Дар ин рӯзи соли 2005 дар наздикии шаҳри Кобули Афғонистон ҳавопаймои «Boeing 737» ба садама дучор шуда, 104 нафар ба ҳалокат расид.
***
3 феврали соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар саммити ғайринавбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Созмони иқтисодии АвруОсиё ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Душанбе механизми маблағгузории мутобиқшавӣ ба тайғирёбии иқлим дар Тоҷикистон расман ба истифода дода шуд.
***
Соли 2016 ширкати Google дар интернет барои мубориза бо тарғиби терроризм ва экстремизм лоиҳаи санҷишӣ доир намуд.
***
3 феврали соли 2017 масоили рушд ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанба байниТоҷикистон ва Непал баррасӣ шуд.
***
Соли 2021 дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо ҳисоби 5:1 бар дастаи Молдова ғалаба намуд.
3 ЯНВАР:
Рӯзи байналмилалии мубориза бо забони ғайримеъёрӣ
Сарчашма: АМИТ “ХОВАР”