Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТОҶИКИСТОН – АМНТАРИН КИШВАРИ ҶАҲОН БАРОИ СОКИНОН ВА САЙЁҲОН

Маркази байналмилалии тадқиқотии “Гэллап” (“Gallup”) дар натиҷаи як назарсанҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сархати феҳристи кишварҳои амни ҷаҳон ҷой додааст. Гузориши нави “Гэллап” охири моҳи октябри соли 2023 нашр шуда, хулосаи сокинонро дар бораи эҳсоси хатар ва амнияташон дар 142 кишвари ҷаҳон дар бар мегирад. Дар ин радабандӣ Тоҷикистон бо 96 хол пеш аз Финландия ва […]

Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар Нишасти 16-уми сарони давлатҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ

9 ноябр дар пойтахти Ҷумҳурии Узбекистон – шаҳри Тошканд саммити 16-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд

9 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи саммити 16-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд. Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили рушду густариши ҳамкориҳоро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, энергетика ва фарҳангию гуманитарӣ муҳокима карданд. Изҳори […]

Оғози сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон

9 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Саммити 16-уми Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон […]

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон

9 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини […]

Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Эрон дар Ҳамоиши иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкорон иштирок намуданд

8 ноябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳими Раисӣ Ҳамоиши иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкорони Тоҷикистону Эрон баргузор гардид. Чорабинии сатҳи баланд дар ҳошияи сафари расмии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гузаронида шуда, дар он ҳайатҳои ҳукумати […]

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ

Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма! Қабл аз ҳама, бори дигар Раиси муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷаноби Олӣ, Сайид Иброҳим Раисиро ба Тоҷикистон хайрамақдам мегӯям. Дар доираи барномаи сафар, зимни мулоқоту гуфтушунидҳо дар фазои ҳусни тафоҳум, мо масъалаҳои мубрами муносибат ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Эронро мавриди баррасӣ қарор додем. Изҳори боварӣ карда шуд, ки муштаракоти зиёди таърихиву […]

Дар Душанбе маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баргузор шуд

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Эрон бо иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Иброҳим Раисӣ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд. Нахуст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Иброҳим Раисӣ Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эронро имзо намуданд. Сипас, […]

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон

8 ноябр дар Қасри миллат дар доираи сафари расмии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон музокироти сатҳи олии ду кишвар баргузор гардид. Дидору гуфтугуҳо аз мулоқоти хосаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ оғоз гардида, бо иштироки ҳайатҳои расмии ҷонибҳо идома ёфтанд. Дар […]