Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
01:46, May 20, 2024
temperature icon 16°C
Humidity 72 %
Pressure 1017 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph

Суҳбати телефонӣ бо Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон

11 марти соли 2024 суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Осиф Алӣ Зардорӣ баргузор гардид.

Пешвои миллат дар оғози суҳбат муҳтарам Осиф Алӣ Зардориро дар робита ба интихоб гардиданаш ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон самимона табрик гуфта, ба ӯ саломатӣ ва дар фаъолияти давлатӣ барору комёбиҳо орзу намуданд.

Ҷонибҳо ҳамзамон вазъи кунунӣ ва дурнамои равобити дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Покистонро баррасӣ карданд.

Ҳамчунин ҷараёни мусбати рушди муносибатҳои шарикии ду давлат, ки бар арзишҳои муштараки таърихию фарҳангӣ, инчунин анъана ва усулҳои неки ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтирому эътимоди мутақобила асос ёфтаанд, бо қаноатмандӣ таъкид карда шуд.

Сарвари давлати мо фаъолона идома додани муколамаи байнидавлатиро ба нафъи таҳким ва тавсеаи равобити ҳамаҷониба арзёбӣ намуда, аз Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон даъват намуданд, ки аз Тоҷикистон боздид ба амал орад.

Дар фарҷом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талошҳои амалии муштарак ҷиҳати бо муҳтавои нав ғанӣ гардонидани муносибатҳои Тоҷикистон ва Покистон изҳори умед намуда, ба Покистони дӯст ва мардуми шарифи он сулҳу субот, некуаҳволӣ ва шукуфоии минбаъда орзу намуданд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.81
US TJS/USD10.94
EU TJS/EUR11.85
RU TJS/RUB0.12
09 Apr · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 09 Apr 2024 03:40 UTC
Latest change: 08 Apr 2024 19:25 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
01:46, May 20, 2024
temperature icon 16°C
Humidity 72 %
Pressure 1017 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph