Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026»

Соҳаи ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, сол то сол рушд ёфта истодааст. Ҷиҳати рушд ва роҳандозии омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардиданд. Бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 бо […]

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  таъсиси гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонбарои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣдар солҳои 2024-2026Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо мақсади иҷрои банди 30 Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2020, №570 тасдиқ шудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р мекунад:1. […]

Тамошои пойгаҳи аспдавонӣ дар Қатар

Пас аз мулоқот Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои тамошои якҷояи мусобиқаи ниҳоии Ҷашнвораи аспдавонӣ ба тамошогоҳи майдони васеи хоси ин бозиҳо даъват намуданд. Суҳбати самимии сарони ду давлат ҳангоми тамошои пойгаҳи аспдавонӣ идома ёфт. Тавре зикр гардид, ин намуди варзиш дар миёни мардумони араб, […]

Мулоқот бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Қатар, шаҳри Давҳа, ки бо сафари кории якрӯза ташриф оварданд, нахуст бо Амири давлат Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ мулоқот намуд. Зимни вохӯрӣ, ки дар ҳошияи мусобиқаи ниҳоии Ҷашнвораи аспдавонӣ барои Ҷоми Амири Қатар баргузор гардид, масоили вобаста ба равобити дӯстӣ ва рушди ҳамкории бисёрҷанбаи ду […]

Оғози сафари корӣ дар Давлати Қатар

17 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Давҳа меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтирому самимияти хос Вазири варзиш ва ҷавонони Қатар Шайх Ҳамад ибн Аҳмад Оли Сонӣ ва дигар шахсони […]

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

16 феврали соли 2024 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумат баргузор шуд, ки дар кори он натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар моҳи январи соли 2024 баррасӣ шуд. Тавре дар суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, бо вуҷуди вазъи мураккаби […]