Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба шаҳри Қазони Федератсияи Русия

21 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми боздиди корӣ ба шаҳри Қазони Федератсияи Русия сафар намуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони […]

Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ барои рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо

Ҷаласаи якуми Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат муҳтарам Дилрабо Мансурӣ барои рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкили назорату корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо санаи 22 феврали соли 2024 соати 14:00 дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони гурӯҳҳои кории доимамалкунанда дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва вазорату идораҳо баргузор мегардад. […]