Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини якуми Сарвазир, вазири мудофиа ва вазири корҳои дохилии Давлати Кувайт Шайх Фаҳд Юсуф Сауд ас-Сабоҳ мулоқот намуданд

3 ноябр дар шаҳри Ал-Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини якуми Сарвазир, вазири мудофиа ва вазири корҳои дохилии Давлати Кувайт Шайх Фаҳд Юсуф Сауд ас-Сабоҳ мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди ду кишвар баррасӣ гардид. Ҷонибҳо аз сатҳи муносиботи сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, онро […]

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ Ал-Холид Ал-Ҳамад Ал-Муборак Ас-Сабоҳ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд. Барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ дар маҷмуъ 9 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Аз ҷумла 5 санади он дар ҳузури Сарони давлатҳо […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ Ал-Холид Ал-Ҳамад Ал-Муборак Ас-Сабоҳ мулоқот намуданд

3 ноябр дар шаҳри Ал-Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ Ал-Холид Ал-Ҳамад Ал-Муборак Ас-Сабоҳ мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ маҷмӯи масоили муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ шуд. “Мо ба рушди бештари робитаҳои густурда бо кишвари дӯсту бародар – Кувайт таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоем”, – изҳор доштанд Президенти […]

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Кувайт

3 ноябр дар Қасри Девони Амир мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Кувайт дар вохӯрии хосаи сарони давлатҳо оғоз шуда, бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт. Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст, барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ, иштирок дар Конфронси сатҳи баланд ва барои истиқболи бародаронаву меҳмонавозии самимӣ ба Амири Давлати […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди Давлати Кувайт шуданд

3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди Давлати Кувайт шуданд. Дар толори махсуси фурудгоҳи байналмилалии амирии пойтахти ин кишвар – шаҳри Ал-Кувайт Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ  ва Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ Ал-Холид Ал-Ҳамад Ал-Муборак Ас-Сабоҳ истиқбол гирифтанд. […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Давлати Кувайт рафтанд

3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани боздиди расмӣ ва иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд “Тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки сарҳадӣ – Марҳилаи Кувайтии Раванди Душанбе” ба Давлати Кувайт сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро […]

Вохӯрии Раиси Кумита бо Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи 1 ноябри соли 2024 мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Камолиддин Муминзод бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳарии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҷи Шумин баргузор гардид. Дар оғози мулоқот раиси Кумита оид ба зарфиятҳои сайёҳӣ аз ҷумла, сайёҳии кишоварзӣ, табобатӣ, таърихиву фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ ва имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии […]

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон Маркази таълимии воҳидҳои таъиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд

1 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон Маркази таълимии воҳидҳои таъиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуда, мавриди истифода қарор доданд. Зимни шиносоӣ бо ин маркази бисёрфунксионалӣ аён гардид, ки он дорои биною иншооти сершумори таълимию машқӣ, аз ҷумла машқҳои низомии тирандозӣ аз навъҳои гуногуни аслиҳа, […]

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

31 октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлиси Ҳукумати кишвар нахуст натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2024 ва вазифаҳо то охири соли 2024 баррасӣ шуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодиро […]