Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Доир ба татбиқи «Ҷадвали тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2025» ҷаласа баргузор шуд

Рӯзи 4 феврали соли 2025 дар бинои Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷиҳати иҷрои банди 13 амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025, ки аз 2 январи соли 2025, №713 тасдиқ гардидааст, бо иштироки Раиси Кумита Ҷумъахонзода Ҷамшед ва муовини […]

Ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт

3 феврали соли 2025 дар ҳошияи баргузории ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт мулоқоти ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Вазири тиҷорат ва саноати Кувейт Халифа Абдулло Доҳӣ Ал-Аҷил Ал-Аскар баргузор гардид Ҳайати расмии Тоҷикистон аз Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин (роҳбари […]

МУАРРИФИИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НАМОИШГОҲИ “PAKISTAN TRAVEL MART 2025”

Имкониятҳои сайёҳии кишвар дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии “Pakistan Travel Mart 2025”, ки аз 31 январ то 2 феврали соли 2025 дар шаҳри Қарочии Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор мегардад, муаррифӣ карда шуд. Дар чорабинии мазкур ҳайати кишвар бо роҳбарии Раиси Кумита Ҷумъахонзода Ҷамшед, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони агрегатори ширкатҳои сайёҳӣ ТУР ТҶ ва […]

Аз моҳи март «Сомон Эйр» парвозҳоро дар масири Душанбе-Теҳрон-Душанбе зиёд менамояд

Шуруъ аз 5 марти соли 2025 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро дар масири Душанбе — Теҳрон — Душанбе ҳафтае ду маротиба — рӯзҳои душанбе ва чоршанбе анҷом медиҳад. Ин иқдом марҳилаи нави рушди робитаҳои сайёҳӣ ва тиҷоратӣ байни ду давлат арёзбӣ мегардад. Зиёд намудани шумораи парвозҳо имкон медиҳад, ки сафарҳо дар ин масир дастрас ва […]

«Тоҷик Эйр» тасмим гирифтааст, ки парвозҳои дохилиро аз Душанбе ба самтҳои Ванҷ, Рашт ва Лахш роҳандозӣ намояд

Ширкати ҳавопаймои «Тоҷик Эйр» тасмим гирифтааст, ки соли 2025 ҷуғрофиёи парвозҳои маҳаллиро тақвият дода, дар масири Душанбе-Ванҷ-Душанбе, Душанбе-Рашт-Душанбе, Душанбе-Лахш-Душанбе парвозҳои ҳавоиро фаъол гардонад. Гуфта шуд, ки соли 2024 ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар масири Душанбе –Хоруғ –Душанбе, Душанбе –Кӯлоб –Душанбе ва Душанбе –Панҷакент –Душанбе парвозҳоро тавассути ҳавопаймои АН-28 (ЕУ-28736) амалӣ намуд. Танҳо давоми қариб чор […]

Соли 2025 Тоҷикистон нақша дорад, ки ба Бритониё, Маҷористон, Кипр, Кореяи Ҷанубӣ, Миср ва Арабистони Саудӣ парвозҳо роҳандозӣ кунад

Соли 2025 Тоҷикистон нақша дорад, ки ба Бритониё, Маҷористон, Кипр, Кореяи Ҷанубӣ, инчунин ба Миср ва Арабистони Саудӣ парвозҳо роҳандозӣ кунад. Илова бар ин, барои сафар кардан ба Бритониё тариқи парвози транзитии Душанбе-Тифлис-Лондон ба нақша гирифта шудааст. Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон мегӯяд, ки дар марҳилаи аввал парвозҳо ҳафтае як маротиба анҷом дода мешаванд.

Хатсайрҳои сайёҳии «САЙРИ САДА» 1 феврал ройгон ташкил мешаванд

1 феврал бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои меҳмонон ва сокинони пойтахт хатсайрҳои сайёҳии «Сайри Сада» ба таври ройгон ташкил карда мешаванд. Дар доираи хатсайри сайёҳии «Сайри Сада» роҳбаладон бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ таъмин гардида, доир ба имконоти сайёҳии шаҳри Душанбе ва моҳияти ҷашни Сада маълумоти мушаххас пешниҳод менамоянд. Вазорату […]

Тоҷикистон ва Умон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ густариш медиҳанд

26 январ дар шаҳри Масқат мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода бо вазири корҳои хориҷии Салтанати Уммон Бадр бин Ҳамад бин Ҳаммуд ал- Бусаидӣ баргузор гардид. Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳкими равобит байни Тоҷикистон ва Умон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, сайёҳӣ, […]

Суханронӣ дар ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон

Раиси муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷаноби Олӣ Масъуди Пизишкиён, бародари азиз, Хонумҳо ва ҷанобон, Ҳузури Шуморо дар Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон хайрамақдам мегӯям. Мусаллам аст, ки бахшҳои тиҷорату иқтисод дар таҳкими дӯстию шарикии мардумони кишварҳои мо нақши хеле муҳим доранд. Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар тақрибан то 50 дарсад дар соли […]

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

21 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарикунандаи Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи телевизион ва радио ва як қатор муассисаҳои зертобеи Кумитаи телевизион ва радио, агентиҳои хизмати давлатӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, хадамоти иҷро, Донишгоҳи давлатии тиббӣ, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, Донишкадаи давлатии санъати […]