Тоҷикистон ба як макони серталаби сайёҳии Авруосиё табдил меёбад
Евроосиё эҳёи сайёҳиро аз сар мегузаронад. Тоҷикистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Узбекистон, Гурҷистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Русия ба яке аз мавзеъҳои серталабтарини сайёҳии ҷаҳон табдил меёбанд. Ин кишварҳо, ки замоне ганҷҳои ниҳонӣ ҳисобида мешуданд, ҳоло бо мероси бойи фарҳангӣ, мӯъҷизаҳои табиат ва таҳаввулоти муосири худ таваҷҷуҳи ҷаҳониро ба худ ҷалб мекунанд. Ин афзоиши сайёҳон аз ҳисоби афзоиши […]
Иштирокчиёни нахустин “Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе” Тоҷикистонро беҳтарин макони сайёҳӣ номиданд
Суханрон дар нахустин Намоишгоҳи байналмилалии гардишгарии Душанбе (DITE) Тоҷикистонро беҳтарин макони гардишгарӣ дар Осиёи Марказӣ ва кишварҳои минтақа, аз ҷумла Покистон эълом карданд. Дар нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе тоҷирон ва саноатчиёни Покистон стендҳои гуногун гузошта, дар чорабиниҳои гуногуни саноатӣ ва тиҷоратӣ иштирок карданд. Дар намоишгоҳ соҳибкорони бахшҳои мухталиф, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ, сайёҳӣ ва […]
Сайёҳ дар бораи меҳмоннавозии сокинони деҳаи кӯҳистонии Тоҷикистон нақл мекунад

Сайёҳи рус таассуроти худро аз сафараш ба як деҳаи кӯҳистонии Тоҷикистон нақл кард, хабар медиҳад Лента. Сокинони маҳаллӣ бениҳоят меҳмоннавоз буданд, гуфт ӯ. Онҳо зуд ӯро ба хонаашон барои хӯроки нисфирӯзӣ даъват карданд. Онҳо ӯро бо як табақи оши хушбӯй, ки субҳи ҳамон рӯз пухта шуда буд, зиёфат карданд. Сайёҳ қайд кард, ки миқдори ғизо […]
ТАҶДИДИ РАҚАМИИ 3D-И АҶИНАТЕППА

13 декабри соли 2024 дар Кумитаи рушди сайёҳӣ бо иштироки раиси Кумита, ширкатҳои сайёҳӣ, васоити ахбори омма ва кормандони дастгоҳи марказии Кумита маросими ифтитоҳи таҷдиди рақамии 3D-и Аҷинатеппа баргузор гардид. Лоиҳаи мазкур бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар доираи маблағҳои лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот”-и Вазорати молия аз ҷониби ширкати ватании ҶДММ “Кафолат Машварат” бо мақсади […]
ИФТИТОҲИ БАРНОМАИ МОБИЛИИ TOURIST MAP TAJIKISTAN

Рузи 13 декабри соли 2024 дар бинои Кумитаи рушди сайёҳи маросими ифтитоҳи барномаи мобилии Tourist Map Tajikistan бо иштироки раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ – Камолиддин Муминзод, ширкатҳои сайёҳӣ, намояндагони васоити ахбори омма ва кормандони дастгоҳи марказии Кумита баргузор карда шуд. Tourist Map Tajikistan – замимаи мобилии офлайн барои сайёҳони хориҷиву дохилӣ пешбинӣ шуда, бо ташаббуси […]
БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ 30-СОЛАГИИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Рӯзи 13 декабри соли 2024 бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷаласаи тантанавӣ доир гардид. Дар ҷаласа раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ – Камолиддин Муминзод, роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Абдураҳмон Хонзода, намояндагони васоити ахбори омма, ширкатҳои сайёҳӣ ва кормандони дастгоҳи марказии Кумита ширкат варзиданд. […]
БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ СУДМАНД БО ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ АГЕНТӢ БО КОРМАНДОН БАХШИДА БА «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ» ВА «РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ»

13-уми декабри соли 2024 дар бинои дастгоҳи марказии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши судманд бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Кумита бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва “Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия” баргузор гардид. Дар ҳамоиш пас аз суханони муқаддимавии муовини якуми раиси […]
Аъзои гурӯҳи корӣ аз имкониятҳои сайёҳии кишоварзии вилояти Хатлон дидан намуданд

Дар ҳошияи баргузории ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аъзои гурӯҳи корӣ аз имкониятҳои сайёҳии кишоварзии вилояти Хатлон дидан намуданд. 10 декабри соли 2024 баъд аз чорабинӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Дилрабо Мансурӣ якҷо бо […]
ҶАЛАСАИ СЕЮМИ ГУРӮҲИ КОРИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Рӯзи 10 декабри соли 2024 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид, ки дар кори он аъзоёни гурӯҳи корӣ, роҳбарони гурӯҳҳои кории доимоамалкунандаи […]
Таҷдиди роҳ ва пули мошингард дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

05.12.2024 19.20 шаҳри Душанбе 5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки корҳои навсозӣ дар ин […]