Дар идомаи сафари расмӣ ба шаҳри Хиваи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ – Муминзод Камолиддин бо котиби генералии Созмони ҳамкории иқтисодӣ – ҷаноби Хусрав Нозирӣ доир гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории исломиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳо ҷиҳати баргузор намудани чорабиниҳои СҲИ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон намудани яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон ҳамчун пойтахти сайёҳии СҲИ дар солҳои минбаъда мубодилаи афкор намуданд.