Ба таври фосилавӣ ифтитоҳ ёфтани маркази хизматрасонии сайёҳӣ дар деҳаи Булёни Поён ва 50 километр роҳҳои мумфаршгардидаи ҳудуди ноҳияи Данғара

23 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба таври фосилавӣ Маркази хизматрасонии сайёҳӣ дар деҳаи Булёни Поён ва зиёда аз 50 километр роҳҳои мумфаршгардидаи ҳудуди ноҳияро мавриди истифода қарор доданд. Маркази хизматрасонии сайёҳӣ аз гӯшаи намоиши ҳунарҳои мардумӣ, меҳмонхона, ошхона бо 20 ҷойи нишаст ва 4 ҳуҷраи дигари ёрирасон […]
МУАРРИФИИ МЕҲРГОН ҲАМЧУН БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ

Имрӯз, дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсии пойтахт иди Меҳргон бо шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд. Дар баробари дигар вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллӣ гӯшаи сайёҳии Кумитаи рушди сайёҳӣ ташкил гардида, ин ҷашни қадимаи миллӣ ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ муаррифӣ гардид. Меҳргон – ҷашни ом, мисли идҳои таърихии Наврӯз, Сада, Тиргон ва ғайраҳо […]
БА ДИККАТИ ШИРКАТХОИ САЙЁХИ ВА ДИГАР СОХИБКОРОН!!!

АГАР ШУМО МАКСАД ВА НАКШАИ ТАШКИЛИ КЕМПИНГ, ГЛЕМПИНГ ВА Ё БА ХАМИН МОНАНД МАКОНИ ИСТИРОХАТИ САЙЁХОН ДАР МАВЗЕХОИ ТАБИАТИ ЗЕБОИ КИШВАРАМОН ДОШТА БОШЕД, ЭХТИРОМОНА ХОХИШ МЕНАМОЕМ БА ТАВРИ ФАВРИ БА КУМИТАИ РУШДИ САЙЁХИИ НАЗДИ ХУКУМАТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ТАМОС ГИРЕД! КУМИТАИ РУШДИ САЙЁХИ ОМОДААСТ БА ШУМО КУМАКИ ХАМАЧОНИБА РАСОНАД!
Иштироки роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ дар конфронси илмию амалӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ

Имрӯз дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ конфронси илмию амалӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ дар мавзуи “Масъалаҳои таъмини рушди устувори сайёҳӣ” бо иштироки васеи доираҳои сайёҳӣ доир шуд. Чорабинии мазкурро Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар якҷоягӣ бо Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ташкил намуд. Ҳамасола 27 сентябр дар […]
Бо иштироки муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ – Салимзода Зиёдулло ва муовини раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Дилбар Одилзода дар маросими супоридани ҷоизаҳои «DITE Awards 2025», сипосномаҳо ва гувоҳномаҳо ба иштирокдорони дуюмин Намоишгоҳи байналмилалии Душанбе (DITE-2025)
Имрӯз дар Маркази байналмилалии намоишгоҳии Душанбе (Dushanbe Expo) Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе (Dushanbe International Tourism Exhibition, DITE) — 2025 ифтитоҳ гардид

Намоишгоҳ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастгирии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шарикони рушд ташкил карда шуд. Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумахонзода ва иштирокчиёни Форуми байналмилалии сайёҳӣ низ аҳамияти баргузории чунин намоишгоҳи муҳташамро барои рушди соҳаи сайёҳӣ таъкид карданд. Намоишгоҳ имконияти сайёҳӣ […]
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРӢ ДАР СОҲАИ САЙЁҲӢ. Дар Душанбе имконияти нави сармоягузорӣ ба соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ Форуми байналмилалии сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ таҳти унвони «Тағйир додани иқтисодиёт тавассути сармоягузории стратегӣ дар соҳаи сайёҳӣ» доир гардид. Дар расми ифтитоҳи форум муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, […]
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе меҳмонхонаи 5 ситорадори “Кровн Плаза Душанбе”-ро мавриди истифода қарор доданд

16 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе меҳмонхонаи 5 ситорадори “Кровн Плаза Душанбе”-ро (Crowne Plaza Dushanbe) бо Маркази бузурги тиҷоратӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иттилоъ дода шуд, ки ин маркази бузурги бисёрфунксионалӣ аз […]
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои СҲИ иштирок намуданд

15 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа, пойтахти Давлати Қатар дар ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст, Роҳбари давлати мо аз ҳамлаи низомӣ ба Давлати Қатар, ки рӯзи 9 сентябр рух дод, изҳори таассуф намуда, ин амалкардро таҷовуз ба соҳибистиқлолӣ […]
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар

15 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боздиди корӣ ба Давлати Қатар сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии […]










