Суханронӣ дар ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон
Раиси муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷаноби Олӣ Масъуди Пизишкиён, бародари азиз, Хонумҳо ва ҷанобон, Ҳузури Шуморо дар Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон хайрамақдам мегӯям. Мусаллам аст, ки бахшҳои тиҷорату иқтисод дар таҳкими дӯстию шарикии мардумони кишварҳои мо нақши хеле муҳим доранд. Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар тақрибан то 50 дарсад дар соли […]
Тоҷикистону Эрон санадҳои ҳамкории дуҷонибаро ба имзо расониданд
Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоти музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон бо иштирок ва дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён 23 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Зери Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон сарони ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва […]
Маросими истиқболи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён дар Қасри миллат
16 январ маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири нахустин сафари давлатии меҳмони воломақом идона ороста буд, баргузор гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиёнро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд. Маросими истиқбол […]
Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон
15 январ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтироми баланд меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиёнро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Саҳни фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба хотири пазироии арзандаи меҳмони олиқадр бо парчамҳои […]
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳаманамуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон м е д и ҳ а м:1. Ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 январи соли 2027 мораторий эълон карда шавад.2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони […]
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо нақшаи сохтмони бинои Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав шинос шуданд

22 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо нақшаи биноҳои нави Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав шинос шуданд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойи бунёди Вазорати маориф […]
Ифтитоҳи корхонаи коркарди пахта дар ноҳияи Кӯшониён

15 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон корхонаи коркарди пахтаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ифтихори Ватан”-ро мавриди истифода қарор дода, бо раванди фаъолияти хати технологӣ дар он шинос шуданд. Корхонаи коркарду истеҳсоли пахта дар ноҳияи Кӯшониён аз зумраи иншооти ҷашнӣ […]
Шиносоӣ бо лоиҳаи корхонаи истеҳсоли мототсиклҳои гуногунҳаҷми ҶДММ “Вахш саноат” дар ноҳияи Кӯшониён

14 декабр дар ноҳияи Кӯшониён Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи корхонаи истеҳсоли мототсиклҳои дучарха ва сечархаҳои гуногунҳаҷми ҶДММ “Вахш саноат” шинос шуданд. Корхонаи мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” бунёд мешавад. Ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи маҳсулоти дар оянда […]
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина”

13 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат бинои наву замонавии Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина”-ро, ки бо тарҳ ва шакли зебо бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Сарвари давлат бо шароиту […]
Ифтитоҳи бинои Маркази миллии идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ

13 декабр дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои Маркази миллии идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд. Марказ бо таҷҳизоту технологияи иттилоотии муосир таҷҳизонида […]