Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани корхонаи парандапарварии ҶДММ «Назар» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Назар»-ро ба истифода доданд. Корхонаи мазкур бо ташаббуси бонуи соҳибкор Каромат Назарова бо харҷи бештар аз 11 миллион сомонӣ сохта шуда, дар он 50 нафар бо кор ва маоши муносиб таъмин […]

Боздид аз варзишгоҳ бо 7 ҳазор ҷойи нишаст баъд аз таъмиру навсозӣ ва ташкили мактаби футбол дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корҳои бунёдӣ дар ин иншооти варзишӣ моҳи марти соли 2023 оғоз гардида, дар майдони 7 гектар дар муҳлати […]

Ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли дучарха ва намудҳои дигари бозичаҳои кӯдаконаи ҶДММ «Адл» дар Истаравшан

17 ноябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан марҳилаи дуюми коргоҳи истеҳсоли дучарха ва бозичаҳои гуногуни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Адл» ба истифода супорида шуд.  Коргоҳи мазкур бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва татбиқи ҳадафи чоруми […]

Ба истифода додани корхонаи антифризи ҶДММ “Кули Сарез”-и шаҳри Истаравшан

17 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли антифризи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Кули Сарез”-ро мавриди истифода қарор доданд. Корхонаи мазкур дар заминаи ноил шудан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бо истифода аз имтиёзу имкониятҳои муҳайёнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби […]

ТАБРИКОТИ РАИСИ КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КАМОЛИДДИН МУМИНЗОД БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамватанони иззатманд ва ҳамкасбони гиромӣ, Бо камоли ифтихор якояки Шуморо, ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрик менамоям. Кишвари азизи мо ҳануз 29 сол муқаддам бо дуои миллати куҳанбунёди тоҷик зери роҳбарии шахси некусиришт ва бунёдгузоре чун Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, бо кирдору […]

Вохӯрӣ бо намояндагони бахши сайёҳии Ҷумҳурии Исломии Эрон

Рӯзи 15 ноябри соли 2024 дар бинои Кумита вохӯрии Сардори Раёсати хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳии Кумитаи рушди сайёҳӣ Зафарзода Комрон бо намояндагони соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки бо роҳбарии Беҳдод Қанбарнажод ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд, баргузор гардид. Дар оғоз сардори раёсати хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳии Кумита оид ба зарфиятҳои сайёҳии кишвар, хусусан сайёҳии […]

РОҒУН-ШАҲРИ ПИСАНДИДАИ МЕҲМОНОН. Дар нуҳ моҳ беш аз 7 ҳазор сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ ба тамошои он омаданд

Дар нуҳ моҳи соли равон мавзеъҳои ҷолиби шаҳри Роғунро беш аз 7 ҳазор сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ тамошо кардаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2801 сайёҳ зиёд аст. Аз ин шумора 1066 нафарро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд. Таваҷҷуҳи сайёҳон ва меҳмонони дохилию хориҷиро, пеш аз ҳама, иншооти азими аср – Неругоҳи барқи […]

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

13 окятбри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сиву як қонун имзо гузоштанд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои маданӣ, мурофиавии иқтисодӣ, ҳуқуқвайронкуии маъмурӣ, ба қонунҳо «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он», «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи сайёҳӣ», «Дар бораи кумакҳои унвонии […]

Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд оид ба амалишавии қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар бораи эълон шудани cоли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”

12 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар чорабинии сатҳи баланд оид ба амалишавии қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълони cоли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, аз ҷониби Тоҷикистон роҳандозӣ ва мизбонӣ мешавад, иштирок ва суханронӣ намуданд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон […]

Боздид аз Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боку дар ҳошияи иҷлосияи умумии Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим аз Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд. Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронс бо мақсади муаррифии ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, […]