Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
21:31, November 7, 2024
temperature icon 10°C
Humidity 76 %
Pressure 1029 mb
Wind 7 mph
Wind Gust: 0 mph

Табрикоти Раиси Кумитаи рушди  сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Камолиддин Муминзод бахшида ба таҷлили 27 сентябр “Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ”

Ҳамватанони азиз ва  ҳамкорони гиромӣ,

Бо камоли эҳтиром ва самимияти хосса якояки Шуморо бо Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ, ки ҳамасола 27 сентябр дар саросари кишварҳои ҷаҳон таҷлил карда мешавад, табрику муборакбод менамоям.

Имрӯз сайёҳӣ омили муҳими рушди иҷтимоию иқтисодӣ миллӣ буда, воситаи хуби тарбияи ҷавонон дар руҳияи шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ, эҳё ва оммавӣ гардонидани мероси таърихию фарҳангӣ мебошад.

Кишвари азизи мо, Тоҷикистон кишвари дорои табиату кӯҳҳои нотакрор, пиряхҳои абадӣ, дарёҳои заррин, обҳои маъданӣ, шифобахшу ширин, фарҳанги бостониву асил буда, таваҷҷӯҳи мардуми ҷаҳонро ба худ ҷалб мекунад.

Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир дар натиҷаи амалӣ намудани барномаи давлатӣ, хусусан Стратегияи рушди соҳаи сайёҳӣ то соли 2030 дар самти пешравии устувории сиёсати давлат дар соҳаи сайёҳӣ як қатор дастовардҳои назарррас ба даст оварда шуданд, ки дар натиҷа шумораи сайёҳони хориҷӣ ба кишвар афзуда, саҳми соҳаи хизматрасониҳои сайёҳӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар тамоюли афзоишро доранд.

Айни замон симои нави мусбати Тоҷикистон ҳамчун кишвари мусоид барои рушди сайёҳӣ фаъолона ташаккул меёбад. Мо тамоми шароитро дорем, ки кишвари азизамонро ба яке аз мавзеъҳои сайёҳии ҷаҳон табдил диҳем. Боварӣ дорам, ки рушди минбаъдаи сайёҳӣ дар кишвари мо бо суръат давом меёбад.

Дар ин замина, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз тамоми неру ва ваколатҳои худ баҳри рушди устувори соҳаи сайёҳӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ, таъриху тамаддун ва иқтидорҳои сайёҳӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти хосса кушиш ба харҷ медиҳад.

Бигузор Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ барои ҳаряк фарди тоҷик ибтидои сайёҳатҳои ҷолиб ва дастовардҳои бузург гардад.

Ба кормандони соҳаи сайёҳӣ ва шахсони бо ин соҳа алоқаманд саломатӣ, рӯзгори хуб ва муваффақиятҳои касбӣ ва ба сайёҳон – иди фархунда орзумандам. Саломату сарбаланд бошед ҳамватанонии азиз

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.74
US TJS/USD10.65
EU TJS/EUR11.45
RU TJS/RUB0.11
07 Nov · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 07 Nov 2024 13:05 UTC
Latest change: 07 Nov 2024 13:05 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
21:31, November 7, 2024
temperature icon 10°C
Humidity 76 %
Pressure 1029 mb
Wind 7 mph
Wind Gust: 0 mph