Дар соли 2024 Кӯлоб беҳтарин шаҳр дар вилояти Хатлон дониста шуд
Тибқи озмуни вилоятии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳаллаи аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ дар соли 2024» Кӯлоб беҳтарин шаҳр дар вилояти Хатлон дониста шуд. 13 январ озмуни вилоятии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳаллаи аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ дар соли 2024» ҷамъбаст гардид. Ғолибони ҷойи якум бо 10 000 сомонӣ, ҷойи дуюм бо […]
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳаманамуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон м е д и ҳ а м:1. Ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 январи соли 2027 мораторий эълон карда шавад.2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони […]
Дар «Google Maps», «Яндекс Карты» 1500 акси Душанбе ҷой карда шуд
Имрӯз бо ташаббуси шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» дар робита ба ҷой кардани аксҳои ҷолиби шаҳри Душанбе дар харитаҳои рақамии бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ маросими рӯнамоӣ баргузор шуд. Дар чорабинӣ масъулони шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, […]
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намудани солҳои 2025-2030

Таъмини рушди бонизоми зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва технологияҳои инноватсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлат буда, дар як муддати кӯтоҳ бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва асосҳои ҳуқуқии соҳа ташкилу тақвият ёфтанд. Бо дарки муҳиммияти мавзуъ, дар шароити муосири рушду […]
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣва инноватсия» эълон намудани солҳои 2025-2030 Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: 1. Солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шавад. 2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд. Президенти […]
Таъиноти кадрӣ дар Кумитаи рушди сайёҳӣ

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОР аз 7 январи соли 2025 №13ш. Душанбе Дар бораи раиси Кумитаи рушди сайёҳииназди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонтаъин намудани Ҷумахонзода Ҷ.Ҷ. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:Ҷумахонзода Ҷамшед Ҷурахон раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад. РаисиҲукумати ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Дар Москва иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT» баррасӣ гардид
7 январ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо директори Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT» Максим Шилов мулоқот намуд. Зимни мулоқот тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни ду давлат, аз ҷумла иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT» (18-20 марти соли 2025) ва масоили дигари мавриди эҳтимоми тарафҳо баррасӣ гардид. […]
Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар»

28 декабри соли 204 дар толори Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд. Дар толор раёсати ҳарду маҷлиси Парламент, аъзои Маҷлиси миллӣ […]
Намоишгоҳи байналмилалии гардишгарии Душанбе дар моҳи сентябри 2025 баргузор мешавад
Соли 2025 Намоишгоҳи байналмилалии гардишгарии Душанбе дар нимаи дуюми моҳи сентябр баргузор мешавад. Намоишгоҳ бо дастгирии роҳбарияти пойтахт ташкил карда мешавад. “Мо итминон дорем, ки Намоишгоҳи байналмилалии гардишгарии Душанбе ба ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин, аз ҷумла ба Душанбе. Чорабини ҳамчунин ба намоиши қобилият ва зерсохтори соҳаи сайёҳӣ мусоидат хоҳад […]
Дар Душанбе семинари машваратӣ оид ба рушди кӯҳнавардӣ баргузор шуд
30 декабри соли 2024 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари муштараки машваратӣ дар мавзӯи «Рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ» баргузор гардид бо Роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар чорабинӣ муовини якуми Раиси КҲФ Генерал-майор Латифзода Х.Л., муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии […]