Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои парлумонӣ — иштирокдорони Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфтанд

10 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои парлумонӣ – иштирокдорони Конференсияи байналмилалии парлумонӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфтанд. Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои парлумониро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот оид ба қабули санади муҳиму […]

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенкоро ба ҳузур пазируфтанд

10 октябр дар Қасри Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенкоро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия ва нақши равобити байнипарлумонӣ баррасӣ шуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор доштанд, ки мо ҳамкории парлумониро бахши муҳими саъю кӯшиши муштарак барои рушди […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибофро ба ҳузур пазируфтанд

10 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибофро дар доираи сафари расмии онҷониб ба Тоҷикистон ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили муносибатҳои Тоҷикистону Эрон бо шумули робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар баррасӣ гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз изҳор доштанд, ки […]

Вохӯрии раиси Кумита бо роҳбари Департаменти рушди сайёҳӣ ва саноати меҳмондории вилояти Свердловски Федератсияи Россия

Рӯзи 9 октябри соли 2024 мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод бо ҳайати вилояти Свердловски Федератсияи Россия, ки таҳти роҳбарии директори Департаменти рушди сайёҳӣ ва саноати меҳмондории вилоят Э. Туканова ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд баргузор гардид. Дар мулоқот атрофи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ, робитаи ҳамкориҳо байни […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд

8 октябр дар шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ҷаласа вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод баррасӣ гардид. Аз 1 январи соли 2025 раёсат дар ИДМ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад ва аз ин рӯ, Сарвари […]

Мулоқоти раиси Кумита бо намояндагии ширкати қатарӣ, Директори дафатри “Шайх Холид ибни Ҳамад ибни Абдулло Оли Сонӣ”

Рӯзи 8 октябри соли 2024 дар бинои Кумита мулоқоти раиси Кумита – Камолиддин Муминзод бо намояндагии ширкати қатарӣ, Директори дафатри “Шайх Холид ибни Ҳамад ибни Абдулло Оли Сонӣ” Аҳмад Салоҳ Ал-Халақӣ ва Ҳасан Абдулло Ал – Тҳанӣ баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ Раиси Кумита оид ба мавҷудияти имкониятҳои фаровони сайёҳӣ, хусусан сайёҳии экологӣ, солимгардонӣ, кишоварзӣ […]

Натиҷаҳои ҷамъбастии фаъолияти кумита дар нуҳ моҳи соли 2024 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷаласаи Ҳайати мушовара оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар нуҳ моҳи соли 2024 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда бо иштироки раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод, муовини якум ва муовини раиси Кумита, роҳбарияти КВД “Маркази иттилоотӣ ва хизматрасониҳои сайёҳӣ”, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Кумита ва роҳбарону намояндагони […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд

7 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд. Дар фурудгоҳи “Внуково-2”-и шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Федератсияи Русия самимона пазироӣ карданд. Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок менамоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар намуданд

7 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев баргузор гардид. Президенти Қазоқистон дар оғози суҳбат Пешвои миллатро бо ҷашни зодрӯзашон самимона табрик гуфта, ба Сарвари давлати мо саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои рӯзафзун орзу намуданд. Дар ин зимн таъкид гардид, ки ҷониби Қазоқистон […]