Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд

17 июл дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар кори маҷлис масъалаи вусъат бахшидани фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Зимни суханронӣ Раиси […]

Вохӯрии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири иқтисод ва сайёҳии Аморати Муттаҳидаи Араб

16 июли соли 2025 вохӯрии расмии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷамшед Ҷумъахонзода бо Вазири иқтисод ва сайёҳии Аморати Муттаҳидаи Араб ҷаноби Абдулло ибни Тауқ Ал-Маррӣ баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ, табодули таҷриба миёни ширкатҳои сайёҳӣ ва ташкил намудани сафарҳои мутақобилаи сайёҳонро мавриди баррасӣ […]

Тақвияти ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи сайёҳӣ

Имрӯз дар музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қирғизистон бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров маросими нави ба имзо расонии санадҳои ҳамкорӣ баргузор гардид. Боиси ифтихормандӣ ва рушди соҳа мебошад, ки дар музокироти сатҳи олӣ Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ […]

Нишасти матбуотӣ аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қирғизистон

Пас аз анҷоми музокирот ва маросими имзои санадҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров барои намояндагони васоити ахбори омма дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои мулоқоти сатҳи олӣ суханронӣ карданд.  Изҳороти матбуотӣ аз рӯйи натиҷаҳои музокирот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон С.Н. Жапаров Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма, Хонумҳо […]

Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров дар маросими маҷозии бозкушоии гузаргоҳи сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок намуданд

Дар Қасри миллат пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров дар маросими маҷозии бозкушоии гузаргоҳи сарҳадии “Тоҷварон” – “Қарамиқ” дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон иштирок намуданд. Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба омодагӣ ба бозкушоии гузаргоҳҳо шахсони масъул гузориш доданд. Сарони ду […]

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон

Пас аз анҷоми музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳузур ва ба иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ба Изҳороти муштарак миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон имзо гузоштанд. Ҳамчунин санадҳои […]

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қирғизистон

Дар Қасри миллат масоили ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон дар мулоқоти хоссаи Сарони давлатҳо ва бо иштироки ҳайатҳои расмӣ баррасӣ гардид. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр – Садир Жапаров ва ҳайати ҳамроҳашро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд. Дар мулоқоту музокирот доираи васеи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб, аз ҷумла густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ […]

Маросими истиқболи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров дар Қасри миллат 

8 июл маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири сафари давлатии меҳмони воломақом идона ороста шуда буд, баргузор гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаровро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд. Маросими истиқбол бо гузориши […]

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд

8 июл Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми баланд меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаровро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Саҳни фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба хотири пазироии арзандаи меҳмони олиқадр бо парчамҳои давлатии ду […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Дарвоз мулоқот намуданд

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншоот ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Дарвоз мулоқот намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаи фаъолияти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Дарвозро давоми панҷ моҳи соли равон таҳлил намуда, иброз доштанд, ки мо зимни сафари кории навбатӣ […]