Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фаъолияти Кумитаи рушди сайёҳӣ дар соли 2025 натиҷагирӣ карда шуд

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷаласаи Ҳайати мушовара оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар соли 2025 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Кумита, роҳбарону намояндагони воҳидҳои сохтории Кумита дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа […]

ТАБРИКОТИ РАИСИ КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ ҶАМШЕД ҶУМЪАХОНЗОДА БА МУНОСИБАТИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2026

Ҳамватанони азиз ва ҳамкасбони гиромӣ, Дар ин рӯзҳои фараҳбахш Шуморо ба муносибати Соли нави мелодии 2026 табрик ва муборакбод менамоям. Дар воқеъ, соли 2025 барои мардуми кишвари азизу маҳбубамон ҳамчун соли хотирмон ва пур аз муваффақияту комёбиҳо буд. Маҳз дар партави сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон […]

Маросими ҷоизасупории Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ

Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар самти сайёҳӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ширкатҳои сайёҳӣ, коршиносони соҳа, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва устодону донишҷӯёни риштаи сайёҳии макотиби таҳсилоти […]

Вохурии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода ва Нуртас Карипбаев — Раиси Кумитаи саноат ва сайёҳии Вазорати туризм ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Tourism on the Silk Road» дар шаҳри Тошканд баргузор гардид

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо имкониятҳои нави ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла муаррифии маҳсулоти сайёҳии ҳар ду кишвар дар бозорҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд. Ҳамчунин, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба нақшаҳои оянда барои ташкили чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ ва таблиғи имкониятҳои сайёҳии минтақа таваҷҷӯҳ намуданд, ки ин ба ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва рушди устувори соҳаи сайёҳӣ дар ҳар ду кишвар […]

Вохӯрии корӣ миёни раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода ва раиси Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Узбекистон оид ба рушди сайёҳӣ Умед Шадиев баргузор шуд

Дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Tourism on the Silk Road», ки дар шаҳри Тошканд ҷараён дорад, вохӯрии корӣ миёни раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода ва раиси Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Узбекистон оид ба рушди сайёҳӣ Умед Шадиев баргузор шуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ, таҳияи маҳсулоти […]

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми сайёҳии Созмони Ҳамкории Исломӣ иштирок ва суханронӣ намуд

27 ноябри соли 2025 дар шаҳри Тошканд Форуми сайёҳии Созмони Ҳамкории Исломӣ (ОҲИ) дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Tourism on the Silk Road» баргузор гардид. Дар кори форум роҳбарони сохторҳои давлатӣ, коршиносон ва намояндагони бахши хусусӣ аз кишварҳои узви ОҲИ иштирок намуданд. Дар баромади худ раиси Кумитаи сайёҳӣ имкониятҳои ҳамкории кишварҳои узви СҲИ ва аҳамияти […]

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 26-уми Маҷмаи умумии UN Tourism

7-11 ноябри соли 2025 дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ иҷлосияи 26-уми Маҷмаи умумии Созмони ҷаҳонии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид (UN Tourism) таҳти унвони “Гардишгарӣ бар асоси зеҳни сунъӣ – бозтаърифи оянда” баргузор гардид. Дар кори ҳамоиши мазкур раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумахонзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд

Сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ – 1 ҷой, Талаботи тахассусӣ барои довталабон: -таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; -4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; -донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои […]

“WORLD TRAVEL MARKET – 2025” ВА ИШТИРОКИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОН

Дар партави сиёсати созанда ва «дарҳои боз» – и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ гӯшаи сайёҳии Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии “World Travel Market – 2025”, ки аз 4 то 6 ноябри соли […]