҳурии Бенин, Ҷумҳурии Сиерра-Леоне ва Ҷумҳурии Колумбия андешаронӣ карданд.

Президенти мамлакат зикр намуданд, ки Давлати Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ пайваста саъй менамояд, то доираи шарикону дӯстонашро дар арсаи байналмилалӣ бештар густурда гардонад. 

Дар ин замина Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самтҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва амниятӣ равобити фаъолу созанда ба роҳ монда, пеш мебарад. 

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба авҷи бесобиқаи ташаннуҷ дар манотиқи гуногуни олам андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки дар чунин шароити ҳассос ҳамраъйӣ, ҳусни тафоҳум ва ҳамкории пурсамари байнидавлатӣ ҳамчун омилҳои калидии устувории ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳаммияти дучанд пайдо мекунад.

Таъкид гардид, ки дар ин замина давлати Тоҷикистон идомаи шарикӣ бо кишварҳои сафирони навтаъиншударо бахши таркибии сиёсати хориҷии худ медонад ва дурнамои онро нек арзёбӣ менамояд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.7
US TJS/USD10.64
EU TJS/EUR11.56
RU TJS/RUB0.12
26 Jul · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 26 Jul 2024 13:25 UTC
Latest change: 26 Jul 2024 13:25 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
05:15, July 27, 2024
temperature icon 25°C
Humidity 50 %
Pressure 1002 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph