Ифтитоҳи бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42 дар шаҳри Кӯлоб
19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар шаҳри Кӯлоб бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-ро ба истифода супориданд. Бинои нави таълимӣ аз 2 ошёна иборат буда, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шудааст. […]
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ба гузаштагон оромгоҳи олим ва мутафаккири машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуда, бо қироати оятҳо аз Қуръони Маҷид баҳри пойдории суботу оромии Тоҷикистони соҳибистиқлол, осудагии мардуми мамлакат ва пешрафту шукуфоии Ватан дуову […]
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48-ро мавриди истифода қарор доданд
19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48-ро мавриди истифода қарор доданд. Бинои нави таълимӣ дар деҳаи Сангпари деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб аз ду ошёна иборат буда, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи […]
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ташриф оварданд
Нимаи дуюми рӯзи 19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи якчанд иншоот ва мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ташриф оварданд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб меҳмони олиқадр — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон […]
Боздид аз Хоҷагии деҳқонии боғпарварии “Боғи Нодир”-и ноҳияи Фархор
19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон аз Хоҷагии деҳқонии боғпарварии “Боғи Нодир” боздид ба амал оварданд. Дар Хоҷагии деҳқонии боғпарварии “Боғи Нодир” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маданияти истифодаи замин, аз ҷумла нашъунамои шолӣ дар кишти […]
Ифтитоҳи ҶДММ “Маркази ташхисию табобатии Ориёно” дар ноҳияи Фархор
19 октябр дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Фархор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Фархор бинои ҶДММ “Маркази ташхисию табобатии Ориёно”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. ҶДММ “Маркази ташхисию табобатии Ориёно” дар доираи тадбирои ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Лутфия […]
Гузоштани санги асоси Қасри фарҳанг дар ноҳияи Фархор
19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гузоштани санги асос барои бунёди қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Фархор иштирок намуданд. Тавре гуфта шуд, бинои қасри фарҳанг 3 ошёна буда, барои 700 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Фармоишгари иншооти мазкур Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон […]
Мулоқот бо ятимони кулл аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва супоридани туҳфаҳо ба онҳо
19 октябр баъди ифтитоҳи ҶДММ “Маркази ташхисиву табобатии Ориёно” дар деҳоти Фархори деҳаи Ориёни ноҳияи Фархор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 100 нафар ятими кулл аз ноҳияҳои Фархор, Балҷувон, Муъминобод, Темурмалик, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Шамсиддин Шоҳин мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд. Маврид […]
Ифтитоҳи ҶДММ “Маркази тиббии Саломат” дар маркази ноҳияи Фархор
19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ҶДММ «Маркази тиббии Саломат»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. «Маркази тиббии Саломат» бо мақсади расонидани кумаки ташхисию табобатӣ ба сокинон бо истифода аз таҷҳизоти муосир аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Азиза Умарова бунёд гардидааст. Сохтмони […]
Ифтитоҳи Дидбонгоҳи сарҳадии “Кокул” дар ноҳияи Фархор
19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ноҳияи Фархор Дидбонгоҳи сарҳадии “Кокул”-ро ба истифода доданд. Дар дидбонгоҳи сарҳадӣ шароити дараҷаи баландтарини хизмат, таълим, истиқомат, нигоҳдории техника ва дигар имконияти зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, […]