Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Рӯшон мулоқот намуданд

12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон бо роҳбарону фаъолон ва сокинон мулоқот намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба кулли мардуми сарбаланди ноҳияи Рӯшон барои истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос карданд. Президенти кишвар рушду пешрафти ноҳияро дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳлил намуда, изҳор доштанд, ки ба шарофати истиқлоли […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти Рӯшони ноҳияи Рӯшонро ба истифода доданд

12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи нахустини сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти Рӯшони ноҳияи Рӯшонро ба истифода доданд.  Бино аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 9 ҳуҷраи корӣ мебошад, ки ҳар яки онҳо бо мизу курсӣ, компютер ва дигар дастгоҳу […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон ба ятимон ва маъюбон туҳфа тақдим намуданд

12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарабхонаи «Сафина» бо 100 нафар ятимон ва маъюбони ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Шуғнон ва Рӯшон мулоқот намуда, суҳбати самимӣ оростанд. Тибқи иттилои масъулин ҳоло дар ноҳияи Рӯшон қариб 240 ятим, аз ҷумла 7 нафар ятими кулл ва наздики 100 нафар шахсони маъюб ба қайд гирифта […]

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон бо лоиҳаҳои бунёди бинои панҷошёнаи истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ ва корхонаи «Сендвич Панел» шинос шуданд

12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон ба лоиҳаи ангоравии бинои панҷошёнаи истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ, ки дар маркази ноҳия сохта мешавад, шинос шуданд. Зимни муаррифии лоиҳа масъулон ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои мазкур аз панҷ ошёна иборат буда, дар масоҳати 0,22 гектар сохта […]

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Корхонаи ҶДММ «Неъматҳои Рӯшон» оғоз бахшиданд

12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Корхонаи ҶДММ “Неъматҳои Рӯшон” оғоз бахшиданд. ҶДММ “Неъматҳои Рӯшон” дар доираи дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат барои рушди истеҳсолоти ватанӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Ниёзбегим Абдулова таъсис ёфт. Корхона аз рӯи самти фаъолият дар ноҳия […]

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон майдони Нишони давлатиро ифтитоҳ намуданд

12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маркази ноҳияи Рўшон дар вазъияти тантанавӣ майдони Нишони давлатиро ифтитоҳ намуданд. Майдони Нишони давлатӣ дар маркази ноҳия дар масоҳати 600 метри мураббаъ дар асоси лоиҳаи ҷолиб, дар паҳлуи парчами давлатӣ ҳамчун нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба рамзҳои муқаддаси миллӣ бунёд шудааст. Баландии сутунпояи Нишони […]

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд

12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим, суҳбату мулоқот бо сокинон ва иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд. Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон […]

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши байналмилалӣ ба муносибати 300-солагии Махдумқулӣ Фироқӣ зери унвони «Робитаи замонҳо ва тамаддунҳо – асоси сулҳу тараққиёт» иштирок ва суханронӣ намуданд

11 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашхобод дар Ҳамоиши байналмилалӣ ба муносибати 300-солагии шоир ва мутафаккири туркман Махдумқулӣ Фироқӣ зери унвони “Робитаи замонҳо ва тамаддунҳо – асоси сулҳу тараққиёт” иштирок ва суханронӣ намуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба робитаҳои дӯстию бародарӣ бо мардуми туркман, ҳамкории […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Ашқободи Туркманистон шуданд

11 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Ашхободи Туркманистон шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Ашхобод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро  муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев ва дигар намояндагони воломақом самимона пазироӣ карданд. Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши байналмилалӣ ба муносибати 300-солагии шоир ва […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафар намуданд

11 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани боздиди корӣ ба Туркманистон сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Дар ин […]