Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз 16 ноябри соли 2023 дар толори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш Маликшо Неъмантоза Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, намояндаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва кормандони дастгоҳи марказии Кумита иштирок намуданд. […]

ТАБРИКОТИ РАИСИ КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КАМОЛИДДИН МУМИНЗОД БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамватанони иззатманд ва ҳамкасбони гиромӣ, ​Бо камоли ифтихор якояки Шуморо, ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрик менамоям. Кишвари азизи мо ҳануз 29 сол муқаддам бо дуои миллати куҳанбунёди тоҷик зери роҳбарии шахси некусиришт ва бунёдгузоре чун Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, бо кирдору […]