Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи нахустини Гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву кабутизоркунӣ

22 феврали соли 2024 Имрӯз таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи нахустини гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ бо мақсади самаранок ба роҳ мондани корҳо дар самти рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” баргузор гардид. Маврид ба зикр аст, ки […]

Сарфарозгардонӣ бо ордени “Дуслик”-и Ҷумҳурии Тотористон

Дар шаҳри Қазон зимни як маросими бошукӯҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Рустам Минниханов бо мукофоти олӣ-ордени “Дуслик” (Дӯстӣ) сарфароз гардонда шуд. Тибқи Фармони Раиси Ҷумҳурии Тотористон, ордени “Дуслик” (Дӯстӣ) ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми барҷастаашон дар рушди ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Тотористон ва […]

Мулоқоту музокироти Тоҷикистону Тотористон

22 феврал дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия мулоқоту музокироти ҳайатҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тотористон баргузор шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот ба Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов барои пазироии самимӣ изҳори сипос карда, ба сатҳи баргузории мусобиқаи байналмилалии омехтаи “Бозиҳои оянда” баҳои баланд доданд. Таъкид гардид, ки Федератсияи Русия […]

Иштирок дар маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои байналмилалии “Бозиҳои оянда”

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсия Русия муҳтарам Владимир Путин, дигар сарони давлатҳо ва меҳмонони сершумори воломақом дар шаҳри Қазон дар маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои байналмилалии омехтаи “Бозиҳои оянда”, ки дар маҷмааи намоишии “Казан ЭКСПО” аз 21 феврал то 3 марти соли равон баргузор мегарданд,  иштирок намуданд. Тавре иттилоъ дода шуд, иштирокдорони ин […]

Мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

21 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, ҳамчунин масоили алоҳидаи байналмилалию минтақавӣ баррасӣ шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз аз имкони […]

Оғози сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия

21 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Қазон меҳмони олиқадр – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони расмии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тотористон самимона истиқбол гирифтанд. Дар назар аст, ки зимни сафар Президенти мамлакат […]

21 Феврал Рузи умумиҷаҳонии роҳбаладон

Имрӯз нақши роҳбаладонро одамони бомаърифат иҷро мекунанд, ки аксар вақт ҳатто дараҷаи илмӣ доранд Ҳамасола 21 феврал дар бисёре аз шаҳрҳои ҷаҳон, бахусус шаҳрҳое, ки марказҳои сайёҳӣ ҳастанд, Рӯзи байналмилалии роҳбаладонро ҷашн мегиранд. Ин ҷашн аз ҷониби Федератсияи умумиҷаҳонии ассотсиатсияҳои роҳбаладон (WFTGA) барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи аҳамият ва кори роҳбаладон таъсис дода […]