Дирӯз, 3 март дар шаҳри Берлини Олмон Намоишгоҳи байналмилалии ITB Berlin 2026 ифтитоҳ гардид, ки то 5 март идома меёбад. Дар ин намоишгоҳи сатҳи ҷаҳонӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи рушди сайёҳӣ гӯшаи сайёҳии Тоҷикистонро бо тарҳу усули миллӣ ва муосир ба маърази тамошои дӯстдорони сайру саёҳат гузошт.
Имсол дар намоишгоҳи ITB Berlin ширкатҳои сайёҳии ватанӣ бартарияти рақобатнокии Тоҷикистонро дар самтҳои сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, варзишию кӯҳнавардӣ, шикор, фарҳанги нодир ва тамаддуни қадимии миллати тоҷик ҳамчун маҳсулоти миллии сайёҳӣ муаррифӣ доранд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки муаррифии имконияти сайёҳии мамлакат дар хориҷи ҷумҳурӣ тавассути воситаҳои ахбори омма ва иштирок дар намоишгоҳҳову дигар чорабиниҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла «ITB Берлин» мавқеи Тоҷикистонро дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ пурқувват гардонида, ба ин васила теъдоди сайёҳони хориҷӣ ба давлати мо афзоиш меёбад.







