Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
13:50, October 18, 2024
temperature icon 26°C
Humidity 21 %
Pressure 1015 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph

Вохурии раиси кумитаи рушди сайёҳӣ бо роҳбари намояндагии корпоратсияи байналмилалии молиявӣ IFC дар Тоҷикистон

19 сентябри соли 2023 дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии Раиси Кумита Камолиддин Муминзод бо роҳбари намояндагии Корпоратсияи байналмилалии моливӣ (IFC) ҷаноби Фарух Султонов, менеҷери Лоиҳаи баланд бардоштани рақобатпазирии бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди маблағгузории маҳсулот дар асоси дороиҳои манқул муҳтарам Мадина Нурматова ва Коршиноси байналмилалӣ оид ба корҳои соҳавӣ ҷаноби Саймон Белл сурат гирифт.

Нахуст Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ меҳмононро барои ташриф овардан хайрамақдам намуда, ба эшон рӯзи хуш таманно намуданд.

Мавзуи асосии вохурии мазкур ин муайян намудани самтҳои афзалиятноки соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла намудҳои сайёҳии афзалиятнок, инфрасохтори аввалиндараҷа муҳим барои сайёҳон, фароҳам овардани шарту шароити мусоид дар минтақаҳои сайёҳии дурдасти кишвар ва дигар мавзуъҳои афзалиятноки соҳаи сайёҳӣ ба шумор меравад.

Дар рафти суханронӣ раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ қайд намуд, ки соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои ниҳоят муҳим барои рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, яке аз омилҳои асосӣ барои рушди сайёҳӣ ин ҷалби сармояи хориҷӣ дарёфти сармоягузорон ва ба ин васила рушд додани инфтрасохтор, аз ҷумла меҳмонхонаҳои гуногундараҷа, тарабхонаҳо, марказҳои иттилоотиву хизматрасонии сайёҳӣ ва субъектони хизматрасонӣ ба шумор меравад.

Мавсуф зимни мулоқот ҳамзамон, оид ба имтиёзҳои андозиву гумрукии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи сайёҳӣ пешниҳод гардиданд ва барои ҷалби сармоягузорон заминагузор мебошад гуфта гузаштанд.

Намояндагон Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) дар Тоҷикистон оид ба иқтидорҳои соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имкониятҳои сармоягузории соҳаи сайёҳӣ ибрози андешаронӣ намуданд.

Қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад имкониятҳои сайёҳии кӯҳнавардӣ, рафтинг, экологӣ ва солимгардониро ҳамчун сарчашмоҳои асосӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва дарёфти сармоягузорон истифода намояд.

Ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ ҷалби сармоя барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва пешниҳоди лоиҳаҳои сайёҳӣ омодагии хешро иброз намуданд.

Вохурии мазкур дар фазои дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

IFC – International Finance Corporation
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.87
US TJS/USD10.66
EU TJS/EUR11.58
RU TJS/RUB0.11
18 Oct · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 18 Oct 2024 03:55 UTC
Latest change: 18 Oct 2024 03:55 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
13:50, October 18, 2024
temperature icon 26°C
Humidity 21 %
Pressure 1015 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph