Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
27 декабр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори маҷлис нахуст Дар бораи Стратегияи миёнамуҳлати идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026 ҳисоботи вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода шунида шуд. Таъкид гардид, ки […]
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии роҳбарони давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок намуданд
26 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии роҳбарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат варзиданд. Дар ҷараёни мулоқот, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия доир гардид, сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо ҳолати ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳоро дар қолаби ИДМ мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин […]
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо роҳбарони давлатҳои иштирокчии ИДМ бо маконҳои таърихии шаҳри Санкт-Петербург шинос шуданд
26 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо роҳбарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз маконҳои таърихии шаҳри Санкт-Петербург, аз ҷумла осорхона-мамнӯъгоҳи “Павловск”, қасри Екатерининаи осорхона-мамнӯъгоҳи “Дарбори подшоҳӣ” ва Қасри бузурги Петергофи осорхона-мамнӯъгоҳи “Петергоф” боздид намуданд. Дар саҳни осорхона-мамнӯъгоҳи “Павловск” Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро […]