Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

20 январ дар Кумитаи рушди сайёҳӣ платформаи рақамии Tour.tj муаррифи гардид

Дар вохӯриӣ Раиси Кумита Ҷамшед Ҷумъахонзода, роҳбарияти ширкати Tour.tj дар Тоҷикистон, ва ҳамзамон кормандони дастгоҳи марказии Кумита иштирок доштанд. Зимни муаррифии платформаи Tour.tj масъалаи рақамикунонии соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла дар сомонаи иҷтимоӣ ва бар ин васила ҷалби бештари сайёҳон барраси гардид.

“Ду халқ, як фарҳанг: Наврӯз ва сайёҳии гастрономӣ” – Натиҷаи намоиши сайёҳӣ дар Душанбе

Январи 16 соли 2025 дар меҳмонхонаи “Сафо”-и шаҳри Душанбе чорабинии васеи сайёҳӣ роуд-шоу таҳти унвони “Ду халқ, як фарҳанг: Наврӯз ва сайёҳии гастрономӣ” баргузор шуд. Он дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон гузашт, ки рамзи таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва сайёҳӣ байни ду кишвар гардид. Дар кори намоишгоҳ намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии […]

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

17 январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои […]

Эрон нақша дорад, ки теъдоди сайёҳони тоҷикро афзоиш диҳад

Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Эрон имконоти Тоҷикистонро барои таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва фарҳангӣ бесобиқа унвон кард. Вазири мероси фарҳангии Эрон Ризо Солеҳӣ Амирӣ дар ҷараёни сафараш ба Душанбе аз тарҳи густариши равобити ду кишвар дар бахшҳои гардишгарӣ, тиҷорат ва фарҳанг хабар дод. Ризо Солеҳи Амирӣ дар шарҳи рӯзномаи «Исно» гуфтааст: «Тоҷикистон ба […]

Тоҷикистону Эрон санадҳои ҳамкории дуҷонибаро ба имзо расониданд

Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоти музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон бо иштирок ва дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён 23 санади  нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Зери Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон сарони ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва […]

Маросими истиқболи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён дар Қасри миллат

16 январ маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири нахустин сафари давлатии меҳмони воломақом идона ороста буд, баргузор гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиёнро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд. Маросими истиқбол […]

Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон

15 январ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтироми баланд меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиёнро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Саҳни фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба хотири пазироии арзандаи меҳмони олиқадр бо парчамҳои […]

Аввалин парвози ҳавопаймо дар масири Душанбе – Кӯлоб ва баръакс дар замони истиқлол анҷом ёфт

Ҳавопаймои “Тоҷик Эйр” имрӯз соати 10:20 дақиқа бо 17 мусофир аз шаҳри Душанбе парвоз кард ва соати 10:50 ба шаҳри Кӯлоб фуруд омад. Аз шаҳри Кӯлоб ҳавопаймо соати 13:30 парвоз карда, соати 14:00 ба шаҳри Душанбе фуруд омад. Парвоз аз Душанбе ба Кӯлоб 30 дақиқа давом кардааст. Парвозҳо бо ҳавопаймоии АН-28 анҷом хоҳанд шуд нархи […]

Хуҷанд беҳтарин шаҳри вилояти Суғд дар соли 2024 дониста шуд

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими қадршиносии ғолибони озмуни вилоятии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ дар соли 2024» баргузор гардид. Дар бахши «Шаҳри беҳтарин» шаҳри Хуҷанд сазовор ҷойи якум гардид. Дар бахши «Ноҳияи беҳтарин» ноҳияи Ашт соҳиби ҷойи аввал, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳиби ҷойи дуюм ва ноҳияи […]

Муколамаи намояндагони бахши хусусии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид

Имрӯз дар меҳмонхонаи “Ҳайят Реҷенси”-и шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишасти муштараки фаъолони иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони бахши давлатӣ ва хусусии ҳарду ҷониб иштирок намуданд. Дар оғоз Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Султон, […]