МУАРРИФИИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НАМОИШГОҲИ “PAKISTAN TRAVEL MART 2025”
Имкониятҳои сайёҳии кишвар дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии “Pakistan Travel Mart 2025”, ки аз 31 январ то 2 феврали соли 2025 дар шаҳри Қарочии Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор мегардад, муаррифӣ карда шуд. Дар чорабинии мазкур ҳайати кишвар бо роҳбарии Раиси Кумита Ҷумъахонзода Ҷамшед, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони агрегатори ширкатҳои сайёҳӣ ТУР ТҶ ва […]
Аз моҳи март «Сомон Эйр» парвозҳоро дар масири Душанбе-Теҳрон-Душанбе зиёд менамояд
Шуруъ аз 5 марти соли 2025 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро дар масири Душанбе — Теҳрон — Душанбе ҳафтае ду маротиба — рӯзҳои душанбе ва чоршанбе анҷом медиҳад. Ин иқдом марҳилаи нави рушди робитаҳои сайёҳӣ ва тиҷоратӣ байни ду давлат арёзбӣ мегардад. Зиёд намудани шумораи парвозҳо имкон медиҳад, ки сафарҳо дар ин масир дастрас ва […]
«Тоҷик Эйр» тасмим гирифтааст, ки парвозҳои дохилиро аз Душанбе ба самтҳои Ванҷ, Рашт ва Лахш роҳандозӣ намояд
Ширкати ҳавопаймои «Тоҷик Эйр» тасмим гирифтааст, ки соли 2025 ҷуғрофиёи парвозҳои маҳаллиро тақвият дода, дар масири Душанбе-Ванҷ-Душанбе, Душанбе-Рашт-Душанбе, Душанбе-Лахш-Душанбе парвозҳои ҳавоиро фаъол гардонад. Гуфта шуд, ки соли 2024 ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар масири Душанбе –Хоруғ –Душанбе, Душанбе –Кӯлоб –Душанбе ва Душанбе –Панҷакент –Душанбе парвозҳоро тавассути ҳавопаймои АН-28 (ЕУ-28736) амалӣ намуд. Танҳо давоми қариб чор […]
Соли 2025 Тоҷикистон нақша дорад, ки ба Бритониё, Маҷористон, Кипр, Кореяи Ҷанубӣ, Миср ва Арабистони Саудӣ парвозҳо роҳандозӣ кунад
Соли 2025 Тоҷикистон нақша дорад, ки ба Бритониё, Маҷористон, Кипр, Кореяи Ҷанубӣ, инчунин ба Миср ва Арабистони Саудӣ парвозҳо роҳандозӣ кунад. Илова бар ин, барои сафар кардан ба Бритониё тариқи парвози транзитии Душанбе-Тифлис-Лондон ба нақша гирифта шудааст. Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон мегӯяд, ки дар марҳилаи аввал парвозҳо ҳафтае як маротиба анҷом дода мешаванд.
Хатсайрҳои сайёҳии «САЙРИ САДА» 1 феврал ройгон ташкил мешаванд
1 феврал бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои меҳмонон ва сокинони пойтахт хатсайрҳои сайёҳии «Сайри Сада» ба таври ройгон ташкил карда мешаванд. Дар доираи хатсайри сайёҳии «Сайри Сада» роҳбаладон бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ таъмин гардида, доир ба имконоти сайёҳии шаҳри Душанбе ва моҳияти ҷашни Сада маълумоти мушаххас пешниҳод менамоянд. Вазорату […]
Суханронӣ дар ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон
Раиси муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷаноби Олӣ Масъуди Пизишкиён, бародари азиз, Хонумҳо ва ҷанобон, Ҳузури Шуморо дар Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон хайрамақдам мегӯям. Мусаллам аст, ки бахшҳои тиҷорату иқтисод дар таҳкими дӯстию шарикии мардумони кишварҳои мо нақши хеле муҳим доранд. Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар тақрибан то 50 дарсад дар соли […]
Тоҷикистону Эрон санадҳои ҳамкории дуҷонибаро ба имзо расониданд
Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоти музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон бо иштирок ва дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён 23 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Зери Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон сарони ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва […]
Маросими истиқболи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён дар Қасри миллат
16 январ маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири нахустин сафари давлатии меҳмони воломақом идона ороста буд, баргузор гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиёнро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд. Маросими истиқбол […]
Аввалин парвози ҳавопаймо дар масири Душанбе – Кӯлоб ва баръакс дар замони истиқлол анҷом ёфт
Ҳавопаймои “Тоҷик Эйр” имрӯз соати 10:20 дақиқа бо 17 мусофир аз шаҳри Душанбе парвоз кард ва соати 10:50 ба шаҳри Кӯлоб фуруд омад. Аз шаҳри Кӯлоб ҳавопаймо соати 13:30 парвоз карда, соати 14:00 ба шаҳри Душанбе фуруд омад. Парвоз аз Душанбе ба Кӯлоб 30 дақиқа давом кардааст. Парвозҳо бо ҳавопаймоии АН-28 анҷом хоҳанд шуд нархи […]
Муколамаи намояндагони бахши хусусии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид
Имрӯз дар меҳмонхонаи “Ҳайят Реҷенси”-и шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишасти муштараки фаъолони иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони бахши давлатӣ ва хусусии ҳарду ҷониб иштирок намуданд. Дар оғоз Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Султон, […]