8 феврали соли 1931 маросими ботантанаи ифтитоҳи пойтахти нави Ҳиндустон – Ню-Деҳлӣ баргузор гардид.
***
8 феврали соли 2013 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Русия созишнома ба имзо расид.
***
8 феврали соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими бошукуҳи ифтитоҳи Бозиҳои 22-юми зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия иштирок намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Нақшаи генералии шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ тасдиқ шуд.
***
8 феврали соли 2021 дар Душанбе ба муносибати 580-солагии Мир Алишери Навоӣ маросими навоихонӣ баргузор гардид.
***
8 феврали соли 2022 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Фармондеҳи навтаъйини Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Евгений Геннадевич Ковилинро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфтанд.
***
8 феврали соли 2023 Бонки миллии Тоҷикистон ва Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкории иқтисодӣ самтҳои афзалиятнокро баррасӣ намуданд.
8 ФЕВРАЛ:
Рӯзи илм дар Федератсияи Русия.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Акобир Шарифӣ- соли 1928 -адиби бачагона. Аз соли 1962 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Сарчашма: АМИТ “Ховар” https://khovar.tj/2024/02/ta-vimi-amit-hovar-imr-z-8-fevral-pan-shanbe-39-umin-r-zi-soli-2024-ast/