Имрӯз 16 ноябри соли 2023 дар толори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш Маликшо Неъмантоза Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, намояндаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва кормандони дастгоҳи марказии Кумита иштирок намуданд.
Нахуст чорабиниро Раиси Кумита Муминзод Камолиддин ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ин рӯзи фархунда табрику муборакбод гуфта, иброз дошт, ки маҳз бо заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати тоҷикон баъди беш аз ҳазор сол пойдор ва якпорчагии он таъмин гашта, барқарории сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон муяссар гардид.
Дастовардҳои Тоҷикистон дар самти соҳаи сайёҳӣ идомаи натиҷаҳои сиёсати оқилонаи Президенти мамлакат дар муаррифии мардум ва сарзамини тоҷикон дар арсаи ҷаҳонист.
Дар пайравӣ бо ташаббусҳои Пешвои миллат оид ба рушди сайёҳии кишвар, мавқеи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол дар раддабандиҳои ҷаҳони мақому ҷойгоҳи хоссаро касб намуда, маҳз дар натиҷаи хизматҳои шоёни Ҷаноби олӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи назарсанҷиҳои Пажуҳишгоҳи амрикоии «Gallup» аз лиҳози амнияту субот ва эътимоду боварии шаҳрвандон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар байни 142 давлати ҷаҳон мақоми аввалро қасб намуд, ки ин барои ҷалби бештари сайёҳон мусоидат хоҳад кард.
Ҳамзамон, Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъмантоза иброз намуд, ки кишвари азизи мо ҳануз 29 сол муқаддам бо дуои миллати куҳанбунёди тоҷик зери роҳбарии шахси некусиришт ва бунёдгузоре чун Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, бо кирдору амалҳои неки ин шахси худодод мардуми парешон муттаҳид, кишвари ноором орому осоишта ва ҷанги хонумонсуз хотима ёфт.
Дар тули фаъолияти пурсамарашон дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвари азизамон таъғиротҳои куллӣ ба амал омада, дар раванди тағйироти нави бунёдкориву созандагӣ, аз ҷумла, бунёди неругоҳҳои барқӣ, кушодану васли роҳу нақбҳо, бедору ғани гардонидани ифтихори миллӣ, вусъат бахшидан ба вазъи таълиму тарбия, тандурустӣ ва сайёҳӣ хизматҳои ҷаҳонгири Пешвои миллат ҷойгоҳи махсус доранд.
Аз ҷониби иштирокчиён қайд карда шуд, ки Президенти кишвар бо пешниҳоду ташаббусҳои байналмилалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мақоми хосса дошта, ин маҳбубият на танҳо боиси боварию эътимоди мардуми Тоҷикистон, балки ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон аст.
Дар анҷоми кори ҳамоиш байни иштирокчиён ва меҳмонон вобаста ба иҷлосияи тақдирсоз ва нақши Президенти кишвар дар рушду нумуи соҳаи сайёҳӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.